Бахшҳо

Додоҷони Атовуллоҳ аз раҳоияш хабар дод

Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, ки шаби 19 ба 20-уми август, дар фурудгоҳи Тбилисӣ боздошт гардида буд, нисфирӯзи 20-уми август аз раҳоияш хабар дод.

Додоҷон дар саҳифаи фейсбукияш аз қавли монбеъ изҳор медорад, ки ӯро ҳабс нахоҳанд кард ва базудӣ озод хоҳад шуд. Ӯ шаби гузашта ҳангоми парвоз аз Прага ба Тбилисӣ боздошт шуда буд ва тавре худи ӯ иттилоъ дод, "боздошти ӯ бо дархости интерпол сурат гирифтааст ва айни ҳол интизори қарори ҳукумати Гурҷистон мебошад. “Гурҷистон як кишвари демократӣ аст, умедворам, маро озод мекунанд."-гуфта буд ӯ.

Ба навиштаи Додоҷон мақомоти тоҷик ӯро дар терроризм муттаҳам мекунад. Бо вуҷуд мақомоти гурҷӣ ба ӯ имкон додаанд, аз интернет истифода кунад.

Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, рӯзи 15-уми июл дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав низ дар ҳоле, ки ӯ аз Прага бармегашт, боздошт шуда буд, аммо баъди чанд соат дубора ба Прага фиристода шуд.

Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон мебошад, ки дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.

Додоҷони Атовуллоҳ тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз якуним рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.
Мӯҳр
Мархамат ранг бину хол пурс, Додочон хатокорихои хукуматро ошкор кард "терорист" гуён дар интерполаш доданд акнун чояш ба фикрам ГУАНТАНАМО аст....
Ман аслан хамин Додочонро тарафдори хам намекунам ва як шахси мумкин хоин бошад ё аз ватандустиаш ин хамаро мегуяд лекин чи хеле бошад набошад чизе мегуяд билкул хамаро РОСТ мегуяд.........
ДОДОЧОН БЕХУДА ТАНКИД НАКУН, КИ ХОЛО ВАКТИ ОБОДИИ ТОЧИКИСТОНИ МО НАРАСИДААСТ НАСИБ КАРДА БОШАД БАЪДИ ДУ ХАЗОРУ БИСТ АГАР БА ШАРТИ ОНЕ,КИ БОЗ ДАР КУРСИ РУСТАМЧОНРО НАШИНОНАНД.....

ы
О як чова шинед намушуд ми? Чзе гум каред Тбилисинда? Пухта мондас ми?

Ба умед нашавед. То соли 2020 ягон конуни нав фикр карда мебароем. Чаноб нисбат ба Каримов холо хеле чавонандRustam Rustamov,

Асосан ман фикр мекунбм БАЪДИ ЭР(эмомали рахмон) РЭ (рустами эмомали) меояд. ИН ФОРМУЛА ХАСТ БАЪДИ ЭР-РЭ МЕОЯД. Чойивазкуни Э ба Р , яъне аз падар ба писар мегузарад кудрат. Чои таччуб нест ин дар дар Осиё анъана аз кадим хамин тавр буд. Аммо дар ин вазъияти имруз ин бисёр хатарнок асс. Ба халк бози накунед ХАЛК КУВВАИ БУЗУРГ АСТ гуфта буд як вактхо Ленин. Бо умеди тавфик Шер!

точик
Ин машеник 100% дуруг мегуяд уро касе боздошт накардааст. Найрангбоз душманони худро санчида истодааст, кани чи мегуянд.
Киро бовараш меояд, ки ин хиёнаткор рост мегуяд. Холо бинед то бегох боз Прага бармегардад. Рубохи хиллагар хар хила кардан мегирад.

рост мегуи бародар ТОЧИК ин макор аст дигар барномахои разилонааш касеро ба хайрат намеорад барои хамин хочахояш боз роххои дигари игвоандозиро ба у ёд медиханд!

Озодагон ҳама фитнаро шумо меандозед. Ҳамин одам ҳеч касда даркор нест. Барои чи ин қадар овозаю дарвоза мекунед. Ҳамаи шумо гунаҳгоред. Мардумо шумо ба шур меоред. Вагарна ҳамин маймун ҳеч касда даркор нест.
Илтимос озод боши чоп кун. Чоп накуни маълум мешавад ки озод нести ва дар хизмати хоҷа

Гадо
Амири беватан хору хакир аст
гадо гар дар ватан миоад амир аст

Юсуф
Фирдавс рост мегуяд, ки ин мошенник бо дуруг худро реклама мекунад. Тифлис бо мо муносибати хуб дорад. Агар интерпол капида бошад, истирдодаш мекунанд. Дуруга бинед, мегуд, ки Гурчистон демократи аст. Хамин интерполро хам кишвархои демократи ташкил кардаанд ку. Чанд мудат номи Додо аз забонхо монда буд ва боз як дуруг лозим буд...

eeeeee in maimuncha zindami?vayash kujonda maimunchai dubayangi.inho predateland.

Гадо
Амири беватан хору хакир аст
гадо гар дар ватан мирад амир аст

Бародарон тан додан даркор ин гуна мрдхо чун Дододжон хар як аср якто ба дунё меоянд бо ин хукмати рахмони (хунхори) сар ба сар омадан кори харкас нест. Худи хаму Рахмон медонад,ки Дододжон Шери нар аст.

Ба АЛИ

Бародар Али Шери нар намегурезад. Ранги ин барин "Шери нар" пуррай. Абдуллоҷонов, Маҳмуд Худойберди ва ғайраҳо, ки номашона гирам забонам месӯзад. Марг ба ин хел "шер"-ҳо. Шери нар биё дар бари мардумат бест ватана обод кун, ҷои кори нав муҳаё кун, ки мардум ба россия нараванд. Ин хел одамҳора БУЗ меган.БУЗ НАР не БУЗ-и тоқа меган бародар. Ту ҳам аз ҳаминош набоши боз. Ё ки узбаки ё ки худи додои ту

Додоҷони Атовуллои хоин, ватанфурӯш, ки бо даъвати Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мехост аз Прага ба Тошканд, таввасути шаҳри Тбилиси сафар кунад, дастгир карда шуд.
Пеш аз ин Раиси ҳизби умумиҳалқии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба Тошканд даъват шуда, бо Ҳукуматдорони он кишвар оиди интихоботи Президентии ҶТ мулоқоту-сӯҳбатҳои паси пардагиро анҷом дода буд.
Мақсади Додоҷони Атовулло боз иғвоангези, дасисабози ва дар назди хоҷагони хориҷии худ дар ҳаққи ҳамватанонаш суханҳои таҳқиромез гуфтанд, буд. «Саги дайдуи» ватанфуруш ба мақсад нарасид.

Ҳолат аз ин ҳам баъд шавад, Додоҷони Атовулло.

Додоҷони Атовуллои хоин, ватанфурӯш, ки бо даъвати Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мехост аз Прага ба Тошканд, таввасути шаҳри Тбилиси сафар кунад, дастгир карда шуд.
Пеш аз ин Раиси ҳизби умумиҳалқии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба Тошканд даъват шуда, бо Ҳукуматдорони он кишвар оиди интихоботи Президентии ҶТ мулоқоту-сӯҳбатҳои паси пардагиро анҷом дода буд.
Мақсади Додоҷони Атовулло боз иғвоангези, дасисабози ва дар назди хоҷагони хориҷии худ дар ҳаққи ҳамватанонаш суханҳои таҳқиромез гуфтанд, буд. «Саги дайдуи» ватанфуруш ба мақсад нарасид.

Ҳолат аз ин ҳам баъд шавад, Додоҷони Атовулло.

Полис
Ин беномуси беватанро дар хама давлатхо дастгир менамоянд, аммо ин рубохи маккор хар вакт рахо меёбад. ки уро пуштибони мекунад ва бо кадом максад?????? имрузхо дахо нафар мухочирони точики бепушту панох аз руссия депорт мешаванд, хеч кас ба доди онхо намерасад!!!! чаро????? У чи хизмате ба хочахои худ карда бошад ва ёинки чи накшае барои ба таъзим афтондани Точикистонро амали кардан мехохад. як журналисти одди барои баромад кардан аз К+ бо максади паст задани кавми худ аз кучо маблаг дастрас менамояд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)