Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:09

Мушовири президент гуфтаҳояшро дар мавриди салафия шарҳ дод

20 август 2013, 18:43

Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон, изҳороти ахираш дар мавриди муносибати давлат ва динро, ки аз ҷониби бархе ҳамчун ҳимоят аз мазҳаби салафия талаққӣ шудааст, шарҳ додааст.

Фаттоев 15-уми август, дар ҷаласаи «Маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ» дар мавзӯи “Муносибати давлат ва дин дар ҷомеа” ибрози назар карда, аз ҷумла зикр намудааст, ки 4-уми июл дар мулоқот бо руҳониён президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "давлати Тоҷикистон барои бароварда кардани ниёзҳои динии мусулмонон ва намояндагони дигар мазҳабу динҳои кишвар тадбирҳои сершумор амалӣ намудааст ва хоҳад кард.”

Бо ишора ба гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаводиси хунини олами араб Саймурод Фаттоев афзудааст, ки барои оромиш ва субот дар ҷомеа принсипи дунявият аз ҳама беҳтар аст: “Чунки дар ҷомеаи дунявӣ ҳар нафар дар интихоби ақидаи динӣ ва ҷаҳонбинӣ озод аст ва ҳеч кас ҳақ надорад, ақидаи худро ба дигарон таҳмил кунад.”

Мушовири давлатии президент ҳангоми муҳокимаронӣ дар мавриди эҳтиром гузоштан ба арзишҳои динию мазҳабӣ таъкид намудааст, ки “дар мавриди дину диёнат, мазҳабу ҷараёнҳо ботаҳаммул бошем, аз тундгароӣ роҳ нагирем ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси намояндагони дину мазҳабҳои дигар нарасем. Зеро бархе аз онҳо дар баъзе кишварҳои ҷаҳон характери расмӣ доранд. Масалан, ҷараёни салафия ҳарчанд дар кишвари мо мамнуъ эълон шуда бошад ҳам, вале дар кишвари Арабистони Саудӣ аксари мардум аз он ҷонибдорӣ мекунанд.”

Бо ишора ба он, ки таҳлилгарон ва бархе аз руҳониён ин изҳороти мушовири давлатии президентро як навъ тағйир ва таҳриф намуда, онро ҳамчун муносибати давлат ба салафиҳо талаққӣ кардаанд, хабаргузории "Ховар" аз Саймурод Фаттоев бори дигар хоҳиш намудааст, ки гуфтаҳои худро барои омма ташреҳ диҳад.

Дар шарҳи Фаттоев аз ҷумла омадааст, “он чи ки ман дар ҳамон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ изҳор доштам, баъзе рўзноманигорону коршиносон онро ба манфиати худ истифода карданӣ шуда, гуфтаҳои мазкурро таҳриф карданд. Гап сари он меравад, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, эътиқод ба ин ё он дин озод аст. Яъне ҳар кас метавонад ба кадом дине ки хоҳад гаравад: он хоҳ исломӣ бошад, хоҳ насронӣ. Ё метавонад, ки дорои мафкураи даҳрӣ бошад. Фақат шарти муҳим он аст, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро риоя намояд, ба ихтилофи динию мазҳабӣ, миллию нажодӣ роҳ надиҳад. Танҳо дар ҳамин сурат ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва сулҳу субот дар ҷомеа таъмин мегардад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
на факат мо дини исломро мехохем на насрони на дигараш мо дини исломро мехохем ки чи гуна пайгамбар ( с) амур кардабошад
Посух додан
  • Шарванд

  • 21 август 2013 00:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз хам дуруг ва боз хам тахриф! Агар рост мегуед, чаро акидаи дунявияти худро шумо як гурухи хурдакак ба 90% мардуми мусалмон тахмил мекунед? Дуввум чаро ин кадар бачахои точик факат ба хотири салафи, таблиги ва хатто нахзати, ки як хизби расми аст дар зиндонанд? Чаро охир, факат ба хотири ин, ки акидаашон ба шумо хукуматдорон маъкул нест?! Чаро бо миллат руи рост гап намезанед? Агар рост мегуед чаро ба аъзои хизбхои дигар аз зуру фишору тахкир истифода мебаред? Гапи гузаштаатон хам як эътироф ва хам хатои дипломати буд, инро кабул кунед, сухан, ки аз дахон парид дигар чамъ карданаш мушкил аст.
Посух додан
  • якбаяк

  • 21 август 2013 08:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаттоев сар вайронай чи. Хами гуфтахотам чунин маъни дора ки салафихода кор нагирен
Посух додан
  • soir

  • 21 август 2013 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То шумо ина фахмидед бисерихо 5-6 соли умри худро дар махбас гузарониданд
Посух додан
  • Мохпари

  • 3 сентябр 2013 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба шахрванд!!! Боз хамон сенарияи маймунбози ва мардумро ба 90 ва 10 фоиз таксим карданро сар кардаед. Кадом бачахои нахзати дар махкама хастанд? Русиёхи накун. Як гапи намешидагира мекаши ин тарафу он тараф ва окубат аз ин тов додани ту баринхо мо халки одди чабр мебинем. Кор надори дига. Хамин кадар сомонаи хонданбобро Р--- чазир карден. Миллат аз ту хам безор хаст, аз салафи ва дигархоятон. Барои мо ороми ва асаби тинч лозим аст, дигараша ту не! Худо медихад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!