Бахшҳо
21 авг 2013 11:49Тоҷикистон / Сиёсат

Бардошти Додоҷон аз боздошту раҳоияш дар Гурҷистон

Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, ки шаби 19 ба 20-уми август, дар фурудгоҳи Тбилисӣ боздошт гардида буд, бо дахолати мақомоти Олмон ва созмони хабарнигорони бидуни марз раҳо шудааст.

Ин хабарро дар суҳбат бо “Озодагон” наздикони Додоҷон таъйид намуда, изҳор доштанд, ки ӯ соати 5 бо вақти Гурҷистон раҳо шуда, айни ҳол дар Олмон, ки ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ додааст, қарор дорад.

Худи Додоҷон аз Олмон бардошташро аз боздошту раҳоияш дар Гурҷистон чунин шарҳ медиҳад: “Мақомоти тоҷик дақиқ медонистанд, ки ман ба Тбилисӣ парвоз дорам. Шояд касе хабаркашӣ кардааст, ё хадамоти кашшофии кишвари дигар кӯмак кард, ки хабар ёфтанд ва як ҳайати қудратиёни тоҷик дар Тбилисӣ ҳузур доштанд, то мақомоти Гурҷистонро барои истирдоди ман ба Тоҷикистон розӣ кунанд.” Ба гуфтаи Додоҷон дар ин ҳолат ӯро дахолати Олмон халос кардааст ва вай дигарбора озод шуд.

Додоҷони Атовуллоҳ дар сафҳаи фейсбукияш мегӯяд, озодияш баёнгари он аст, ки мақомоти Гурҷистону Олмон мақомоти Тоҷикистонро ҷиддӣ намегиранд ва дархости Тоҷикистон ба Интерпол барояшон аҳамияте надорад: “Ҳама аллакай медонанд, ки Душанбе Интерполро на ба хотири мубориза бо ҷинояткорӣ, балки ба ғаразҳои сиёсию шахсӣ истифода мебарад.”

Субҳи 20-уми август, Додоҷон дар лаҳзаҳои аввали боздошташ, дар саҳифаи фейсбукияш аз қавли монбеъ навишта буд, ки ӯро ҳабс нахоҳанд кард ва базудӣ озод хоҳад шуд. Ӯ ҳангоми парвоз аз Прага ба Тбилисӣ боздошт шуда буд ва тавре худи ӯ иттилоъ дод, "боздошти ӯ бо дархости интерпол сурат гирифтааст ва айни ҳол интизори қарори ҳукумати Гурҷистон мебошад.

Ба навиштаи Додоҷон мақомоти тоҷик ӯро дар терроризм муттаҳам мекунад ва мақомоти гурҷӣ ӯро чанд бор мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, рӯзи 15-уми июл дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав низ дар ҳоле, ки ӯ аз Прага бармегашт, боздошт шуда буд, аммо баъди чанд соат дубора ба Прага фиристода шуд.

Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон мебошад, ки дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.

Додоҷони Атовуллоҳ тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз якуним рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.
Мӯҳр
Ванга
Боз чандин бор халос хохед шуд..........

Диловар
беҳтари гап!!!!!!!!!
“Ҳама аллакай медонанд, ки Душанбе Интерполро на ба хотири мубориза бо ҷинояткорӣ, балки ба ғаразҳои сиёсию шахсӣ истифода мебарад.”

Почему в интерполе отсуствует фотография Хол Машараба, когда он продал половину земли Ленинского района?

муаллим
Салмон
Дуо мекунем,ки Худованд Додочони Атовуллоро хамеша дар панохаш нигох дорад ва сихату саломат ба Ватан баргардад.

ватандор
Ха намехостагии оромии ватан гурехта гард вакташ мебиёд дар назди мардуми ин сарзамин ТОЧИКИСТОН чавоб хохи гуфт.

Ха намехостагии оромии ватан гурехта гард вакташ мебиёд дар назди мардуми ин сарзамин ТОЧИКИСТОН чавоб хохи гуфт.

ОЗОДАГОН
Ҳамин иғвогаритон хуб нест. мардума асабошона хароб мекуни. чи даркор ҳамин додора реклама кардан. Ма як хонандаи шумо дигар намехошам ки рузномаи шуморо хонам. ин иғвогар ва ин палид ҷояш дар саҳифа маҷаллаи шумо нест. ин як ҳаром аст ки бар зидди ватани худ бар зидди хешу ақрабо ва миллати худ ҳарф мезанад. Муҳтарам кормандони ОЗОДАГОН, ба фикрам Шумо ин одама аз пеш намешиносед. Ин додора парондан ба тир ҳайф мешавад. Ина овехтан даркор ки паррандаву чарранда хурад вайа.
Саҳифаҳои маҷалаи шуморо Мавлоно, Додо Атавло, Кабири ҳайф мекунанд. Бас ҳамин иғвогарӣ. Мардума ба шур наоред. Мардума ҷанг наадозед. Боқи Худованд нигаҳбони шумо.
Озод бошед илтимос чоп кунед агар не худо худаш шоҳид. Фикр намекунам ки чоп мекунед, чунки ҳақиқат ҳамавақт талх буд, ҳаст ва мемонад.
P.S. Одамҳое, ки тарафдории уро дар саҳифаи маҷалаи шумо мегиранд, худи додо ҳаст на каси дигар. Худаш худаша таъриф карда гаштай.

ОЗОДАГОН
Раҳмат ба падартон
шумо дар ҳақиқат озод будастеду лекин гиред ҳами маймуна аз саҳифатон

аБДУЛЛО
ВОЙ БАР ОН МИЛАТЕ, КИАГАР ЧУН ДОДОЧОНИ АТОВУЛЛО ПЕШВО ДОШТА БОШАД

ЭЭЭЭййй мардум хушатона дар саратон гиред агар ин шахс милатдуст мебуд е ватандуст хеч вакт Ислом Каримову Махмуд Худойбердиев барин душманони миллату ватани моро таърифу тавсиф намекард.Ин як гуммошта зархарид

ҳалим,
Ҳалими мӯҳтарам,

аслан ин вазифаи ҳар як нашрия аст, ки аз паси матолиби овозадор гардад, вагарна ягонтаи онҳо як рӯз ҳам вуҷуд дошта наметавонанд. Хонандаро аз даст медиҳанд. Ягон рӯзнома ёки ҳафтанома наметавонад ба ҳама маъқул бошад. Ин чизи муқаррарӣ аст. Дар нашрия кадом матлабе ки таъби дил ё даркор аст, ҳамонро мехонӣ. Дигарашро танҳо варақ мезанӣ. Баъзан ин тавр ҳам ҳаст: маводе ки ту аз он нафрат дорӣ ( дар мисоли ту - Д.А.), дигар хонандаҳо аз он завқ ё лаззат мебаранд ё барои онҳо ҷолиб аст. Аз ин хотир, ба нашрия шарт ё ултиматум гузоштан чандон кори оқилона нест. Рости гап, онҳо ба гапу калочаи хонандаҳо гӯш ҳам намекунанд, лекин ба назар гирифтанашон мумкин. Дар байни ҳамаи нашрияҳое ки дар Тоҷикистон маълум аст, ОЗОДАГОН бо табиати либералӣ ва озодандешии худ ҷойи хоса дорад. Худи ман ҳозир фақат ҳамин ҳафтаномаро мехонам, бо дигарҳояш коре надорам. Агар даъвату валвалаи ифротӣ (экстремистӣ) надошта бошӣ, қариб ҳамаи шарҳҳоятро чоп мекунанд. Баъзан ман аз хондани матолиби асосӣ дида, бештар аз хондани шарҳҳои хонандагон завқам меояд. Забон ва фикру ақидаҳои гуногун, баъзеҳояшон то дараҷе хандаовар мебошанд. Умуман ОЗОДАГОН НАШРИЯИ ВОҚЕАН ОЗОД АСТ. Боре касе дар шарҳаш нависта буд ки "метарсамки ҳамин ОЗОДАГОНРО як рӯз набанданд". Ман ҳам аз ин метарсам. Худо нигаҳ дорад.

Маша
Давидани гусола то кахдон, окои Додочон! немис то кая пштита мегира беномус!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)