Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:37

Корхонаи истихроҷи нафт бо иқтидори 100 ҳазор тонна дар як сол ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард

25 июл 2011, 04:53

Бунёди як корхонаи коркард ва истеҳсоли нефт дар деҳаи Турбақалъаи ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар маросими шурӯъи корҳои сохтмонии ин иншоот Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт. Бино ба қавли сарчашмаи хабар, корхонаи мазкур ҷониби як соҳибкори ватанӣ сармоягузорӣ шуда ва дар назар аст, дар муддати як соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Тавоноии ин корхона 100 ҳазор тонна нефт дар як сол пешбинӣ шуда, дар сурати ба кор оғоз кардани он ҳудуди 300 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд гашт.
Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо сокинони ноҳияи Шаҳринав ба зарурати кашфу истихроҷи захоири нафту гази ватанӣ таъкид карда иброз дошт, ки дар сурати баҳрабардорӣ аз чоҳи гази “Сариқамиш”-и ин ноҳия сокинони Тоҷикистон дар муддати 50 сол бо гази худӣ таъмин хоҳанд шуд.Тибқи иттилоъи ширкати “Газпром”-и Русия, ки корҳои ҷустуҷӯиро дар ин кони маъдан анҷом медиҳад, захираи газ дар ин чоҳ ҳудуди 60 миллиар метри мукаъаб буда ва дар чуқурии 6300 метр воқеъ гаштааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!