Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:14

Талоши сеюми Убайдуллоев барои бунёди аквапарк

22 август 2013, 16:50

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, барои дарёфти беҳтарин лоиҳакаши иншооти сохтмонаш нотамоми “Аквапарк" дар пойтахт байни лоиҳакашони дохилию хориҷӣ такроран озмун эълон кард.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ озмуни қаблӣ бинобар ба талабот ҷавобгў набудани пешниҳоди довталабон бекор гардид ва аз нав барои дарёфти лоиҳакаш озмун эълон шудааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, озмуни такрорӣ на дертар аз 25-уми сентябри соли равон ҷамъбаст хоҳад шуд.

“Аквапарк” - и нотамоми Душанбе дар маркази шаҳр воқеъ буда, сохтмони он ҳанӯз 10 сол пеш оғоз шудааст. Ширкати туркии “Эмек иншаат”, ки соли 2004 дар озмуни бунёди аквапарки Душанбе пирӯз шуда буд, аз ҳукумати пойтахт беш аз 2 миллион доллар гирифтааст. Аммо баъдан дар паи ихтилофҳо оиди арзиши ин иншоот, “Эмек Иншаат” сохтмонро нотамом гузошт ва пули шаҳрдориро барнагардонда Тоҷикистонро тарк кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хоркаш зогаков

  • 24 август 2013 11:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё Убайдуллоев барои ин чавоб намедихад? Макомот хобанд магар?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!