Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:11

Парвиз Мушаррафро ҳукми эъдом ё абад интизор аст?

20 август 2013, 09:49

Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури пешини Покистон дар куштори нахуствазири собиқи ин кишвар Беназир Буҳуто муттаҳам мешавад.

Ба иттилои расонаҳои покистонӣ, Парвиз Мушарраф рӯзи 20-уми август ба Додгоҳи шаҳри Раванпилди Покистон, додгоҳи махсуси оид ба умури марбут ба терроризм эҳзор шудааст.

Манбаъ мегӯяд, агар маҳкумияти Парвиз Мушарраф муайян шавад, раисиҷумҳури пешини Покистонро ҳукми абад ё эъдом интизор аст.

Беназир Буҳуто, нахуствазири пешини Покистон 27 декабри соли 2007 дар пайи як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Равалпиндӣ ба қатл расонида шудааст. Гуфта мешавад, алайҳи Мушарраф дар ҳоле парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки собиқ раҳбари пулиси Равалпиндӣ дар раванди тафтишот гуфта, ки бо фармони раисиҷумҳури пешини Покистон низоми муҳофизати Беназир Буҳуто заиф карда шуда буд.

Бар асоси ин гузориш, алайҳи Парвиз Мушарраф се парвандаи ҷиноӣ боз шудааст: Якум, оид ба куштори Беназир Буҳуто, дуюм, дар робита ба қатли Акбар Буҳуто, раҳбари миллигароёни Блуҷистони Покистон дар соли 2006 ва ҷорӣ намудани ҳолати изтирорию боздошт кардани Суди олии Покистон. Ба иттилои манбаъ, ҳоло раисиҷумҳури пешини Покистон мавриди ҳабси хонагӣ дар Қасри худ дар яке аз навоҳии наздик ба Исломобод қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!