Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

СРУ ба ҳамдастӣ дар табадуллоти Эрон иқрор кард

20 август 2013, 16:36

Идораи марказии кашшофии Амрико асноди махфиеро ошкор намудааст, ки иртиботи мустақими ин ниҳод дар табадулоти соли 1953-и Эронро тасдиқ мекунад.

Ин ҳуҷҷатҳо дар сомонаи Хазинаи хадамоти миллии амният (National Security Archive), як созмони ғайриҳукуматӣ, ки ба ҷамъоварии маълумоти махфӣ машғул аст, нашр шудаанд.

Лента.ру менависад, то имрӯз 21 санаде, ки даст доштани СРУ дар омодагӣ ва анҷоми амалиёти «Аякс» (TPAJAX)-ро тасдиқ мекунад, нашр гардидааст. Ҳадафи ин амалиёт сарнагун кардани Муҳаммад Мусаддиқ, нахуствазири Эрон ва сари қудрат овардани шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ гуфта мешавад.

Дар ҳуҷҷатҳо яке аз сабабҳои аслии дахолати СРУ ба сиёсати дохилии Эрон эҳтимоли зери «пардаи оҳанин» қарор гирифтани кишвар гуфта мешавад. «Ин ба маънои пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги нарм ва мағлубияти Ғарб дар Ховари Миёнаро дошт»,- навиштааст Доналд Уилбер, яке аз муаллифони амалиёт дар гузориши худ.

Ҳуҷҷатҳо бо дархости Малколм Бирн, муовини директори хазина бахшида ба 60-солагии инқилоб, ки 19-уми августи соли 1953 ба вуқӯъ пайваст, таслим шудааст. «Дигар ҳоҷати махфӣ нигоҳ доштани чунин як ҳолати муҳими гузаштаи мо нест»,-гуфтааст Бирн ва илова кардааст, то ҳанӯз бисёр ҳодисаҳои марбут ба кудатои Эрон махфиянд.

Матолиби тасдиқкунандаи ширкати хадамоти вижаи ИМА дар табадулоти Эрон қаблан низ дастраси ҳамагон шуда буд. Соли 2000-ум The New York Times матлаберо нашр кард, ки дар он аз ҳамдастии Амрико ва Бритониё дар сарнагун кардани ҳукумати Эрон нақл мешуд, менависад Лента.ру.

Табаддулоти соли 1953 роҳро барои дигаргуниҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна ҳамвор кард ва солҳо баъд ба Инқилоби Исломӣ дар Эрон мусоидат намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!