Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов бо ӯ тамос надорад

23 август 2013, 08:30

Бори охир Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов бо шавҳараш дар арафаи 18-уми август, ки интизор мерафт, дар он рӯз масъалаи истирдодаш аз Дубай ба Душанбе баррасӣ шавад, суҳбат доштааст.

Аммо дар мавриди он, ки ин додгоҳ ба чӣ қароре омад, айни ҳол Қумрӣ Ҳафизова иттилои дақиқе надорад ва дар ҳамин номуайянӣ аз набудани дастгирие аз ҷониби роҳбарони мухолифини тоҷик изҳори нороҳатӣ кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Николай Николайев, вакили мудофеи Қувватов, бегоҳи 22-юми август, баъди суҳбат бо Қумрӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Николайев, ҳамсари Қувватов дар як кишвари бегона дар ҳоли парешонӣ қарор дорад: “Ӯ бе иртиботу пуштибонӣ, айни ҳол дар рӯ ба рӯи мушкилоти рӯзмарра аз ҷумла молиявӣ қарор дорад. Ҳатто маҷбур шудем, барои рафъи фикрҳо дар мавриди худкушии Қумрӣ аз хидмати равоншиносон кор барем.”

Николайев бо вуҷуди он, ки на худаш ва на Қумрӣ бо Қувватов иртибот надоранд, иттилоъро дар мавриди истирдоди роҳбари “Гуруҳи 24” қобили эътимод намедонад. Анвар Қувватов, бародари Умаралӣ, қаблан иттилоъ дод, ки додгоҳи таҷдиди назари Дубай, ҳанӯз моҳи июл, бе ҳузури худи Умаралӣ қарори истирдодашро ба Душанбе бароварда буд.

Дар зимн як гуруҳ рӯшанфикрони тоҷик, 22-юми август, бо пахши як муроҷиатнома аз мухолифин ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон хостанд, ки алайҳи истирдоди Қувватов ба Душанбе садо баланд кунанд, чун муътақиданд, ки ӯро дар Ватан шиканҷа ва дигар бадрафторӣ интизор аст.

Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24” ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот афтод. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зиддунақиз дода мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 23 август 2013 19:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
chi ika metarsen ba vatan ovardanashba???xai metarsa chiba bar zidi hukumatu prezident baromad?kase ami rohda burdansha bravan zanu kudakosha kumak kunand.grupashon kalon budku dar k+dar moskvavu otolash dar olmon gashtesayu yori namekunan zanu kudakosha yo fahmidanki axmak shudan?bo imruz guftan ovardanshaku ba dushanbe.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!