Бахшҳо

Аз фишори Русия болои муҳоҷирон чӣ тавр халос шавем?

Нуралӣ Давлат, таърихшинос

Роҳи халосӣ бозпас овардани муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани онҳо мебошад, ё ҳадди ақал ба таври назаррас коҳиш додани теъдоди онҳо дар Русия ва ба кишварҳои дигар бурдани як теъдоде аз муҳоҷирон. Дар Русия тоҷикбадинӣ ба ҳадди ифрот расидааст, афкори ҷомеаи русро ВАО-и он кишвар дар самти тоҷикбадбинӣ ташаккул додааст, бинобар ин, ҳамватанони мо бояд ҳарчи зудтар бо Русия падруд бигӯянд.

Меҳмоншо Шарифзода, файласуф

Барои аз ин фишорҳо шаҳрвандони кишварро наҷот додан мебояд сатҳи зиндагии мардумро дар Тоҷикистон ба дараҷае бардошт, ки мардум дигар маҷбур набошанд барои сафар кардан ба мамлакатҳои дигар хусусан ба Русия, ки дар муқоиса бо мамлакатҳои Ғарб ва Амрикои Шимолӣ сиёсати ваҳшиёна пеш бурда истодааст. Мутассифона, дар Тоҷикистон мақомоти ба фасод ва маризиҳои дигар гирифтор натавониста истодааст ҳалли ин мушкилотро ёбад ва муносибати Тоҷикистонро бо Русия аз ин зинаи шармандаовар ба як зинаи муносибатҳои баробар бароварад. Имрӯз мардуми мо ба хусус онҳое ки худро зиёӣ меҳисобанд нисбат ба ин таъқиб, кушторҳо ва нигаҳдории Тоҷикон дар лагерҳо, ки решааш дар воқеияти мост бетарафӣ нишон дода истода, хиёнат ба мардуми худ карда истодаанд. Фикр мекунам, механизми асосии ҳалли ин масъала дар худи Душанбест ва ҳама медонанд, ки ки ба ин даст дорад ва чӣ бояд кард, вале ин ҷо хомуширо пеша кардаанд ва қисмати зиёди Тоҷикон ғуломиро дар Русия баргузидаанд. Муҳоҷири тоҷик гирифтори ноодамиятии (dehumanization) сиёсӣ гаштааст...

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Ҳалли ин масъала дар гуфтушунид бо мақомоти Русия аст. Владимир Путин ҳозир ба ин масъала таъсир карда метавонад. Ба ҳар ҳол инро метавон фаҳмид, ки мавқеъи муайян вуҷуд дорад ва ин мавқеъ ба манофеи Тоҷикистон муайян шудааст. Яъне, як ҳадде ҳаст, ки аз он гузаронидан мумкин нест. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва вазорати хориҷаи кишвар бояд ҳарчи бештар ба муҳоҷиронамон дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия кўмак расонанд. Дар ин ҷо худи ҳукумати Тоҷикистон бояд мавқеъи худро мустаҳкам кунад. Чун вақте дар як ќисмати ФР ҳамин гуна ҳодиса бо муҳоҷирони хитоӣ рух дод, ҳукумати Хитой рӯзи баъд эълом кард, ки сафари нахуствазири худро ба Маскав қатъ мекунад. Ва албатта ин ба мавқеъи Русия таъсир гузошт. Тоҷикистон ҳам бояд овози худро баланд намояд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират

Бо назардошти тағйири сиёсати низоми кунунӣ дар самти муҳоҷират, раҳбарияти хадамоти муҳоҷират талош меварзад то низоми якқутбии муҳоҷиратро ба низоми чандқутбии он табдил диҳад. Дар ин замина дар соли 2010-2012 як қатор созишномаҳоро бо қисме аз кишварҳо минҷумла Қатар, Куриёи ҷанубӣ, Украина ва Беларус ба имзо расонидем. Мо талош меварзем, то дар ҷустуҷуи бозорҳои иловагии кишварҳои аврупоӣ бошем. Мутаасифона, муҳоҷирони мо ба талаботи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ҷавобгӯ нестанд чун забону касбҳои лозимиро намедонанд.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия

Беҳтарин роҳи аз ғуломӣ халос шудан, ки фишори бегонагонаш ном мебарем, дар Ватан ҷойҳои корӣ муҳайё кардан аст! Афсӯс, ки дар марҳилаи имрӯза фақат баҳонаҷуйӣ мебинему халос. Дигар ин, ки Русия аз як сӯ тарси рӯ ба рӯ шудани мушкилоти иқтисодӣ дорад ва аз сўи дигар, дар ҳақиқат шумораи муҳоҷирони ҒАЙРИҚОНУНӢ зиёд шудааст.

Ин ҷо бояд қайд кунам, ки гунаҳкори асосии чунин вазъ муҳоҷирон нестанд! Ҳоло чунин шудааст, ки муҳоҷирон ҳам аз дасти масъулону кормандони алоҳидаи сохторҳои қудратии қонуншикан ва ҳамватанони ҷинояткори худ истисмор мешаванд ва ҳам аз тарафи қонунҳои хом мавриди муҷозот қарор мегиранд. Аз ин ҷост, ки ҳукумати Русия тасмими ҷиддӣ дорад то раванди будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар кишвараш то ҳадди имкон зери назорати ҷиддӣ бигирад!

Баъзеҳо мегӯянд, ки сару садои имрӯза ба интихоботи шаҳрдории Маскав вобаста аст, ки банда бо ин розӣ шуда наметавонам. Аз аввали сол ба таври ҷиддӣ ҳушдор медодем, ки вазъ сангин мешавад! Ин ки муҳоҷиронро "дар хаймаҳо нигоҳ медоранду аз марз депорт мекунанд" то ҷойе дуруст аст. Вале, агар қонуншиканӣ шавад, одамонро паси панҷараву дар зиндон нигаҳ медоранд. Албатта, банда дар вохуриҳову дар ВАО-и Русия даъво дорем, ки ин кори ҳукуматдорону пулис зарбае ба имиҷи Русия асту қонуншикании ошкоро мебошад. То ҷойе, ки дар рӯзномаи расмии ҳукумати Маскав "Вечерняя Москва" гуфтам, ки агар муҳоҷирини берунаро ба муҳоҷирони дохилӣ (минтақаҳои дигари Русия) иваз мекунед, вазъро хуб карда наметавонед! Зеро қонунҳо хоманду фасодзадагӣ зиёд аст! Вале, агар аз рӯи инсофу қонун гап занем, баъзе муҳоҷирону "бригадирҳо"-яшон, ки худи ҳамватанонашон ҳастанд, ҷинояткории зиёд мекунанд, ки дар натиҷа ҳама азият мекашанд! Ба хусус, муҳоҷирон аз баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя хеле рафтори беадабона мекунанд, ки ғазаби мардуми бумиро зиёд мекунад.

Аз санг партофтан ба тарафи Русия, беҳтар он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон намояндагони муфтхури худро дар Русия зери контроли ҷиддӣ қарор диҳад, то вазифаҳои қонунии худро иҷро намоянду аз ҳамватанон сари вақт пуштибонӣ кунанд, барномаҳои махсусе оиди тайёр кардани муҳоҷирон амалӣ шаванд. Афсўс, ки гуфтаҳои бандаро нодида мегиранд, вагарна чандин бор пешниҳод карда будам, ки аз ҳамин муфтхурони зиёде, ки аз буҷаи Тоҷикистон маблағҳои ҳангуфтро беҳуда сарф мекунанд, беҳтараш 4 ё 5 ҳуқуқшиноси хубро киро кунанду маркази ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон ташкил кунанд. Дар ин сурат, ҳар қонуншикание, ки нисбати муҳоҷирон мешуд, пуштибонии ҳуқуқӣ меёфт.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия

Муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон ба Русия дар доираи равандҳои ҷаҳонӣ ба вуқӯъ мепайванданд ва ин як чизи мусаллам аст. Масалан, кишвари мо аз ҳисоби шумори муҳоҷиронаш дар қаламрави Русия дар сутуни чаҳорум қарор дорад. Албатта, масъалаи муҳоҷирони Узбакистон, Тоҷикистон, Қиргизистон ва ҳатто чанд кишварҳои дигари хориҷӣ барои Русия дар вақту ҳолати зарурӣ як воситаи хуби фишанги сиёсӣ шуда метавонанд. Ин ба касе пўшида нест. Аммо, аз тарафи дигар Русия низ ҳақ дорад ҳамчун як кишваре, ки худашро эҳтиром мекунад, барои ба низом овардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави худаш чораҳо бубинад. Ҳол он ки шумори умумии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, ки ба тариқи расмӣ вориди Русия мешаванд њудудан аз 10 миллион мегузарад. Масъала дигар чиз аст: моро лозим аст, ки раванди муҳоҷирати шаҳрвандонамонро ба тавре ба Русия роҳандозӣ намоем, ки аз он ҳам Русия ҳамчун кишвари ниёзманд қонеъ бигардад ва ҳам Тоҷикистон манфиати бештареро ба даст биёрад. Кишварҳое чун Туркия ва ё Филиппин таҷрибаи хуб нишон доданд, ки чї тавр бо гузашти начандон фурсати тӯлонӣ раванди муҳоҷирати корӣ ба кишвар аҳамияти муҳим ба бор хоҳад овард. Туркҳо дар Аврупо ва филипиниҳо дар кишварҳои Ховари Миёнаву аврупои шарқӣ ҳузури чашмгир доранд ва аллакай ба ҳадде расидаанд, ки ҳамчун маблағузор дар пешрафти ватани таърихияшон саҳм бигиранд.

Роҳи ягонаи "халосӣ аз фишорҳои Русия" ин ба дасти танҳо мо ё кишварҳои дигари гирифтори мушкили муҳоҷират нест. Ин масъала фарохтар аз он аст, мо мепиндорем. Ин масъалаҳо танҳо дар он сурат ҳал мешаванд, ки ҳамоише дар фарози заминаи мавҷудаи сиёсиву ҳарбӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои АвруОсиё фароҳам ояд. Як мисоли оддӣ, шаҳрвандони Қазоқистон феълан дар Русия метавонанд дар сатҳу мартабаи баробар бо шаҳрвандони ин кишвар фаъолияти меҳнатӣ намоянд. Ин назари шахсии банда аст, ки маҳз якҷояшавии кишварҳои минтақа ба ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳи фарохтареро боз хоҳад кард.

Ёқуби Саид, рӯзноманигор

Барои аз фишорҳои Русия халос шудан бояд "асоямонро ба рӯшноӣ мезадем". Дар дохили Тоҷикистон шароити кор ва маошёбӣ барои шаҳрвандонамон муҳайё мекардем. Тақрибан тайи ҳамаи солҳои истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон бар ивази ин ки дар дохил корхона бисозаду мардумро бо кору маош таъмин кунад, дар хориҷ барои шаҳрвандонаш ҷойи кор меҷуст. Чаро милаи парчами баландтарин, китобхонаи бузургтарин, чойхонаи калонтарин сохта тавонистему корхона на? Биноан, бар ивази ин калонтарину бузургтарину баландтаринҳо корхонаҳои пастак, шароити мусоидтар фароҳам меовардем. Ин моҷарое, ки дар Русия нисбати шаҳрвандони мо ҷараён дорад, аз қабл пешгӯишаванда буд. Борҳо соҳибназарон гуфта буданд, ки бо наздик шудани замони интихобот чунин амалҳо сурат хоҳад гирифт. Як бор ҳамин матбуоти мустақилро вараќ бизанед, аз 1 ё 1,5 соли қабл ин мавзӯъ ҳамеша рӯи саҳфаи матубот гардон буд.

Ҳоло, ки Ҳукумати Тоҷикистон хомӯш асту танҳо Ҳукумат метавонад даст ба кор шаваду ин масъаларо ҳал кунад, пас чора ин аст, ки мунтазири ҳиммати давлатмардони Русия биншинем, хашмашон фурў шинад. Маълум мешавад, ки "ҳамаи масъалаҳо ҳал" нашуда будаст. Тавре сафири Тоҷикистон ҷаноби Достиев бар хотимаи сафари кории Президенти Тоҷикистон ба Русия гуфта буд.

Мӯҳр
Банда як хафта мешавад,ки дар Маскав сафари хизмати дорам. Ин чо мухочирони точик нисбат ба солхои гузашта хеле зиёд ба назар мерасанд. Кисми асосии онхо дар корхои вазнин ,ифлос вале каммаош фаъолият доранд . Сокинони тахчои ба онхо бо як назари тахкиромез муносибат менамоянд. Рузи 17 август шохиди ходисае шуда хеле гамгин гаштам ва назди ноутбук нишастам .
Дар истгохи рохи охани яке аз шахрхои вил. Маскав меистодам .Се чор нафар мухочирони точик рохи оханро аз хар гуна партовхо тоза менамуданд. Дар болои рохрави (платформа) рохи охан мусофирони зиёде интизори омадани поезд буданд. Дар ин хангом ду чавони рус сигорхои худро то охир накашида онро ба сари точикбачахо хаво доданд. Якто сигор ба сари точикбача рафта расида муяшро сузонд. Бечора аз дард сарашро каме молиду корашро давом дод. Русбачахо бошанд аз кардаашон завк карда хеле хандиданд . Шахсони ин ходисаро дида (шахсони солхуда низ хеле зиёд буданд ) ба ин номардони рус чизе хам нагуфтанд . Ин манзара порчаи филмхои советиро пеши назарам овард , ки дар он чи тавр фашистони немис бо одамони совети дар лагерхо муносибат намуданашонро, намоиш медоданд.
Ин гуна муносибат нисбат ба точикон дар солхои 80-уми асри гузашта (он вакт ман дар Донишгохи Маскав тахсил доштам) як афсонае буд.
Холо сокинони Маскав аз шахрванди Русия буданашон хеле фахр менамоянд. Ман боварии комил дорам ,ки ин "Фахр"-ро мо ба онхо додаем.
Барои он ки он корхое ки аксари точикон дар Русия ба ухда доранд , ягон шахрванди Русия ичро кардан намехохад. Ачоибаш ин аст, ки онхо ба мухочирони мо бо назари каме гарм муносибат наменамоянд ва худро як табакаи болои ("высшая каста" ) хисоб менамоянд .Холо он ки махз мухочирони мехнатии мо онхоро аз ин корхои "непристижый " озод намуданд.
Яке аз номзадхо ба шахрдории Маскав (аз Партияи Коммунисти ) Митрохин дар ваъдаи пешазинтихоботии худ "Я верну Москву москвичам" (Маскавро ба москвагихо бармегардонам) гуфтааст, ки онро дар хар гушаю канори шахр бо расми калонаш вохурдан мумкин аст.
Ман фикр дорам. ки ин равандхо сол аз сол равнак меёбанд ва мо имруз бояд роххои алтернативии халоси аз мухочирати мехнатиро пиёда созем , вагарна зери партову хокистари сигори русхо монданамон мумкин

мухочир
ман имруз бо як муйсафеи рус сухбат доштам у бо ман гуфт ки шумо мухочирон вучуд дореду зиндаги надоред маро ин сухан сахт норохат кард насиб бошаду ба ватан баргардам дехкони меунаму дигар ба русия намеоям

аз фишор хамон вакт озод мешавем ки эдик ба истеъфо равад

Бузак бузак намур, ки зимистон мешавад, интихобот гардон мешавад, алаф дар кохдон мешавад, бозор фаровон мешавад, олам гулистон мешавад.Поён рафтем дуг дуд, боло рафтем дуг буд киссаи мо дуруг буд...

Албатта рхи ягонаи халоси аз фишорхои Русия таъмин намудани чойхои кори ва баргардонидани мухочирон ба Ватан аст. Вале ин рох барои хукумати имруза гайримумкин ва гайриимкони аст. Лекин барои фишор наовардани Русия хукумати имруза роххои дигар хам дорад ва агар метавонист аз он хуб истифода мекард. Масалан сухан боз хам меравад сари двзияи 201 Русия. Двизияи мазкур калонтараин нуруи харбии Руссия дар хорича аст. агар ман президент мебудам бар ивази чой намудани ин неруи харби аз Русия танхо як чиз талаб мекардам. Ин хам бошад сафари бемониа ва кори шахрвандони Точикистон дар Русия.
Бовари дорам Россия чуз рози шудан чораи дигаре надошт. Вале сад афсус, ки Хукумати мо дар хизмати халк нест ва танхо ин халки бадбахт аст, ки хама азобу укубатро пушти сар карда ба ин хукумат хизмат карда истодааст.
Алхол ки гуфта метавонад, ки бар ивази си сол чой намудани артиши Русия мо аз Русия чи гирифтем? Хатто дар рузи сафари Президент ва вохурии у бо Путин садхо мухочирони мо боздошт а бадарга шуданд. Ин аз чи гувохи медихад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)