Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:43

Вазир тобеинашро барои худсариҳо дар Иди Фитр ҷазо дод

21 август 2013, 14:26

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини пулис, ки дар арафаи Иди Фитр, рӯзҳои 6 ва 7-уми август, худсарона дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ, дидбонгоҳ ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ мавриди санҷиш қарор додаанд, муҷозот шудаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, бо супориши вазири умури дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон ин ҳолат санҷида шуда, бо фармонаш дастандаркорон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Аз ҷумла бо фармони вазир, барои дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ аз меъёр зиёд сафарбар намудани қувваҳои иловагӣ ва безарурият боздошт намудани воситаҳои нақлиёт, ки ба танбашавии онҳо дар шоҳроҳ оварда расонидааст, ба сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ӯ низ муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Искандаров Абдулваҳоб Мансурович «Танбеҳ» эълон карда шуд.

Ба иттилои ВКД барои назорати суст аз болои фаъолияти зердастон ба сардори ШБДА ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб майори милитсия Фозилов Дилшод Хушқадамович «Танбеҳи қатъӣ» эълон гардидааст.
Инчунин барои назорати суст аз рафти хизматбарии зердастон ва тарзи нодурусти бақайдгирӣ дар китобҳои дидбонгоҳи доимоамалкунандаи «Олимтой»-и ноҳияҳои Восеъ, инчунин дар ҳолати корношоям қарор доштани дастгоҳҳои банаворбардории дидбонгоҳи мазкур ба командири взводи Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб лейтенанти калони милитсия Қаюмов Саёд Умарович «Танбеҳ» эълон шуд.

Баробари ин барои вайрон намудани талаботҳои Фармони ВКД ҶТ таҳти №754 аз 7 декабри соли 2010 «Дастурамал оиди Хадамоти роҳбонии бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба хунукназарӣ роҳ додан, ба нозир оид ба кофтукови ШБДА ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб лейтенанти милитсия Камолов Икромҷон Назарович ва ба нозири дастаи Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб старшинаи милитсия Табаров Зокир Муродович «Танбеҳ» эълон гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ibrohim

  • 21 август 2013 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун баъди ТАНБЕХ оламгулистон мешавад. Товба ин кадар руй сиёх шудаанд мансабдорони мо. Ба фикрам он милисхое, ки рузи ид пул кор карда будам бутун ба боло равона карданд, ки ТАНБЕХи ширин гиранд)))
Посух додан
  • shams

  • 21 август 2013 15:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вазири мухтарам! Шумо хуб огахи доред, ки дар арафаи идхо БДА чи тавре, ки мардум бо хазл мегуянд Бедехи доляи аката максади идона чамовари мекунанд. Чаро танхо ба эшон танбех, касеро аз кор пеш ва ба чавобгари накашидед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саломат бошед вазири мухтарам! дар хакикат ба мардуми кишвар хизмат карда истодаед, дастатон дардро набинад. Ман бародарон шохиди ду ходиса хастам, дар ду холатам хизмати вазир маъум аст. Агар хамаи мансабдорон чунин кор мекарданд то ин вакт хело сатхи чинояту чинояткори паст мешуд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!