Бахшҳо
19 авг 2013 10:54Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Бидуни таҳрир: Суолу ҷавоби вазири нақлиёт бо хонандагони "Озодагон"

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба суолҳои хонандагони сомонаи «Озодагон» посух дод, ки бетаҳрир пешкаш мегардад:

Аввал аз ҳама меҳоҳам аз онҳое, ки ба банда суол додаанд, арзи сипос намоям. Аз ин бармеояд, ки мардум ҳеҷ гоҳ аз масоили роҳу нақлиёт дурӣ наҷустаанд ва камбудиҳои ҷойдоштаи ин соҳаҳоро бозгӯ мекунанду ислоҳашонро тақозо. Вазорати нақлиёти кишвар пайваста бо васоити ахбори умум дар иртибот аст ва дар мавзӯҳои умдаи марбути вазорат сӯҳбатҳо баргузор менамояд. Чунонки ба ҷуз аз мусоҳибаҳои алоҳида, ҳамчунин ҳамасола тариқи ягон сомонаи интернетӣ бо хоҳишмандон гуфтугӯи рӯёрӯ баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки мӯҳтавои аксари суолот қариб якгуна аст ва ба ҳамаи онҳо дар нишастҳои хабарӣ, аз ҷумла, дар нишасти имсола низ посух дода шуда буд. Вале чун доираи сомонаи интернетӣ васеъ аст ва на ҳама дар нишастҳои матбуотӣ ширкат мекунанд, мо бо майли тамом ба як зумра суолҳо посух хоҳем гуфт.

Савол: Мӯҳтарам вазир барои таъмири нақби "Истиқлол" Шумо аз эрониҳо умед доред. Охир, онҳо қарздор нестанд; хоҳанд, медиҳанд, нахоҳанд, не.
1. Чаро аз IRS, ки муфт пул меғундорад, дар таъмири нақб иштирок намекунад, пул гирифта наметавонед?
2. Одами мард ваъда намедиҳад ва агар диҳад иҷро мекунад. Шумо ваъда дода будед, ки аз 1 май ё июн нақбро барои таъмир мебандед.

Ҷавоб:Дар асоси Шартномаи баимзорасидаи байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати эронии «Собир» бояд ин ширкат бозсозии нақбро аз ҳисоби 50% саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50% саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар сурати нарасидани маблағ аз ҳисоби худ пурра ба анҷом расонад. Дар айни замон ширкати «Собир» аз ҳисоби пешпардохти саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздор мебошад.

Оид ба ширкати IRS: Ин ширкат аз истифодабарандагони иншооти нақби Истиқлол маблағ намеситонад. Вале ба ҳар ҳол онҳо худро бетараф намегиранд ва барои нигоҳдории нақб аз ҷумла:
-пардохти музди меҳнати кормандон, истифодаи қувваи барқ, рушаноӣ ва ҳавотозакунии нақб маблағи муайян ҷудо намуда, техника ва мошинолоти худро дар мавриди зарурӣ сафарбар карда истодааст.

Мо дар ҳақиқат барои бастани нақб ва роҳро кушодан омодагиҳо доштем, лекин бо сабаби аз тарафи Паймонкори лоиҳа ширкати «Собир» таъмин нагардидани масолеҳҳои сохтмонӣ барои бетони кафи нақб ва аз тарафи худи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷудо нагардидани маблағи муайянгардида вақти бастани нақб аз байн рафт.

Савол: Мухтарам Вазири Нақлиёт аз Шумо эхтиромона хохиш дорам, ки нақлиёти Зафаробод - Хучанд дар чи назар аст оё бо пурраги ба анчом мерасад?

Ҷавоб: Айни ҳол дар хатсайри мусофирбарии самти Зафаробод -Хуҷанд корхонаҳои нақлиётии ҶСК «Сайёр»-и шаҳри Ғафуров ва ҶДММ «Сомон- Сайр»-и ноҳияи Зафаробод фаъолият бурда истодаанд. Барои қонеъ намудани дархости сокинони ноҳияи Зафаробод тасмим аст, ки ҷадвали ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри Зафаробод- Хуҷанд ба тариқи баробар (паритетӣ) ба роҳ монда шавад. Ҳоло дар ин хатсайр танҳо ду автобус фаъолият намуда истодаанд, акнун боз ду автобуси дигар илова карда хоҳад шуд. Ҷадвали ҳаракати автобусҳо ва микроавтобусҳои хатти сайри Зафаробод - Хуҷанд ва Бахт-Зафаробод – Хуҷанд тибқи коидаҳои ҳамлу нақли мусофирбарӣ ва бори дастиву боғоч бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба тариқи баробар (паритетӣ) бо иштироки бевоситаи намояндагони ҶСК «Сайёр» ва ҶДММ « Сомон- Сайр» тартиб дода шуда, бо макомотҳои дахлдор мувофиқа ва тасдиқ шудааст. Роҳбарияти ширкатҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки фаъолияти нақлиёти мусофирбари хатти сайри Зафаробод- Хуҷанд ва Бахт- Зафаробод- Хуҷанд-ро мувофиқи ҷадвали ҳаракати аз нав тасдиқгардида ба роҳ монанд. Айни ҳол дар хатсайри Зафаробод- Хуҷанд автобусҳо ва микроавтобусҳо тибқи ҷадвали ҳаракат мунтазам фаъолият дошта ва то имрӯз аз ҷониби мусофирону аҳолии ноҳияи Зафаробод оид ба фаъолияти ин хатсайр ягон арзу шикоят ворид нагардидааст.

Савол: Огои Вазир! Магар хамин рохи накби Истиклолро бо санг ҳамвор кардан, ки мардумро аз ташвиши халос мекунад, кори вазнини аз дасти вазорати шумо намеомадааст? Ё барои хамин чор панч чуқурии накбро пур кардан хам пули эронихо зарур аст? Оё худи шумо боре хам аз хамин накб гузар кардаед ва агар ха ба фикратон чанд чукурии онро пур кардану роҳро каме ҳам бошад ҳамвор кардан мумкин аст? Хохишмандам ба савол мушаххас (на ин ки подархаво) посух бигуед.

Ҷавоб: Ширкати паймонкор аз аввали соли 2013 корҳои бозсозиро бо баҳонаи нарасидани маблағ пурра қатъ намудааст. Дар иншоот аз тарафи ширкати паймонкор ҳамагӣ 2 коргар ба ҳайси посбон фаъолият доранд ва нигоҳдории нақб бар ӯҳдаи онҳо нест. Пайдо гардидани чуқуриҳо ва обҳои зеризаминӣ яке аз омилҳои нигоҳдорӣ нагардидани нақб гардид. Тасмим гирифта шуд, ки то оғози корҳои бозсозӣ аз тарафи ширкати эронии «Собир» муваққатан ба мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани дохили нақб аз тарафи Вазорати нақлиёт, аз нимаи дуюми моҳи июн инҷониб як мошини борбардор, як грейдер (IRS) ва 7 нафар коргар сафарбар карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар як рӯз зиёда аз 7-8 м3 ҷинсҳои кӯҳӣ барои пур намудани чуқуриҳо истифода мешавад ва ин як кори муваққатӣ аст. Омори ҳаррӯза нишон медиҳад, ки тавассути нақб дар як шабонарӯз зиёда аз 2000 воситаҳои нақлиёти гуногунтамға мегузаранд, ки ин зарурати аз сари нав пур намудани чуқуриҳоро пеш меорад.

Савол: Мухтарам вазир чаро андози наклиeтхоро аз мардум мегиранду аммо роххоро бо асфалтхои пастсифати хом ямоку кадок карда холатхои садаманокии наклиетхоро зиeд мекунанд? Мехостам ба саволам ба пурраги маълумот дихед!

Ҷавоб: Андози аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт ситонидашуда ба Вазорати нақлиёт ворид намешавад. Масолеҳе , ки барои тайёр намудани омехтаи сиёҳ истифода мегарданд, аз корхонаву ташкилотҳое гирифта мешаванд, ки дорои иҷозатномаи истеҳсоли масолеҳои сохтмонӣ мебошанд. Ин масолеҳ аз тариқи озмоишҳои лабораторӣ ва аз назари мутахассисон мегузаранд.

Савол: Агар ёдатон бошад, замони муовини Олим Бобоев, вазири Наклиёти ЧТ буданатон дар як нишасти матбуоти соли 2010 ба суоли: " Оё роххои навтаъмири Душанбе-Вахдат-Дангара бо чарогхои рушноидиханда мучаххаз мешаванд?" чавоб гуфта будед, ки "бале барои бехатарии харакат дар шаб сар карда аз дарвозаи шаркии Душанбе(махаллаи "Обшорон") то даромадгохи шахри Вахдат миёнаи рох мо чарогхои рушноидихандаро насб мекунем".

Суол: Чаро ин гуфтаатонро амали накардед?
Сабаби насб нашудани чароғ дар чӣ буд?
Пас маблағи чудогардида барои чарогхо ба кучо сарф шуд?
Оё ин амалатон гувохи аз он намедихад, ки кавлатон бо амалатон мувофикат намекунад?
Ба чои хулоса. Чаноби Вазир! Агар вактатон шуд омори садамахои наклиётиро, ки дар самти рохи мошингарди Душанбе-Вахдат аз соли 2010 то имруз ба амал омадааст, аз Раёсати БДА гирифта аз назар мегузаронидед, шояд дар ин масъала хулоса мекардед?
Агар ин кор бароятон номувофик афтад, пас шабона бо мошин аз ин самти рох харакат кунед ва бо чашмони худатон хохед дид, ки набудани чарог дар ин рох чи кадар душвор ва хатарнок аст.

Ҷавоб: Ман ба ҳайси муовини вазир кор накардаам ва ин ваъдаро ҳам надодаам. Лекин новобаста аз ин бояд қайд кард, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара дар асоси Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой амалӣ шуда истода, дар доираи лоиҳа барои насб намудани сутунҳои интиқоли барқ ва чароғонкунӣ маблағ пешбинӣ нагардидааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ин масъала ҳеҷ гоҳ аз назар дур намондааст ва ҳалли худро албатта, хоҳад ёфт.

Савол:
Аввалан миннатдории худро ба хабаргузории Озодагон мерасонам, то чунин имкониятро ба мо шахрвандон фарохам овардааст. Арзи салом Вазири мухтарам, банда сокини ш. Вахдат ч.д Гулистон мебошам. Боиси тазаккур аст, ки солхои тулонист, ки рохи асосии Гулистон ва дехотхояш дар холати ногувор карор дорад ва касе ба он таваччух зохир наменамояд, як чанд маротиб шахрвандони ин дехахо худ маблаг чудо намудан ва чойхои поргиро пушониданд, аммо аз 1 ё думох зиёд хизмат расонида натавонист. сохибони наклиёт хар мох мошинхояшонро таъмир менамоянд ва аз ин хисоб рохкиро низ гарон аст. Ба хусус рохи К.Исмоил, Тиллои Сафед ва рохи асоси Гулистон зиёд фарсудагаштааст, ин се шоха ба рохи марказии ш.Вахдат оварда мерасонан ва кариб лахзае ин рох бе мошин нест агар имконият бошад, ба ин чамоат ахмият медодед ва аз холаташ огох мешудед....

Ҷавоб: Роҳҳои автомобилгарди Карим Исмоил, Тиллои Сафед ва Гулистон ҳамасола дар доираи маблағҳои аз буҷа пешбинигардида таъмиру тармим карда мешаванд. Айни ҳол аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ваҳдат таъмири чуқуричаҳо ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Савол: Сараввал салому дуруди маро бипазиред Раиси мухтарам Низом Хакимов.
Саволи аввалини ман
1.Чаро дар кишвари мо наклиётхои мусофиркаши давлати кариб, ки ба чашм намерасанд? Масалан хамаи микроафтобусхои хатсайри Хучанд-Истаравшан хусусианд. Эшон дар вакти хостаашон нархи рохкироро тагйир медиханд, ки ин бар зарари мардуми бечора аст.
Саволи наввбатии банда ин аст, ки
2.Чаро микроафтобусхои боркаше, ки дар дохили шахр фаъолият мебаранд, аз меъёр зиёд одам мегиранд. Вале ба ин кори эшон на кормандони наклиёту на кормандони БДА ахамият намедиханд? Ё дидаю дониста, ба кавле аз паси ангушт менигаранд.

Ҷавоб:
1. Дар асоси қонунгузории ҶТ дар кишвар ба моликияти хусусӣ ҳам дар баробари моликияти давлатӣ шароити фароҳам муҳайё шудааст. Нақлиёт дар ҶТ ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтааст. Моликони ташкилотҳои нақлиётӣ дар назди қонун баробар буда, аз ҳимояи якхелаи қонун баҳраманданд.
Дар ш. Душанбе чор муассисаи давлатии мусофирбар фаъолият менамоянд.(«Автобус»1,2,3 ва «Троллейбус»). Дар ҳақиқат ҳамаи микроавтобусҳои хатсайри Хуҷанд – Истаравшан хусусианд. Барои интиқоли бор, мусофирои, боғоҷ ва хизматрасоние, ки ба интиқол вобастааст, тарифҳои озоди шартномавӣ муайн мегарданд (моддаи 13,Қонуни ҶТ «Дар бораи нақлиёт») Ғайр аз ин вазорат тарифҳои номиналиро барои хатсайрҳои мусофирбарӣ ва боркаш (наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ) таҳия намуда, дар мувофиқа бо Агентии зиддиинҳисорӣ ба ташклотҳои нақлиётӣ новобаста аз шакли моликияташон мефиристонад.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вазорат инро таҳти нахорат қарор дорад.
Агар тағйирот дар нархи роҳкироро ошкор намудед, метавонед ба хадамоти болозикр бо телефонҳои 2- 36 – 35 -34, 988 – 64 – 00 – 34, 93 – 888 – 10 - 10 муроҷиат кунед.
2. Якум, микроавтобусҳои боркаш дар дохили шаҳр ба мусофирбарӣ машғул нестанд. Нисбат ба ронандагони микроавтобусҳои мусофирбар, ки аз меъёр зиёд мусофир мегиранд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода мешаванд, вале ин ҳалли масъала нест. Ба ғайр аз мақомоти назоратӣ бояд худи мусофирон низ фаъол буда, аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя кунанд ва пеши роҳи чунин қонуншиканиро бигиранд. Дар ҳар як микроавтобус телефони боварии Раёсати хадамот ва роҳбарияти ширкати нақлиётӣ мавҷуд аст. Дар ҳолати ошкор гардидани қонунвайронкуниҳо ба онҳо метавонед занг занед.

Савол: Салом Мухтарам Вазир.
савол ба як чиз каме рушани меандохтед рохи н.Восеъ то н.Ховалинг мазори Хазрати Султон тарики рохи дехаи Кадучи ба гуфтае аз навсози мешавад омада рохоро чен кардан боз мегуяндки ким кадом шайхи араб сармоягузори мекардааст.

Ҷавоб: Дар масъалаи сохтмону барқароркунии роҳи автомобилгарди Восеъ - Ховалинг тариқи роҳи деҳаи Кадучӣ дар айни ҳол оид ба интихоби паймонкор озмун элон гардида, мӯҳлати охирини пешниҳоди иштирокчиёни озмун то 13 августи соли 2013 муйян карда шудааст. Баъд аз кушодашавии пешниҳодҳои озмуни иштирокчиён, давраи омӯзиш ва арзёбии пешниҳодҳо аз тарафи комиссияи озмунӣ оғоз ёфта, ҳисобот оид ба муайян намудани ғолиби озмун ба Бонки осиёии Рушд (сармоягузор) пешниҳод мегардад. Роҳи ба мазори Ҳазрати Султон баранда ба лоиҳаи зикршуда ворид нашуда бошад, ҳам албатта таъмир карда мешавад.

Савол: 1. КАЙ НАКЛИЁТИ ДУШАНБЕ БА ТАНЗИМ МЕДАРОЯД? 2. КАЙ ОДОБИ МУСОФИРКАШИРО МУСОФИРКАШОНИ МО МЕОМУЗАНД ВА ВАЗОРАТ ОИДИ ИН ЧИ ИКДОМХО НАМУДААСТ? 3. КАЙ ДАР ЯК МАРШРУТ 30-40 НАФАР БОР КАРДАНРО БАС МЕКУНЕД? КИ БОЯД НАЗОРАТ БАРАД, КИ МУСОФИРОНРО БО ТЕЪДОДИ КУРСИХОИ НИШАСТ БОЯД БОР КАРД? 4. АГАР ЧУНИН НАБОШАД ПАС МАЪЛУМ МЕАРДАД КИ ХУКУКИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ПОЙМОЛ ВА МАКОМОТ ТАНХО БА ЧАЙБАШ КОР МЕКУНАД?

Ҷавоб:
Бародари азиз , ба ин саволҳо дар боло ҷавоб гуфтем, ки ба роҳ мондани танзим ва сатҳу сифати хизматрасонӣ на танҳо аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вобастагӣ дорад, балки аз худи истифодабарандагони нақлиёти истифодаи умум низ масъулиятро талаб менамояд.
Чаро ба нақлиёте, ки ҷои нишаст надорад, савор мешаванд? Ё ин ки ҳуқуқи худро оид ба истифодабарии воситаи нақлиёт намедонанд. Ҳоло дар кишвари мо дар ин самт ҳамаи санадҳои зарурӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Танҳо мардум бояд аз қоидаву қарорҳои мавҷуда огаҳӣ дошта бошанд ва нақлиётро ба таври зарурӣ истифода намоянд.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоям, ки ҳуқуқҳои худро нисбати истифодабарии воситаҳои нақлиёти истифодаи умум аз худ намоянд, ки боиси фиребу найранги бархе аз ронандагон , ё худ ҳолатҳои нохуши садамавӣ нагарданд.
Инчунин аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати ошкор гардидани камбудиву қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандагон ва ё интиқолдиҳандагон ба телефонҳои боварии Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» муроҷиат намоянд.
1. БДА: 236-05-25;
2. ХДНТ: 236-35-34; 2-36-45-04.
3. МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»: 2-24-37-49, 2-24-37-59.

Савол: Салом мухтарам вазир.
Ба низоми наклиёти мусофиркаши ш. Душанбе кай эътибор дода мешавад.
Гап хаст, ки пули чамъкардаи кондукторхо ба кисаи мансабдорони хамин корхонахо ворид мешавад. Аз хамин сабаб низоми наклиёт дар шахр ба ягон меъёрхои шахрдори чавобгуй нест. Кормандони наклиёти шахр ба ягон этикаю эстетикаи хизматрасони чавобгуй нестанд. Дар истгоххо чи кадаре, хоханд меистанд то пур шудани автобусу троллейбус. Саристгохи наклиётхои мусофиркаши автобусу тролейбус ба монанди автопаркхо мубаддал шудаанд. Ягон график дида н-вад. Хангоми талаб кардан ба мусофирон дагали м-нд. Кай наклиёти мусофиркаши ш. Душанбе аз руи график харакат м-над. Илтимос саволро ба Хукумати шахр вогузор накунед. Худатон чора бинед. Ин бетартиби бовар кунед кариб 23 сол мешавад, ки амал карда истодааст. Саломат бошед.

Ҷавоб: Дуруст, дар ҳақиқат дар соҳаи нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе камбудӣ хеле зиёд аст. Вазорати нақлиёт низ чун мақомоти давлатии пешбарандаи сиёсати ягонаи нақлиёт дар миқёси кишвар нисбати ин масъала бетараф набуда, доимо кӯшиш менамояд, ки дар нақлиёти ш. Душанбе тартибот ва маданияти хизматрасонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аз 13.02.2013 то 01.03.2013 бо ташаббуси вазорат ва таъсиси Комиссияи байниидоравӣ аз ҳисоби мутахассисони мақомоти дахлдор дар тамоми муассисаҳои нақлиётии ш.Душанбе санҷиш гузаронида шуда, нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин ва интиқолдиҳандагони ш. Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буд. Мутаассифона, он камбудиҳое, ки Шумо қайд намудед дар фаъолияти нақлиёти ш. Душанбе то ҳол ҷой доранд.
Бо мақсади он ки ин камбудиҳо бартараф ва мушкилиҳо ҳалли худро ёбанд, бори дигар 31.07.2013 дар вазорат бо даъвати кулли интиқолдиҳандагони ш.Душанбе ва НТҶ ҷаласаи корӣ баргузор гардид ва мақомотҳои назоративу роҳбарон ва масъулини корҳонаву муассисаҳои нақлиётӣ ҷиҳати баланд бардоштани маданият ва сатҳу сифати хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилии мусофирбар муваззаф гардонида шуданд.

Савол: мухтарам вазир щумо ба мо мархаматкарда гуед ки бо хамин тарзи тамири рохои маркази шарх чи хел мо тараки мекунем , наход дилатон ба халки точик насузад дар ин ъавои гарм дар пробкахо ки сабаби асосиящ тамири рохо мебошад !!!!!!!!!!!!!!!, наход рохе ки дарозиящ буду щуд 1 км нест тамираш ба фикрам аз 6мох гузашт холохам ба поён нарасидааст , ,,,,,,,,,,,,,,,???

Ҷавоб: имрӯзҳо таъмиру таҷдиди роҳҳои пойтахтро Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою купрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе » - и ҳукумати пойтахт анҷом медиҳад. Имсол ба ҷуз аз пиёдароҳҳову корҳои сохтмонии дигар дар 20 кӯчаву хиёбони шаҳри Душанбе 21, 8 километр роҳ эҳё шуда истодаанд. Сабаби асосии «пробка»- ҳо на танҳо таъмири роҳҳо, балки аз тарафи ронандагон риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат, истифодаи нодурусти таваққуфгоҳҳо ва истгоҳҳои худсохт низ мебошад.

Дар охир бори дигар аз таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ба масоили роҳу нақлиёт ва баргузории сӯҳбати ошкоро тавассути сомонаи «Озодагон» изҳори сипос менамоям. Танҳо як чиз нигаронкунанда аст, ки дар баъзе суолҳо оҳанги гуфтори муаллифон андак дуруштомез аст ва фикр мекунам чунин муошират хуб нест. Вазорати нақлиёт ҳамеша бо хабарнигорон дар тамос буда, аввал худ мушкилоту ноқисиҳоро бозгӯ намуда, фавран аз пайи ислоҳи онҳо мешавад. Мо пешравию камбудиҳои худро медонем ва ислоҳи ин камбудиҳо ҳеҷ гоҳ аз мадди назари мо дур намондааст.
Хуб мешуд дар гуфтугӯҳо дастовардҳои вазорат низ мавриди таъкид қарор мегирифтанд, зеро пешравиҳо дар соҳаҳои роҳу нақлиёт кам нестанд. Вазорати нақлиёт минбаъд низ бо кормандони воситаҳои ахбори умум ҳамкорӣ хоҳад намуд.
Мӯҳр
Аз гуфтаи Вазир бармеояд, ки "дар як шабонарӯз зиёда аз 2000 воситаҳои нақлиёти гуногунтамға аз накб мегузаранд.
Агар хар як мошин ба хисоби миёна 100 сомонидар тамоми масири рох супорад ин чи кадар мешавад? Агар ин маблаг ба офошор нараваду якмоха мабалаги ин наклиёт барои ободии накб харч карда шавад, накб дар як мухлати кутох обод мешавад. Вале чи илоч ки ИРС ба хешовандони президент тааллук дораду маблаги онро хатто Хукумат назорат карда наметавонад

Ташаккур вазири мухтарам, новобаста ба густохии саволдихандагон, чавобхои мушаххас додаед. Рози шудан ба саволу чавоби бетахрир ин худ чавонмардист.

"Озодагони " азиз, акнун навбати кадом вазир аст? Фикр мекунам ёфт мешавад боз ягон вазири ба "дилу гурда"?

Мухтарам Вазир рохи селшустаи кучаи Чармгари поён ки соли 2009 баъд аз сели мудхиш хароб гашта буд кай таъмир мегардад. Хар сол ваъда медиханд, вале то хануз аз таъмир хабаре нест. Ба кавли мардум маблаги ин рохоро дах маротиба хурданд ва дигар маблаг барои таъмир ёфт намешавад. Котеъоне чавоб гуед киай рох таъмир мегардад. Имсол ё соли ...... аникашро мушахас баён кун.
Агар корбурди аъзоёни хукумати Шумо чунин бошад якинан дигар Хизиби Шумо дар интихобот аз мардум пуштбониро интизор нашаванд.

ягон чавоби мушаххас нест ва хамааш мисли хамешаги, ки чиновеики точик менуял ва барояш кадоме омода кардааст, пургуиву умумигуи аст. Саволи асоси ба вазир хамин накби сабилмондаи Истиклол аст, ки чавоби мушаххасе нест. боз шарм надошта мегуял, ки барои истифрдаи Истиклол Ирс пул намегирад. набошад бароир чи мегирад ва гар аз руи инсоф гуи барои он роххое, ки хам мегширад хаолол нест. Зинда бошед огои вазир ва ин албатта гунохи шумо нест. ин гунохи низом ва давлату давоатдории мову шумост, ки касе намехохад кор кунад ва хама мехохад бидуздад горат кунад ва охирон маблшаги мардуашро кашида гширад. Боки худо медонаду худаш..

чрйи иафтиш нест Озодагон чоп кун ва РЗОД бош то ба охиир

Пешниходи дигар ба вазири мухтарам. Шумо ки аз ухдаи ичрои кори Истиклол набаромадед(яъге хукумат) бигзор хамин 2000 мошщине ки аз накб мегузарад зар руз як сцуми дихад ва шумо бо ин маблаг садхо одамонро меьтавонед ба кор гиред, ки дасти хам юбошад онро сангфарш мекунанд.

Як коратон бекарз тамом намешавад хамаш карз

Sardor
Чаро як савол хам дар бораи ширкати пулчинак нест???

неизвестный
дар хакикат порахури дар авчи аъло расидааст довталабоне буданд, ки дар рузи хуччатсупори аризаи худро навишта наметавонистанд, аммо боз хамонхо гузаштанду онхое, ки дониш доштанду....( бо гуфти мардум пулу таго надоштанд) аз мандат нагузаштанд бад кучо Точикистон пеш равад

Ман хам ягон чавоби аник ба ягон савол надидам.Як чавоби дигар ба ман "маъкул" шуд-"Чаро ба нақлиёте, ки ҷои нишаст надорад, савор мешаванд?".Охир вакте,ки ман дар чои худ нишастаам ва як нафари дигар нишаста маро аз чоям бечо мекунад,хатман чанчол ба амал меояд. Хадамоти давлатии назорат ва танзиме,ки Шумор рохбари менамоед бояд,ки инро назорат кунад.

Ин чи гуфтасту чи чавоб додаст ман нафахмидам. "Кор идома дорад", "кор кардестем", "рафта истодааст"... Тамом! Ана вазири ва ана салохияту масъулият

Мухтарам вазир! Шарм кунед аз бесалохиятиатон. Сар то сари кишвар роххо фарсудаанд. Дар худи пойтахт ба роххои гайрипротоколи нигох карда намешавад. Агар ба махалхо (провинция) сафар кунед, пас мефахмед, ки дарди мардум дар чист. Ман аз шумо хохиш мекунам ба ш. Истаравшан ва шахраки Fончи равед ва аз он чо ба дехотхои на чандон дурдасти он сафар кунед. Хусусан ба дехоти зонаи Калининобод. Роххо баъди истиклолият ба даст овардани кишвари чоночонамон руи таъмирро надидаанд. Сафари президентро хокимони махалли тавассути чархбол ташкил мекунанд, то ки таъби эшон аз чукуриву нохамворихои роххои автомобилгард хира нашавад. Кай ин роххо таъмир мегарданд? Мардум кадом лоихаро чанд солии дигар интизор шавад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)