Бахшҳо
20 авг 2013 11:38Тоҷикистон / Сиёсат

Қабули лоиҳаи ниҳоии консепсияи пешазинтихоботии “ислоҳотхоҳон”

Лоиҳаи ниҳоии консепсияи пешазинтихоботии Итиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳо бо аксари оро қабул гардид.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, лоиҳаи Консепсияи ИНИТ имрӯз 20-уми август зимни ҷаласаи гуруҳи кории ин иттиҳод дар қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Охири ҳафтаи гузашта ислоҳотхоҳон лоиҳаи консепсияи пешазинтихоботиро барои баррасии шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода буданд ва дар умум ба онҳо 547 тағйиру илова ва ҳамзамон 7 барномаи комили алтернативии консепсия пешниҳод гардидааст.

Сайфуллозода мегӯяд, бо назардошти ҳамаи пешниҳодҳо имрӯз лоиҳаи ниҳоии консепсия қабул гардид ва дар назар аст, ки дар ҷаласаи навбатии ИНИТ рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ ба тасвиб расад.

Маврид ба зикр аст, ки дар аввоили моҳи июл намояндагони аҳзоби сиёсӣ, коршиносон, ҳуқуқдонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешниҳоди номзади ягона ва ширкат дар интихоботи президентӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда буданд. Дар ҳамоиши қаблӣ Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳод кард, номзади ягона барои чаҳор сол ба мақоми президентӣ интихоб шуда, баъзе аз салоҳиятҳояш маҳдуд шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар ин мавзӯъ изҳори назар мекард, гуфт, “президенти оянда бояд барои як давраи гузариш интихоб шавад, агарчи Қонуни асосӣ салоҳияти 7 сол медиҳад. Вале бояд он номзад тааҳҳуд бидиҳад ба нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеа, ки дар як муддати гузариш на бештар аз 3-4 сол барномаи муштараки моро амалӣ мекунад ва шароитро барои интихоботи демократии дигари президентӣ омода месозад ва муҳимтар аз ҳама президенте, ки дар ин давра интихоб мешавад, ҳаққи номзад будан пайдо нахоҳад кард.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, то кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демокртаӣ эълон кардааст, ки бо номзади худ дар интихобот ширкат хоҳад кард. Инчунин, Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, низ чанде пештар дар ҷавоб ба саволи корбарони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” эълон дошт, ки агар нерӯҳои демократӣ бихоҳанд, ба ҳайси номзади ягона иштирок мекунад. Аҳзоби дигар, аз ҷумла ҲНИТ низ изҳор дошт, ки дар интихобот ширкат мекунад.
Мӯҳр
Боракаллох огои Кабири, иштирок кун аммо иштироки Шумо на онкадар мухим аст, чунки шуморо кам овоз хоханд дод... дар шабакахои телевизеони дируз тамошо кардам сокинони нохияи Муъминобод аз Шумо бенихоят шикоятхо доштанд зеро онхо иброз доштанд, ки мо огох набудаему мо аъзои ХНИТ... Барои чи чунин шуда бошад?....
Барои мо хубтару бехтарин президент ин раисчумхури хозира Э. Рахмон хохад буд... Каме ба таърихи солхои 90-ум ва аввалхои асри хозира каме назар андозем хохем фахмид....

ээээКабири..метарсед лар интихобот иштирок кунед..хамин хел мардона гуед...чи даркор ин афсонахо..маъсулятро ба ягон бечора бор.кардан ки маълум бой медихад....шумо бо хамрафиконатон...хуб хастед....

Бале огои Кабири! Хакчу хак мегуяд. "Барои мо хубтару бехтарин президент ин раисчумхури хозира Э. Рахмон аст.... Каме ба таърихи солхои 90-ум назар кунед хамаро хохед фахмид. Новобаста ба чанг мардум бо барку газ таъмин буд. Харакати озоди шахрвандон ва рафту о бо хамсояхо вучуд дошт. Чаноби Оли хам мисли мову Шумо зиндагии омиёна доштанд. Имруз чи?
Барк нест! Об нест! Газ нест! Зиёда аз 2 миллион мухочир дорем!
Чи Шумо мехохед, ки президент шуда бо мухайё намудани ин хама ин 2 миллион шахрванди Точикистонро ба кишвар баргардонед ва маро аз гуломии Россия озод кунед? Ё мехохед шартномаи будубоши артиши Русияро дар Точикистон бознигари намуда, ОКНО-ро бозпас гиред?
Ин тавр накунед. Шукри тинчиву ороми, шукри хоки ин ватанд кунед. Агарчи ин ватан ба мо кор намедихад, агарчи шикамамонро сер намекунад, агарчи моро дар ба дар кардааст вале шукри хоки ин сарзамин кунед, ки аккалан часадамонро дар худ чой медихад ку

самандар
зоиров рахматуло ту дар чонам зади кати хамин вохимахот. рав дар ватани худат катаги намо инча точикистоанй чи дар мо омада хучаиниву рохбари кардан мехохи. ту еврехои узбекистонию. фахмо

Хакчуи бесавод, ту бояд номатро иваз куни!! барои ту баринхо номи "шумо барин махлукхо ба чунин номхо меарзед, и мы узнав о вас будем игнорировать ваши комменты.. шумо барин махлукхо ..... будед чунин мемонед,, касе омад сарвари шумо дуруяхо лагандбардори онхо мешавед!!

Эй Хакцуй садкаи номи хакцуят куна бе маърифат. Шахсе,ки номашро дар Интихобот мегузора новобаста аз он ки у Кабирист,Зоиров ё Эмомали бояд дастур амале дошта бошад барои манфиати Миллат. Доим аз солхои 90-ум харф заде, о хаёл карди мадум бесаводан намефахман? Дар карни 21 зиндаги дорем шарм намедори интури сухан мегуи? О садка Кабириву Зоироват куна инхо дилшон ба ин мардум месузад.

Саид...,
САИД ОНХО НАМЕТАРСАНД АЗ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ВАЙХО АЗ ТУХМАХОИ НОГАХОНИ МЕТАРСАНД, КИ ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОНИ МОРО ДАР КОР ШАВАД КАСЕРО ХОХАНД БО КАРУПСИЯ БО ТАЧОВУЗ РУИ РОСТ ТУХМАТ МЕКУНАД ТУ МАГАР ИНРО НАМЕДОНИ, КИ ДАР АМНИЯТИ МИЛЛИ ДАР МВД ДАР ПРОКРОТУРА ДАР СУД ДАР КАРУПСИЯ ХАМА БЕ ИНСОФОН ОДАМХУРОН ДУЗДОН КОР КАРДА ИСТОДААНД.....
АГАР ФАРМОН АЗ БОЛО ШАВАД ВАЙХО БА ХАМА КОР КОДИРАНД...

Хакчуй,

Ҳақҷӯй ҳастӣ ё хакчуй, касе ҳам набошӣ, фақат кӯру нобино набош! Магар намебинӣ, дар муддати 20 сол Тоҷикистон ба яке аз қиматтарин мамолики дунё мубаддал гашт. Як квартираи камтар бо рангу намӯд аз 50 ҳазор $ кам нест. Дар ягон кунҷи мамлакат! Ҳавлидорҳо бо 100 ҳазору миллион гап мезананд. Дар ҳоле ки дар давлатҳои ҳамсоя бо 4-5 ҳазор доллар квартира харидан мумкин аст. Нарху навоъро дар бозорҳо бубин, ба ин чӣ мегӯӣ?
Фасод, ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, бекорӣ ва дарбадарии мардум, поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ғурӯри миллӣ, беобрӯ шудани миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, бедодгарии милиса, органҳои тафтишот ва маҳкама, бенизомӣ дар тиб, маориф, нақлиёти мусофирбар ва дигар идораҳои давлатӣ ва садҳо камбудиҳое ҳастанд, ки "аз баракати" ҳамин ҳукумати "боевикҳои" солҳои ҷанги бародаркушанд. Тавре кардедки тоҷикон тарсу, лаганбардор, аробакаш, мусуркаш ва бесаводи дунё гаштанд! Мо ҳоло ҳатто дар давлати худ байни дигар қабилаҳо беобрӯ ва беэҳтиром шудаем. Ба инҳо чӣ мегӯӣ?!
Ту барин авомфиребон ҳеч думи солҳои навадумро дигар сар намедиҳед! То ба кай мардумро метарсонед? Ҳамон ҷангро ҳам худатон оташ зада будед, барои ки як умр вайро дастак карда, ҳукумат бикунед. Кӯр ки ҳастӣ ё дидан намехоҳӣ, мнбаъд забонатро ҳам дор!

эээшумо хело хам содда..онхо мехоханд як бузакро пешбари карда..тамошо кунанд чи гуна бо по мгутад...худашон аз дасташон балое набарояд..шумо чи фикр мекунед ки коррпсия нест мешавад...дахчанд мешавад..дар ин чор соли ба гуфти онхо гузариш..чи конрхои харом мешавад..на созанда..хама аз хамон будагиашам дур мешавад..худашон мард бошанд ба интихобот раванд..а бузаки чингилапо ....хар сеяшан хам равад...бохт мекунаннд....онхо инро нагз медонанд.

мухочир
мардак барин агар интихобот бетакалуб гузарад Рахмон 15 фоиз овоз мегираду халос. мисол мо дар як утоки 2хона 25 нафар аз тамои гушайи ТЧ истикомат дорем, ягон нафаре нес дар мобайни мо, ки Э Рро чонибдор бошанд. хулас 1 милион нафар аз рузи сахташона мухочир шудаанду азобу машакат мекашашанд ва гунахгори асоси Э Р медонанд ва мукобили он рай медханд. ин малумот асос дорад касе бовар надорад мархамат бо чашми худ биояд бинад


mardakvori be intixobotu bo intixoboti ozodu shafof rahmon meguzarad.inro hama medonand.in hukumatro bo jonboziho giriftagiand.ba hej kas nametan.zuri behuda nazanen miyonton az 8-jo meshikanad.hukumat bokuvvat shudaast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)