Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Садамаи мошини “тӯёна” 3 фавтида барҷой гузошт

19 август 2013, 14:41

Имрӯз, 19-уми август, як маҷруҳи дигаре, ки ҳангоми садамаи мошин аз корвони тӯёна, як рӯзи пеш ҷароҳат бардошта буд, ба ҳалокат расидааст ва теъдоди фавтидагони ин садама ба 3 нафар баробар шуд.

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон таъйид намуд, ки 17-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 11: 00 донишҷӯи Колеҷи политехникии Тоҷикистон, Афзал Бобоеви 20-сола бо мошинаш “Daily Leganza” дар қатори корвони тӯёна аз тарафи маҳаллаи Қулписта ба тарафи кӯчаи Амиршоеви Душанбе ҳаракат мекардааст ва суръати мошинро аз ҳад баланд карда, аз уҳдаи идораи он намебарояд ва ба дарахти канори роҳ бармехӯрад.

Ба иттилои БДА дар натиҷаи садама 4 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол дода мешаванд: “Худи он рӯз дар беморхона Афзал Бобоев ва як нафар мусофир Шуҳрат Шераливи 22 сола ҷони худро аз даст медиҳанд.”
Тавре ба “Озодагон” маълум гардид, имрӯз як маҷруҳи дигари ин садама низ ҷон бохтааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакт аст, ки Шумоёнро барои маълумоти бардуруг ба суд кашонем. Хадди худро донеду аз худ набофед. Ман будам шохиди садама ва ман будам дар хамаи маросимхои чаноза ва холо хам дар хонаи рахматихо хастам. То аз хар чо копи карда навиштану аз хар чо маълумоти бардуруг пахн кардан мерафтед, аз наздик медидед, ки чи шудааст. Чаро хабарнигори ТВ тавонист, чаро аз "Озоди"-ву "ИмрузNews" рафта тавонистанд? Шумоён бошед, дар хона хобеду руирост дуруг мегуед. Шарм доред. Одаме, ки ба 7 пушташ эшону домулло гузаштааст, бовар доред, ки алкогол менушад? Баъдан ин кор на хангоми корвони ЗАГС, балки хангоми харакат аз Варзоб ба Душанбе рух дод. 100% бовар дорам, ки аз кабинет набаромадаед ва касеро напурсидаед. Хадди акал, чаро гуфта наметавонед, ки нафари имруз даргузашта чи ном дошт? Беномуси аз ин зиёд мешавад? Агар дуругатонро дар бораи "чавонон дар туйи арусии дусташон дар холати масти савори мошин шуда, суръати харакатро хеле баланд кардаанд", бартараф намекунед, мунтазир бошед, шармандаги шумоёнро дар пеш аст.
Посух додан
  • Мавлон

  • 20 август 2013 08:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инно Лиллохи ви инно илайхи рочиун. Худо рахмат кунад ин бародарони чавонмаргро. Ба ахли байташ, еру дустонаш сабри чамил таманно мекунем. Бародарони чавони азиз, ва дигарон, барои мо ин ибрат шаваду доимо орому бо сабр дар роххо рафтор намоем, хурмату ехтиромро пеша карда, аъмоли шаетиниро решакан кунем. Кибру гуруро фаромуш.

Ман миллатамро намешиносам ки ба у чи шуда, баъди чор танга ефтанаш кибру гурур, нохурмати, дагали ераш мешавад афсус. Ба назари ман ин хама аз нодони, аз илм дур шудан аст, факат мухаббат ба молу мулк ва дуне....
Бубинед дар роххо вакте аз пешеход гузар мекуни дагалона рох намедиханд доду вой мебардоранд дагали мекунанд. Старексхо ба тарафи мукобили рох мебароянд, дистансияро тамоман риоя намекунанд, намедонанд ки хатти стоп дар назди светофор чист.....
Посух додан
  • Rustam

  • 20 август 2013 09:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуршед, хуб мешуд, ки шумо асли вокеаро дар ин чо шарх медодед, то ки овозахои бардуруг аз байн равад. Ин ходиса дар кадом кисмати рох рух додааст ?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!