Бахшҳо
19 авг 2013 16:36Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тавофуқоти Раҳмону Шинаватра дар бораи хатсайри Душанбе-Бангкок

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми август бо Йинглак Шинаватра, сарвазири Таиланд нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар музокироти сатҳи олӣ мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо таъкид намудаанд, ки “оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо кӯшишҳои муштарак анҷом медиҳанд”.

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, “шоҳигарии Тайиланд аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки ҳамеша дар қатори ҷонибдорони иқдоми глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об қарор дорад ва иштироки ҳайати воломақоми ин кишвар дар чорабинии муҳимтарини Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи мавқеи хайрхоҳонаи он нисбати ташаббусҳои созандаи кишвари мо мебошад”.

Йинглак Шинаватра дар навбати худ баён доштааст, ки “мо пешвоию раҳнамоии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи об ва “энергетикаи сабз” баланд қадрдонӣ карда, аз он пайваста пуштибонӣ менамоем”.

Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳои мустақим, аз ҷумла барои рушди туризм миёни пойтахтҳои ду кишвар, шаҳрҳои Душанбею Бангкок хатсайри мустақими ҳавоӣ кушода шавад.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, расмӣ ва хизматӣ ба имзо расида, эъломияи муштарак қабул гардид.

Баробари ин имрӯз 19-уми август Эмомалӣ Раҳмон, як қатор меҳмононро, ки барои ширкат дар конфронси байналмилалии об ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфта, масоили мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намудааст. Нишасти байналмилалии об дар Душанбе 20-21-уми август бо иштироки намояндагони беш аз 70 кишвари дунё дар назар аст.
Мӯҳр
<<Озодагон>> доир ба ин мулокоти баландпоя матлаби бисёртаре нашр менамудед хеле хуб мешуд. Чунки Таиланд як давлати хеле экзотики буда, структураи муомилоти молии мо бо он кишвар чи гуна хохад буд? Агар саёхати он чойро дар назар дошта бошем, факат <<новые таджики>> онро ба худ зебон шуморида метавонанд.

п
Хатсайри Душанбе-Бангкок. Магар хамин гуна шартномахо имруз ба мардуми мо лозиманд? Ки кудрати ба Таиланд рафта сайру тамошо карданро дорад? Заводу фабрика, чойхои кори лозиманд.

Salom,
Xelo kori xub agar xatsayr kushoyan kori mo studentoro xelo va xelo oson mekunand. dar holi ozi nimi jahona megardi bad da Dushanbe merasem va agar in xatsayr kushoda shavad xele ikdomi xub ast.

Дар Точикистонс учетем мигрантов зиёда аз ду миллион мардум бекоранд, в место того чтоб им построить рабочие место, на правительственном уровне решают тупые вопросы, как и где отдыхат бо пулхои мардум.. или будут открыват авиарейсы ради какого то чиновничья паразита(Фируз или как там тебя звали),..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)