Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:04

Забту мусодираи 250 кило маводи мухаддир дар шаш моҳ

25 июл 2011, 04:25

Дар ноҳияи Шӯрообод дар нимсолаи аввали соли 2011-ум аз ҷониби кормандони кумитаи амният дар якчоягӣ бо сарҳадбонони қисми ҳарбии мустақар дар ин ноҳия, 250-килограмм  маводи мухаддир  кашф ва мусодира шудааст.


Ба қавли Аскаршоҳ Наврўзов, сардори шӯъбаи амнияти ноҳия, аснои забту мусодираи маводи нашъадор аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик 3-тан аз қочоқбарони афғон ба ҳалокат расида, 1-тани дигар маҷрўҳ гаштааст.
Бино ба иттилоъ, миёни сарҳадшиканон, ки ҳамагӣ шаҳрвандони ҷумҳурии Афғонистон будаанд, 2-тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ будааст. Дар ҳамин ҳол, кормандони милисаи ноҳия ҳам дар 6-моҳи имсол аз сокинони маҳаллӣ ба миқдори 17-килову 633-грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 3-кило маводи сахттаъсири ҳероин  ошкор ва мусодира кардаанд.
Гуфта мешавад, соле пештар, дар ҳамин давра кормандони милиса ба миқдори 43-килогром маводи нашъадорро ёфт ва мусодира карда буданд. Бино ба иттилои Ғиёсиддин Умаров, прокурори ноҳия, дар 2-ҳолати ҷинояти мазкур нисбат ба 5-тан аз қочоқчиён  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гаштаву ба суд ирсол гаштааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!