Бахшҳо

Додгоҳ ба зиёиён барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дод

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба намояндагони зиёиёни тоҷик муҳлат дод, то камбудиҳои даъвояшонро алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири "Азия Плюс" ислоҳ кунанд ва мулоқоти навбатии ҷонибҳоро 27-уми август таъин намуд.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи "Азия плюс" дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, имрӯз, 19-уми август, бо иштироки ҳарду ҷониб мурофиаи омодасозӣ баргузор гардид. Қудратов афзуд, ки “дар рафти мурофиа ба мо маълум гардид, ки ҷониби даъвогар қисми ваколатномаҳое, ки ба Рустам Устобоев, раисикунандаи парванда пешниҳод кардаанд ба қонун мутобиқат намекунад. Камбудии дигари онҳо ин буд, ки зери аризаи даъвогиашон маълум набуд, кӣ имзои гузоштааст. Яъне номи шахси имзогузор дарҷ нагардидааст. Ҳамчунин худи аризаи ба суд пешниҳод кардашон мувофиқи модаи 134-135-и кодекси мурофиаи гаражданӣ мутобиқат намекард. Ба ҳамин монанд якчанд камбудиҳо дошт, ки мо онро ба суд пешниҳод кардем ва суд пешниҳодҳои моро ба инобат гирифта ба хонаи машваратӣ рафт.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан додгоҳи иқтисодии Душанбе аризаи даъвогии зиёиёни тоҷикро ба хотири камбудияш, ки бо забони русӣ навишта шуда буд, рад намуд.

Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
Бахром
Э шармандахо, аку хаминхо хам зиёи шуданд? Як ариза навишта наметавонанд. Тамоман шармандахошона буровардан, худашон.

п
Ин хел бесавод будаанд ин "зиеиени" точик. Як аризаи судиро навишта наметавонанд.

Адвокати зиёиён хам мисли худашон "босавоб" будааст. Хайфи миллати точик, ки чунин зиёи дорад. Аслан хеч кас хак надорад худро зиёи гуяд. Зиёро бояд халк зиёи номад. Аз ин руйхати даъвогарон ман ягон нафарро зиёи намегуям ва зиёи эътироф хам намекунам.

хайр майлаш дигар камбудихо, хайратовараш ин аст, ки наход акли ягон кас нагирифт, ки дар бари имзо бояд насаб бошад?

Рузноманигор
Тутубалина яке аз фаъолон ва рузноманигороне буд ки дар бораи масоили доги кишвар чизхои хуб менавишт, барои хамин дар пешоруи интихобот уро ба ин судбози гирфтор карданд, ки хакикатро нанависад. Вале тирашон ба хок мухурад ин корхо обруи масъулинро дах баробар ончунон резонд ки агар Тутубалина хар руз як маколаи танкиди менавишт, ин кадар шарманда намешуданд.

"Зиёиён" гуфтахои хонум Тутубалинаро дар нисбати эшон доранд исбот мекунанд. Панч созмони эчоди ва илми бо замми пизишки номдор наметавонанд дар тули се мох як аризаи бе каму костро ба додгох бибаранд. Дарвокеъ на зиёи дорему на номус. Вой бар холамон...

Зиёхое ки даъво кардан аз он аризае ки иншо кардан пур аз хатои ва бемаъно бояд шарм кунанду дигар даъво накунанд.Пистаи бемагз лаб во кунад расво шавад...

эй бесаводхо, бо шумоён интелегентед. то чи андоза шумо бемаънию бефаросату бе акл будатон бори дигар маълум шуд!!! Тутубалина сухани Ленинро мисол овардааст, ман баъди ин кору доду фарёди бесаводонаатон худ мегуям ки хамматон начозатед(ГОВНО)- хаммаи онхое, ки дар ин маррака иштирок кардаанд!!! Зиёиён бори дигар исбот кардет, ки шумо як хочатхона начозатед!!

Он чи ки аён аст хочат ба баён нест. Сочида хуб гуфта, ки зиёиро бояд мардум эътироф кунад, на ин ки худи эшон . Ба фикри ман зиёиёни мо хама дар дехотанд ва садхо сару гардан аз ин пойтахтнишони мо болоянд. Зихи мардуми оддии ватани ман! шумо бошед бехтараш дигар даъво хам накунеду бо хамин сафсатабозихои худ машгул шуда гардед!

Парвина
Онхое, ки Тутабулинаро дастгири карда истодаанд, ман хамчун зан модари точик мегуям, ки шири модаратон бар шумо халол нест. Агар галстук баста ба куча бароед, худро рузноманигору мансабгир хисобед, о шумо хам зиёиен -ку. Ё ки палаквонен.
Гап дар ариза нест, дар хамон суд хам мисли шумо ватанфуруше ягон чи аз ин муаллимаи барои шумо аз модаратон боло гирифтааст.
Шумо ин кадар кадри зана донед, агар модаротона хурмат кунен.

али
Оленька держитесь правда за вами они не ЗИЕИ а просто как вы сказли на самом деле г... Я Таджик и мне стидно за такие мужики и пускай на деле покажут что они не г... Сегодня дла чиновников и креслодержателей стал нормой чут чего жаловатса... В средней азии после Роза Атамбаева ставлю Вас как человека порядочного ,смелого и мужским характером. И эти ЗИЕИЕ пускай у Вас научатся мужеством. Одним словом шайка ПОДОНЬКИ а не зиеи, а еще эти шайка не может нормальную ЗАЯВЛЕНИ писать,позорище. Оленька духом не падайте сегдня такие как вы нужны Таджикистану а не эти подхалимы.

Дар ин чо хоин додгохи нохияи Фирдавсист ва касе, ки хамин Тутубалинаро тарафдори мекунанд.....
Мухтарам хамватанон ин бесаводие, ки дар баъзеи аз шумост метарсем, ки бегона параст шудаед. Тутубалина тамоми зиёиён, яъне тамоми муаллимон ва устодони точикро тахкир кард паст зад ва шумо кур саводон холо хам вайро тарафдори мекунед. Ва шумо аз асли вокеа хабар надошта фикри худро менависед....

Рузноманигор,
Тири ту ва ту баринҳо "хок мухурад", ай лаганбардор ва хокзани Тутубалина. Аз ин рӯз дида, мурданат беҳ нест, ки ҳамватанонатро наҳу дашном зада, тарафи як руси миллатгароро мегирӣ! Агар ҳаммиллатат ноҳақ бошад ҳам, дар муқобили як бадкирдори хориҷӣ ту бояд ӯро ҳақ гӯӣ! Ҳамин аст қонуни ватандорӣ ва ҳамбастагӣ. Ку ягон журналисти тоҷик ба Русия рафта, ба зиёиёни рус, "вы все фекалии (г..но) нации" (ҳамаи шумо наҷосати миллатед) гӯяд, чи рӯз мебинад? Дақиқан аз Русия ҷасадашро мебиёранд, мисли ҳазорон ҳазор ҷасадҳои тоҷикон, ки ҳар сол аз он кишвари миллатгароён меоянд. Ақли солим бовар намекунад, ки ин дашномчӣ ва миллатчии русро як фарзанди тоҷик адвокат бошад!!!! Не, не, дақиқ он адвокат тоҷик нест! Ҳамаи тарафдорони О.Т. низ тоҷикҳо нестанд! Агар ин тавр бошад, миллияти тоҷик шармандаи рӯи ҷаҳон аст. Мурдани ҳамаи мо низ беҳ аст! Шояд аз ҳамин бемасъулиятӣ ва хислати тарсуӣ ва хазандагӣ тоҷикон гиребони якдигарро гирифта, ҷанги бародаркушро сар дода буданд? Он вақт (солҳои 90) наздик будки тоҷикон аз байн мерафтанд. Боз таърих такрор шуда истодааст. Худоё, ба ин миллати нодон ақл деҳ.

Файз
Ин кас дар бораи зиёиёне гуфтааст ки корашон ба чуз лаганбардории хукумат дигар чизе нест. инхо бошанд хамаашон ки будани худашонро тасдик карданд.

Одина
Агар 50ФОИЗИ ИН БО НОМ ЗИЕХИХОН ХУДАШОН АРЗ КАРДА БОШАНД МАН ХАМ ТАРАФДОР ЛЕК 10ФОИЗ НАМЕШАВАД ХАЙФО ЗИЕИИИИИИ НАДОРЕМ НОДУРУСТ МЕГУМ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)