Бахшҳо

“Кемрӣ”-саворон шаҳрванди афғонро дар Душанбе ғорат кардаанд

Вазорати умури дохилӣ аз боздошти 5 ҷавони тоҷик хабар дод, ки бо тариқи зӯроварӣ як шаҳрванди Афғонистонро дар Душанбе ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемрӣ» савор карда, ғорату латукӯб намудаанд.

Ба иттилои ВКД ба шуъбаи пулис дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванди Афғонистон Абдулқодир Абдулфато, соли таваллудаш 1987, сокини Душанбе муроҷиат намуд, ки санаи 19 августи соли 2013, дар назди маркази дилхушии «Опера», воқеъ дар кӯчаи Анзоби пойтахт, шахсони номаълум бо тариқи зӯроварӣ ӯро ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» савор карда, ба кӯчаи Сурхоб бурдаанд ва баъди латукӯб 900 доллари амрикоияшро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ғоратгарӣ шаҳрвандон, Шоев Имомалӣ, Давлатов Зарифҷон, Шарифов Ҷомӣ, соли таваллудашашон 1992, Исмонов Маъруф, соли таваллудаш 1984, сокинони шаҳри Душанбе ва Юсупов Муҳаммадалӣ, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рудакӣ дастгир карда шуданд. Ба иттилои манбаъ айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Миллатгаро
Ин точикон хуб карланд. Афгонхо ва дигар хоричихо гузаронданд. Шояд ба ягон духтари точик дастдарозй кардаст, ки уро чазо доданд. Точикони бонангу номус ба пеш!!!

Миллатгаро,
бародар милатгаро агар ин кадар милатдуст боши кани як шахрванди хитой уйгурхоро гап зан боз хамон мазлуми точики авгонистонро ки мачбур аст ба монанди точикон дар росия хол он ки у ба хонаи худ омадааст худ куши бегонапарвар

Касе ки набошад ба чое рафт бояд эхтироми халку миллати ончоро нигох дорад шояд ягон хотое аз афгон гузашт ки чавоно худ мучозоташ карданд чунки мокомоти точик порхур хастанд. Бинобар ин чунин амалхоро чавонон мекунанд баъди зиндони шуданд боз "тарбия"-зиндони мегиранд онгох рохи онхоро гирифта намешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)