Баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистону Мозамбик
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сарвазири ҷумҳурии Мозамбик, Алберто Клементино Антонио Ваквина ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат, тиб ва хоҷагии қишлоқ баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми ин мулоқот, ки имрӯз 22-юми август сурат гирифтааст, ҷаноби Ваквина ба Зарифӣ дар бобати иқтисоди Мозамбик иттилоъ дода, аз ҷумла қайд намудааст, ки кишвараш аз канданиҳои минералии энергетикӣ бой аст ва дар талоши рушди инфрасохтори худ мебошад.
Дар вохӯрӣ пешниҳод гардидааст, то пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ташаккул ёбад, зеро ҳар ду кишвар дорои заминаи хуб барои тараққиёти муносибатҳо мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |