Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:16

Мухолифи қазоқ то моҳи дигар дар маҳбас мемонад

23 август 2013, 09:38

Мухтор Аблязов, мухолифи сарсахти Назарбоев то моҳи сентябр дар маҳбаси Фаронса боқӣ хоҳад монд.

Расонаҳои қазоқӣ аз қавли вакилони мудофеи Аблязов дар ин бора хабар дода, гуфтаанд, Додгоҳи Фаронса рӯзи 22-уми август дархости озодии мухолифи қазоқро рад кардааст.

Вакилони мудофеи Аблязов мегӯянд, ин қарори додгоҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷониби Фаронса таҳдидҳо алайҳи мухолифи қазоқро воқеӣ медонад.
Ин дар ҳолест, ки Созмони Авфи Байналмилалӣ аз Фаронса хоста буд, Аблязовро ба Қазоқистон надиҳад.

Мухтор Аблязов, бонкдор ва мухолифи аршади Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон рӯзи 31-уми июл дар ҷануби Фаронса аз тарафи мақомоти пулиси ин кишвар боздошт гардида буд.

Мухтор Аблязов дар Қазоқистон ба тақаллубкории иқтисодӣ ба ҳаҷми 5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад. Додгоҳи олии Лондон феврали соли 2012 Аблязовро ҳукм ба 22 моҳи ҳабси пешакӣ карда, ҳанӯз ҳукми ниҳоии ӯ хонда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки худи мухолифи қазоқ иттиҳомот алайҳи худро рад намуда, онҳоро ангезаҳои сиёсӣ медонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!