Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

Духтари президент аз сурудҳои ба Рӯзи истиқлол бахшида интиқод кард

22 август 2013, 12:05

Гулнора Каримова, духтари бузурги райисҷумҳури Узбакистон, ки гуфта мешавад дар фурсатҳои озод ба таронасароӣ ва шеърнависӣ машғул аст, ахиран аз сурудҳое, ки ба Рӯзи истиқлолият бахшида шудаанд, интиқод кардааст.

Гулнора Каримова дар саҳифаи твитераш суруд ва клипҳои сарояндаҳои ҷавони узбакро, ки ба муносибати ҷашни Истиқлол таҳия шудаанд, плагиат бо «матни аҳмақона» номидааст. «Ба таронаҳо дар васфи Узбакистон гуш карда мусиқии бегона, ритмҳои дуздӣ ва матни эҳсосотии аҳмақонаро ҳис мекунед. Аблаҳӣ! Мунақидони мусиқӣ куҷоянд»?, - навиштааст духтари президент.

Гулнора ба танқиди овозхонҳо идома дода менависад, «ҳеч кас барои дарёфти матни хуби таронаҳо худро заҳмат намедиҳад. Аз клипҳои муваффақ идеядуздӣ воқеияти маъмулӣ шудааст».

Вай аз клипҳои нави Саҳро, Зарба, Муҳаммадалӣ Нематов ва чандеи дигар мисол оварда гуфтааст, ки ин болотарин сатҳи шоу бизнеси Узбакистон аст, «вақте коргардонҳо аз худ мераванд ва оддитарин эҷоди худро шоҳкорӣ медонанд...».

Гулнора Каримова дар торнамои расмияш ҳамчун шоир, тароҳи либос ва сароянда муаррифӣ мешавад. Моҳи июни соли 2012 ӯ нахустин албоми таронаҳояшро бо забони англисӣ дар ИМА нашр кард. Гулнора бо лақаби Гугуша овозхонӣ мекунад. ва соли сипаришуда ҳамчунин таронаи «Небо молчит»-ро ба русӣ муаррифӣ намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Манда бисер маъкулай хамин духтарда хостгори фиристам мегум бай мна медода боша бобои каримуф
домодаш мешидим кошки
Посух додан
  • Фарход

  • 29 август 2013 10:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хдт тока нести ира гирифтани. Ма хам гирифтаниюм, неки ранги хдт фикр дорум, неки ма фикр дорум ки комша бигирм. Иша ё хурдиша))))

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!