Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:52

Мӯъминобод: 8 нафар қасд ба ҷони худ кардаанд

25 июл 2011, 05:21

Дар ноҳияи Мӯъминобод аз аввали сол инҷониб 8-нафар аз сокинон қасд ба ҷони худ кардаанд.


7-нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 1 тани дигар, ки ба воситаи доркашӣ қасди ҷон карда буд, бинобар сабаби сари вақт огаҳӣ ёфтан    сӯи хешовандонаш  зинда мондааст. Аз шумораи худқурбониён, 1-тан ноболиғ, хонандаи мактаби миёнаву 1-духтар ва 6-тани дигар ҷавонон будаанд.
Ба иттилои муовини сардори шӯъбаи корҳои дохила, майори милиса Юсуф Алиев, ба иқрори хешовандони маҳрумон, ҷумлагй гирифтори бемории рӯҳӣ будаанд.
Дар ҳамин ҳол, Мушкинисо Гулназарова, корманди масъули беморхонаи ноҳия мегўяд, нафаре аз ин қурбониён дар қайди беморони рӯҳӣ набудаанд. Ӯмегўяд, ҳамагӣ то замони худкушӣ, рўҳан саломат будаанд. Аммо ба қавли ў, ингуна ҳолатҳо дар ҳолати бехудӣ, ё  ба истилоҳ аффект ба амал меоянд, ки инсон аз рафтори худ бехабар мемонад.Алишер Ашӯров, раиси суди ноҳия гуфт, то ҳанўз ягон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳолатҳои худкушӣ аз ҷониби додситонӣ ба суд интиқол нагаштааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!