Бахшҳо

Собиқ “наҳзатӣ”-ҳои Қубодиён зидди ҲНИТ баромаданд

Ёрмуҳаммад Пиров ва Озодамоҳ Сайфиддинова, ду масъули собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар ноҳияи Қубодиён, шоми 22-юми август тариқи барномаи ахбори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аз фаъолияти ҲНИТ интиқод намуданд.

Ёрмуҳаммад Пиров изҳор дошт, ки пас аз фаъолияти тӯлонияш дар ҲНИТ, ниҳоят тавфиқу эмонаш ӯро водор кардааст, то аз ин ҳизб даст кашад. Ӯ гуфт, “ман ба хоҳиши худам аз фаъолият дар ҲНИТ даст кашида будам. Касе, ки ақли солим дошт, фаҳмид, ки баъди солҳои тӯлонӣ Ёрмуҳаммад Пиров ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён фаъолият кард ва чун тавфиқу эмонаш қабул накард, аз ҳизб даст кашид.”

Пиров афзуд, ки баъди ӯ Озодамоҳ Сайфиддинова раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён интихоб шуда буд, вале “ин шахс низ бо вуҷуди бону буданаш, зан буданаш, чӣ будани ҲНИТ –ро дид ва аз он даст кашид: “Худованд гуфтааст беҳтарини шахсиятҳо, онҳоеянд, ки ба ҳамдигар дасти ёрӣ кӯмак, дилсузӣ меҳрубонӣ сидқану содиқан адолату адолатпарвар ва адолатхоҳ бошанд. Аммо дар ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён ин дида нашуд. Озодамоҳ Сайфиддинова низ ба хоҳиши худаш аз фаъолият дар ин ҳизб даст кашид.”

Озодамоҳ Сайфиддинова, ки дар ин барнома ширкат дошт, гуфт, “ман аз соли 2012 аъзои ҲНИТ ҳастам, моҳи марти соли ҷорӣ бо таклифи Қамариддин Афзалӣ, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ваъдаҳои бардуруғ ба вазифа таъин шудам. Дар аввал ба ман гуфтанд, ки дар маҷлисҳо иштирок мекуниву халос. Вақте ман раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён таъин шудам фикр кардам, ки ҲНИТ дар асоси оятҳо ва ҳадисҳои Қуръони карим, ки ҳамааш барои манфиати Ислом равона шудааст амал менамояд.”

Аммо ба гуфтаи Сайфиддинова, “ҲНИТ на дар асоси оятҳои Қуръон, балки бо роҳи сохтакорӣ сохта шудааст. ҲНИТ сохтакорӣ буда, дар муддати кӯтоҳи дар вазифа буданам, ягон фаъолияти ин ҳизбро нафаҳмидам ва ягон аъзои ҳизбро надидам. Ҳамаи нофаҳмиҳову ноадолатиҳо ва сохтакориҳои ҲНИТ-ро дида, фаъолияти худро бефоида ҳисобида, бо хоҳиши худ аз вазифаи раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён даст кашидам ва аз сафи ҲНИТ баромадам.”

Озодамоҳ Сайфиддинова дар хитоб ба занони тоҷик гуфт, “ман ҳамчун зан хоҳиш менамоям, ки фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бардурӯғ нагашта шукронаи сулҳу субот дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон намуда, барои тарбияи фарзандон ва пешрафти шукуфоии Тоҷикистон кӯшиш намоянд.”

Ин хонум таъкид намуд, ки ҲНИТ ягон манфиат надорад ва дар ҷомеаи имрӯза даркор нест.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳо алайҳи ҲНИТ афзоиш ёфтаанд. Аммо Кумитаи телевизион роҳандозии маъракаи махсус алайҳи ҲНИТ-ро рад карда, мегӯяд, гуфтаҳо дар бораи ин ҳизб назари шахсии иштирокдорони барномаҳоянд ва телевизионҳо уҳдадор нестанд, барои радди ҳар назар ба ҷониби дигар минбар ироа кунанд.
Мӯҳр
фирдавс
ай ислом даст кашиди хай раф хизби кофирида дохил шав. Беномус

Ёрмуҳаммад Пировро чи шуд, ки дар хамин вакти пеш аз интихобот аз хизб даст кашид ва на танхо ин дигар аъзохои ин хизб хам, ё фишорашон оварданд ин буздилхоро аз тарс курнамаки карданд... Ман бовари дорам, ки агар ба шарти оне, ки дар интихоботи президенти хамин ХНИТ гузарад он шахсоне, ки ин хизбро тахкир карда баромаданд махсусан хамин Пиров хок бар сар мепошанд ва хамаашон инфаркт шуда мемуранд ё худро меовезанд....

Расул
аслан ман намефахмам ин твт чи мехохад. То хамин андоза завкшон ин шефредактор, журналистон ва раиси твт-ро паст аст ки чунин маводхои ночизро пахш мекунанд. Хайр баромадаст , баромадааст як муллои дуруяи тафрикаандоз будасту халос . Ки мегуянд ки пагох ягон кори дигар намекунад. Е он зан . Бовар кунед . Ман нахзати нестам вале барои ин корхоятон шарм бояд доред. Бачои ин як барномаи хуб тахия кунед. Безор шудем аз гову хару , пахатаву , дарахт нишон дихиатон. Барои ин чизхо барномахои махсус будагист. Наход дар "Ахбор" ферма нишон дихед.Твт ба ин кораш дар алов равган пошидост...Собун таксим мекардааст вай Пиров , собун бошад худат мегири, номахкула калонша карди..

Кахрамон
Салом
Савол: АМИ МЕДОНУМАШ ЧИЯЙЮ НАМЕДОНУМАШ ЧИЯЙ?
Чавоб: МЕДОНУМАШ АМИЯЙ КИ РАХМОН БОЗ ПРИЗИДЕНТ МЕШАД ВА НАМЕДОНУМАШ АМИЯЙ КИ, РАХМОН КАЙ ................................................................................

......

ба пиров 60 сотих замин додан, барои хамин худро фурухтааст. ин хонум бошад, дуруг мегуяд, вакте ба у фишор оварданд, омода гирия кардааст, ки дигар кор карда наметавонад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)