Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:49

Расулиён курсии декани факултаи журналистикаро ихтиёран гузоштааст

21 август 2013, 15:49

Фаррух Ҳайдаров, мудири шуъбаи Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, декани факултаи журналистикаи ин донишгоҳ таъин гардидааст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз садорати донишгоҳ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ Фаррух Ҳайдаров номзади илмҳои филологӣ, дотсент буда, имрӯз маросими шиносоӣ ва муаррифияш дар факултаи журналистика баргузор гардидааст.

Ҳайдаров дар ин вазифа Қаҳҳори Расулиён, доктори илмҳои таърих, профессорро иваз намуд, ки аз моҳи майи соли 2011 то ҳол вазифаи декани факултетро иҷро намуд. Дар шарҳи сабаби барканории Расулиён манбаъ афзуд, ки “чун Расулиён таърихчӣ буд, бо хости худашон ба роҳбарии кафедраи таърихи халқи тоҷик гузаштанд ва ба ҷояш Ҳайдаров таъин шудааст.”

Қаблан фаъолияти садорати ин факулта мавриди таваҷҷуҳи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд ва хостори он шуд, ки кадрҳои нав дар фазои ватандустию касбӣ тарбия ёбанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • коргардон

  • 21 август 2013 17:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рости аз хатмкунии ин журналистони дмт хеч фоида нест. як санчида бароед, ки хамасола чанд нафари онхо дар тв кор мекунанд. ангуштшуморанд. хамасола тв-хо озмун эълон мекунанд нафаре пайдо намешавад ,ки бо диди нав ё мухаррири хуб омада гузарад.охир хамаи штатхо холи биёед кор кунед чи дар кор ин кадар журналистон бесаводи бемаъни. (стендапро пурсидам намедонад) дар бораи пахши мустаким гап зан мегуям ,ки чи гуна сурат мегирад намедонад. донишкадаи м турсунзода аз дмт бадтараст.
Посух додан
  • Галтак

  • 21 август 2013 22:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О чи хел таърихчи декани факултаи Журналистика мешудаст?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зарурати факултаи журналистика дар ДМТ гумонам хатми аст, зеро ДМТ ягона Донишгохест,ки дар худ кариб тамоми кардхои зарурии Точикистонро мепарварад. Каххори Расулиён дар хаккикатан марди хоксор ва дар ирода кави аст, вале бисёрихо фикр доштанд дар ин факулта касе истодагари бояд кунад, ки наздиктар ба ин чанбаъ бошад. Оиди декани нав дар сарогози мохи сентябр бисёр чизхоро дарк хохем кард.
Посух додан
  • Студент

  • 22 август 2013 01:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаррух Ҳайдаров нею Ҳайдаров Фахриддин Наботович аст. Ин шахсро бо тахаллуси "Фаррух" мешиносанд
Посух додан
  • Abu-Umar

  • 22 август 2013 07:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
KAdrhoi nav dar fazoi hukumat dustiyu oli janob dusti tarbiyat namoyand yane ki Rahmonov parasti.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!