Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:11

Парлумон пӯшидани ҳиҷобу рӯсариро иҷоза медиҳад

10 май 2011, 13:18

Парлумони Озорбойҷон тасмими Вазорати маорифи ин кишварро дар хусуси манъи ҳичоб дар макотиби ҳамагонӣ дастгирӣ намекунад. Дар Озорбойҷон ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии мардум таъмин карда мешавад.

Феълан ягон маҳдудият дар мавриди рафтани хонандагон ба дарс бо ҳиҷоб ва ё рӯсарӣ нест. Зеро чунин озодиҳоро Конститутсияи кишвари мо кафолат додааст-гуфтааст Баҳор Муродова, муовини раиси парлумони ин кишвар.

Бино ба гуфтаи бону Муродова ҳукумати ин кишвар тарафдори афзудани ихтилоф ва зиддиятҳо  дар умури мазҳабии мардум, бахусус пӯшидани либоси мусулмонӣ нест. «Озорбойҷон кишвари демократист ва давлат тарафдори баррасии ин масъала аз роҳи қонунӣ мебошад»-гуфт зимни як сӯҳбат ба хабарнигорон ба масъалаи ҳамойиши эътирозии чанд рӯз қаблии мардум дар назди вазоратьи маорифи кишвараш дахл карда.

Аммо ба эъломияи охири муовини раиси порлумони ин кишвар нигоҳ накарда, то ҳанӯз масъулини соҳаи омӯзишу парвариш толибилмони макотиби ҳамагонии кишварро аз воридшави ба дарс бо рӯсарӣ ва ё ҳиҷоб боз медоранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 май як гурӯҳи волидон, ки ҳудуди беш аз 150 нафарро ташкил медоданд, дар назди бинои вазорати морифи Озарбойҷон таҷаммӯъ карда хостори истеъфои вазири маорифи кишвар шуданд. Хамойишгарон тасмими ин ниҳодро дар хусуси манъи рафтани хонандагон бо русарӣ ба дарсро нақзи ҳақашон оид ба эътиқод донистаанд.

Дар натиҷаи тасмими пароканда  кардани онҳо миёни пулис ва мардум задухӯрд ба амал омада, чандин  тан аз мардуми эътирозӣ ҷароҳат бардошта буданд.

Гуфтанист, вазорати маорифи ин кишвар барои соли таҳсили 2010-2011 тарҳи либоси ягонаи мактабиро пешниҳод намуда буд, ки дар он пӯшидани ҳиҷоб ё рӯсарӣ нишон дода нашудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!