Бахшҳо

ВИДЕО: Эълони БДА дар мавриди роҳбандиҳо дар Душанбе

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ дар давраи сафари расмии сарвазири Шоҳигарии Тайланд, Сарвазири ҷумҳурии Қирғизистон ва баргузоршавии Коференсияи байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об харакати наклиёт катъ мегардад.

Тибқи иттилои БДА имрӯз, 20-уми август, аз соати 06.30 то 07.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Аҳмади Дониш-Айнӣ-Рӯдакӣ то Карамова манъ карда мешавад.

Ба итилои ин манбаъ зз соати 08.00-08.30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Сомонӣ аз Сино то Рӯдакӣ ва хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Шотемур то Карамов манъ карда мешавад. Аз соати 10.45-11.10 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Аҳмади Дониш манъ карда мешавад. Аз соати 14.10-14.20 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Карамов то Бухоро манъ карда мешавад. Соати 16.20 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Шотемур то Рӯдакӣ-Бухоро манъ карда мешавад.Соати 16.40 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Шотемур то Рӯдакӣ-Айнӣ манъ карда мешавад. Соати 17.20 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Шотемур аз Исмоили Сомонӣ то Сино кӯчаи Н. Ганҷавӣ манъ карда мешавад. Соати 20.30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Шотемур аз Исмоили Сомонӣ то Сино кӯчаи Н.Ганҷавӣ манъ карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки роҳбандон дар Душанбе як мушкили рузмарра шудааст, вале бо омадани меҳмонони хориҷӣ барои иштирок дар конфронси байналмилалии об, якбора шиддат ёфтааст.

Баргузории конфронси байналмилалии об, ки рӯзҳои 20-21-уми август, бо ҳузури намояндагони беш аз 70 давлат дар Душанбе дар назар аст, сокинон ва меҳмонони дигари пойтахти кишварро аз имкони рафтуомади озод дар роҳҳои асосии он маҳрум кардааст.

Дар наворе, ки хабарнигорони “Озодагон” 19-уми август, аз кӯчаҳои марказии Душанбе гирифтаанд, ронандагону мусофирон соатҳо дар роҳбандон дармондаанд ва ин ҳолат имрӯз, 20-уми август низ ҷой дорад.

Мӯҳр
Далер
Ана акнун ин видеои шумо чи маъни дошт? Охир пури хабарнигор доред. Аз кафои хамун камера хам ягон хабарнигоратон будагист. Намешавад як маводи хубтар омода мекардед? Фикру акидаи ронандахо, пиедагард, нозири БДАро мегирифтед. Шумо бошад як видеои холии хомро пешниходи хонанда мекунед. Як худатон фикр кунед, бе хамин видеои шумо хам хонанда хозир вазъи роххои марказро тахмин карда метавонад. Хонанда интизори маводи чолибтар аст!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)