Бахшҳо

Хонандаи синфи 9 дар дастдарозӣ ва куштори писари 9-сола муттаҳам мешавад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми дастдарозӣ ва куштори писарчаи 9-сола дар вилояти Хатлон як хонандаи синфи 9-ро боздошт намудааст.

Қаблан ин ниҳод иттилоъ дод, ки тахминан соати 18.00-дақиқаи рӯзи 19 августи соли равон аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии Асадулло, ҷамоати деҳоти Даҳана-киики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ҷасади ноболиғи 9-сола бо аломатҳои бачабозӣ ва марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Ба иттилои манбаъ ҳангоми азназаргузаронии ҷасад дар бадани ноболиғ 16 зарбаи олоти тези бурандаю халонидашуда ба қисмати гардан, аз пеш ва қафо ба назар мерасид.

Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД имрӯз, 22-юми август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҷиноят давоми як шабонарӯз, аз ҷониби гуруҳи махсуси созмондодаи вазири умури дохилӣ ошкор карда шуд: “Барои содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин ноболиғ Ғ.Х соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Фахробод, деҳаи Ҳисоробод, хонандаи синфи 9-уми Мактаби таҳсилоти умумии №3, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуда, айни замон тафтишот идома дорад.”

Вазорати умури дохилӣ таъкид намуд, ки содиршавии чунин ҷиноятҳои махсусан вазнин чӣ аз ҷониби ноболиғон ва чӣ нисбати онҳо бояд ҳисси масъулиятшиносиро дар замири падару модарон бедор намуда, дар таълиму тарбия ва назорати фарзандони хеш ҷиддӣ муносибат намоянд, то онҳоро аз ҳар осебу газанди рӯзгор ҳифз намуда бошанд.

Мӯҳр
Банда
Рахмати Худованд бар Шумо вазири мухтарам. Агар тамоми хайати шахси мисли Шумо содикона ба ватан хизмат кунанд олам гулистон мешавад. Лекин сад афсуз.

салом хонандагони азиз, ташаккур бар давлатамон ки ба масчид рафтани чавонон манъ аст омухтани куръон манъ аст, холо боз аз ин нигох карда бад тар мешад чун наврасон таълиму тарбия нагирифтанд боз натича баъдан маълум мешавад.

дунанбеги
Беҳтарин роҳи пешгирии чунин ҷиноятҳо манъи ҷавонон рафтан ба масҷид аст.Як пешниҳод мардони то 60 соларо низ аз рафтан ба масҷид манъ мекардед, хизмате барои миллат ва насли оянда мешуд.

Dev
нуриддин,
In masala ba masjidravi yagon aloka nadorad.Odami betarbiya dar hama joj betarbiya ast.Dar Tojikistoni mo 60 -70 % masjidravon gurgho dar jomai meshand... Tamomi afgonho masjidravu kuronhon , vale hama bachabozu kasif...

ноболигонро то 18-сола ба масчид рафтан намонед.холи мардум аз ин бадтар мешавад бехтар не.

бандаи Худо
Бо бахонахои ин куштори вазнин шумо дунявигийхо ичозати хамчинсбзиро конуни менамоед. Давлати мо хукукбунёдку

Dev,
аз руи гапхоят хело одами бе эмон будаи ..Масчид ин чои адабу тарбия хаст..хар коре ки инсон анчом медихад мувофики эмонаш анчом медихад..барои эмонро такмил додан инсон бояд динашро омузад.. ва Афгонхое ки мегуи бародар аслан ягонташ куронхон нест дар саросари афгонистон хамаги 20 дар 100 савод дорад ки хондану навистан метонад боки 80 фоиз мисли худат!!! ..Масчид ва Ислом ин ягона рохи начонти феъл, одоб, ахлок ва рухи инсон аст ва илло дар оянда ихел гапхо ва ходисахоро харр руз хохи шунид!

Dev,
Мухтарам DEV ман хамавакт навиштахои туро мехонам ягон сухан бо маъни наменависи.
ДИНИ ИСЛОМ ОДОБ АСТ...
КИТОБИ КУРОНИ КАРИМ ОДОБ АСТ
МАСЧИД ОДОБ АСТ
НИЯТИ МАСЧИДРАВИ ИН ОДОБ АСТ
ДАР ТОЧИКИСТОНИ МО ТО 18 СОЛАРО МАЪН КАРДАНД МАСЧИДРАВИРО ИН МАХНЕИ ОНЕРО ДОРАД, КИ ХАЙВОНШУ КАРДАНИАНД АГАР ТИФЛ ТО 18 СОЛАГИ АЗ ИСЛОМ ДУР МОНАД ВА БА ШАРОИТИ АВРУПОИ ЗИНДАГИ КУНАДУ ТАРБИЯТ ГИРАД ТО МУРДАНАША ВАЙ ГУМРОХ ЗИНДАГИ МЕКУНАД...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)