Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:50

Аз шаҳрванди Русия беш аз 21 килло маводи мухаддир мусодира карданд

23 июл 2011, 05:17

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 21 килову 100 грамм маводи нашъадор кашф карданд.


Аз ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ин миқдор маводи мухаддир аз шаҳрванди Русия Ҷовид Раҳимов ёфт шудааст. Раҳимови  21 сола, сокини  шаҳри Липеск буда, айни замон дар ягон ҷо кор намекардааст.  Зимни кофтукоби шахсӣ аз дохили 1 бастаи селофанпеч , ки ба ӯ таалуқ доштааст, 950 грамм ҳашиш ёфт ва мусодира мегардад. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии муввақатиаш, воқеъ дар кӯчаи Пахтакор, хонаи  38, боз 22 адад чунин  бастаҳоро пайдо мекунанд, ки вазни умумии онҳо 20 килою 150 грамм будааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!