Бахшҳо
23 авг 2013 11:12Тоҷикистон / Сиёсат

7 назар: Оё имкони такрори ҳаводиси солҳои 1992 вуҷуд дорад?

Дар пасманзари ҳушдорҳои зиёд аз такрори ҳаводиси солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, "Озодагон" аз таҳлилгарони тоҷик суол кард, ки "оё воқеан, имкони такрори ҳаводиси солҳои 1992 дар кишвар вуҷуд дорад?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС

Ин эҳтимолият вуҷуд надорад, зеро мардуми мо таҷрибаи муайян дорад ва аллакай сиёҳро аз сафед фарқ мекунад. Қувваҳое ҳастанд, ки намехоҳанд ин кор такрор шавад. Вале дар ҳар ҳол мехоҳанд то як мавқеъи муайян дар ҷомеа дошта бошанд. Ҳаводиси солҳои 1992 дигар такрор намешавад. Президент дуруст мекунад, ки он солҳоро фаромӯш накунед, мегуяд. Чун агар мо ин гапҳоро нагӯем, ҳамагуна вақоеъи таърихӣ такрор шуданаш мумкин аст. Вале дар он шакле, ки соли 1992 буд дигар намешавад. Ба ҳар ҳол эҳтиёт хуб аст, ба мардум гўшзад кардан даркор, ки эҳтиёт бошанд.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ

Дар ҳамин вақту соат такрор шудани дубораи вақоъеи солҳои 1992 имкон надорад. То интихобот ва дар ҷарёни интихобот ин тавр шуданаш ғайриимкон аст. Вале агар дар натиҷаи интихобот тақаллубкорӣ ба миён ояд, эҳтимолияти такроршавии ҳаводиси соли 1992 хеле баланд мешавад. Гуфтаҳои президент мабнӣ бар ин, ки шукронаи сулҳу истиқлолият кунеду солҳои ҷангу нооромиро фаромуш насозед, на ба он маъност, ки ӯ хоҳиши дубора такрор шудани он ҳаводисро дорад. Ӯ барои он ин суханонро мегӯяд, ки ҳокимиятшро эмин нигоҳ дорад. Хуб мешуд, агар президент дар интихобот ширкат намекарду кафолати шаффофияти онро медод. Дар ин сурат эҳтимолияти ҳеч гуна такроршавии он ҳаводис намемонд.

Амир Қарақулов, раиси ҲАТ

Ҳаргиз имкони такрор шудани вақоъеи солҳои 1992 дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва мо бояд ба ин роҳ надиҳем. Худо ба ин миллати тоҷик ақли солим, заковат, идрок ва ҳушёрӣ диҳад.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ

Ин эҳтимол вуҷуд надорад. Ман худам чун дигар мардуми Тоҷикистон дар маркази он ҳодисаҳо қарор доштем. Кўр як маротиба асои худро гум мекунад ва навбати дигар бо ҳамин асои худ раҳашро ёфта меравад. Ҳаводиси солҳи 1992 мумкин орзуву ҳаваси онҳое бошад, ки оромиву якпорчагии Тоҷикистон ва волоияти қонунро дидан намехоҳанд. Аз тариқи телевизион дида истодаем, ки дар дунё чӣ гузашта истодааст. Мардум баъди гузаронидани он солҳо як марҳилаи муборизаи демократӣ дар ҳаёти ҷомеа ва сиёсатро пеш мегиранд ва барои ин ақли мардуми Тоҷикистон мерасад. Ягон шаҳрванди Тоҷикистон чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷ намехоҳад он ҳодисаҳо такрор шавад.

Сайъидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ

Ҳаргиз имкон надорад. Чун ҳам мардум дигар шудаанд ва ҳам замон дигаргун шудааст. Мардуме, ки соли 1992 якбор фиреби фиребкоронро хўрда буданд, дигар иншоаллоҳ фиреб намехўранд.

Шариф Муллоев, устоди ДСТ


Ба фикрам, мо, ки ҳама меваи истиқлолиятро дар давоми 20 сол чашидаем, бояд ба ақлу заковат ҳар амали хешро дар тарозуи ақл баркашем ва нагузорем, ки он ҳаводиси хело нангин барои мардуми тоҷик такрор шаванд. Ман ҳамеша ба оянда ба чашми нек менигарам. Боварӣ дорам он рўзҳои шум, ки моро дар тамоми ҷаҳон шарманда карда буданд дигар такрор намешаванд. Ҳама дар таи ин солҳо хуб дарк кардаанд, ки оқибати ҷанги шаҳрвандӣ чӣ подоше медиҳад. Бояд шукри ин давлат ва ин макон намуд, ки мо озод ва хуб зиндагӣ дорем.

Ҷура Юсуфӣ, коршиноси масоили сиёсӣ

Ҷанги нангини шаҳрвандӣ, ки авоили солҳои 1990 ба вуқуъ пайвасту Тоҷикистонро ғарқи хун кард, як саҳифаи бисёр сиёҳу тирае дар таърихи ин миллати мазлум буд. Сабабҳои ҷанги бародаркуши мо барои чандин насли тоҷик кофист ва мо бояд дар ҳар рафтори худ ин воқеъаро фаромуш накунем. Дар ин ҷаҳону минтақае, ки мо зиндагӣ мекунему бо ин ҳамсояҳое, ки дорем, ҳанӯз ҳам хавфи сар задани муноқишаҳои дохилӣ дар кишвар вуҷуд дорад. Ҳарчанд мо инро намехоҳем вале ҳастанд нерӯҳое дар атрофи кишвари мо, ки мехоҳанд бори дигар Тоҷикистонро ба маркази даргириҳо табдил диҳанд ва дар ин оташ дастҳои худро гарм созанд. Ин хавф ҳанӯз бартараф нашудааст. Тарафайн беҳтар аст аз баъзе даъвоҳои худ ба хотири такрор нашудани он солҳо бигзаранд. Дар ин сурат ҳеч қувваи беруна ҳам коре карда наметавонад.
Мӯҳр
малик
ба ин сиёсати пешгирифтаи хукумати хозираи ачабе не ки солхои 92 такрор шавад.

ИншоАлоох ягон гап намешавад! Ва баъдан лозим нест гузаштаро ба хотири олуда сохтани фикри мардум ............ Мо безорем аз он рузхои гузашта. Худованд ободиро дар ватанам аз ин хам зиёда гардонад! Омин

Ин ходисахо дигар такрор намешавад, аммо намедонам бо чи максад бошад, ки аз тарафи Шабакаи якуми Точикистон байни мардум тафрикаандози мешавад ва мардумро нисбати як хизбие, (ХНИТ) ки конуни дар Вазорати адлия сабт шудааст, мешуронад ва суханони гайри ахлоки мегуянд, ки ба шани ин шабака намезебад. Мардум эхтиёт бошед аз ин шабака!!!

Чаббор
Рахматило мегуд, ки Э Р мехохад, хукуматаш эмин бимонад. Бале хукумат эмин бошад, мардум хам эмин аст. Пас ин хуб аст. Домло Талбаков бошад, маколи Кур асояшро як бор гум мекунад-ро холо хам нафахмидааст. Ин макол маънои онро дорад, ки кур асояшро, ки гум кард, гирифтори фалокат мешавад. Бародарони сиёсатмадор худро шарманда накунед. Аввал андеша ва онгах гуфтор...

xudo digar nishon natiyad on jangro.boevikhovu kamandirho meguyand in bor jang shavad to buxorovu samarkanda zada-zada merem bo barodaroni tojiki afgoniston.

Точикон хам миллати кару гунгу кунда нестанд.Аз он ходисахо бадтарашро интизор шудан мумкин буд ва хаст.Чаро?Чунки,агар хамин шахсоне,ки имрузхо дар сари кудратанд,аз президенту хокимият сар карда,то котибу раиси чамоати дехот,як кисми алохидаи аз сари мансабу вазифа рафтаро мемонданд,онхо дунёи Точикистонро мечушониданд.Дар давоми ин солхо,он гуна тоифахои чангчуву норозиву хаммаслаку хамфикру хамандеша,даххо маротибахо мардумро ба табаддулот бармехезониданд.Чаро мо худрову чамъиятро фиреб дихем?Кару кундаву гунг гуфтани банда аз он маъни аст,ки миллати мо хам аз сиёсат дур нест,хар рузу хар соат мардуми одди,аз тахлилу хулосахои сиёси гап мезананд.ВАО дорем,гуфту гуи байнихаму интернети дорем,аз вазъхои сиёсиву иктисодиву маънави бархурдорем.пас мо точикон вучуд надорем магар?Миллату мардуме,ки аз сиёсату тахлили хаёту сарнавишти худ дур аст,танхо махлук асту халос.Сиёсатшиносхову тахлилгароне ба майдон омадаанд,ки худро чупону мардумро рама мехисобанд.Раксхои чаноби Рахмону Окилову Амиршоеву дигар мансабдорону "корпуси дипломати"и чумхури,кадахбардории Достиеву нушбоди дигар калонхои чумхурии Точикистонро хазорхо нафархо тамошо кардаанд.Агар хамин рафторхоро шахсони дигаре ки рохбарии Точикистонро ба ухда медоштанд,мекарданд.манзурам,ягон Шарофов,Абдуллоев.Ширинбеков,Сафарбеков,ин
бахонаи таппа тайёр барои такрори ходисахои бадтарин мешуд.Ё тули ин солхо набудани газу барк,фохишагарии занхои сабукпо,мухочирату гариби,....каторахои ифлоси Точикистон ва сабабхои бади ичтимои,далелхое мешуданд,ки такрори он ходисахоро боз пеш меовард.Холо "команда"и рохбарони болои,ба як "дивизия"и махсус табдил ёфтааст.Аз раиси Чумхури то котибу раиси махаллаву деха.Бо замми ин ХНИТ а ХСДТ,галабаи Рахмонро дар интихоботи ноябри таъмин месозанд.Рахмон албатта пируз хохад шуд.Мухочирон бошанд,хиссаи бузурги сиёси мебошанд.Онхо алхол дар фикри интихоботу интихоби президент нестанд.Онхо дар фикри фардои худ хастанд.Дар фикри Рахмон не,дар андешаи он хастанд,ки шахрдори Москва ки мешуда бошад?Ташаббуси мухочирситезонаи Собянин,аз Москва сар зада,ба тамоми каламрави Россия пош хурд.Барои онхо хеч фарке надорад,ки ки дар Точикистон президент мешавад.

Усмон Усмонов
Хеч гох миллати мехнаткаши Точикистон боз чанги шахрвандиро намехоханд, аммо мехоханд, ки обод бошанд.
Мансабдорони бехунар, ки аз хисоби мардум худашонро обод мекунанд ва сабабгори мушкилливу душворихои зиндагии миллати Точикистон хастанд, барои нафсашон ва фоидаи муфт, дор бисёр сохахо ба миллити Точикистон чангида истодаанд. Бояд ба чунин шармандаги хам хотима дихем.

Мардбача
Мардуми точик хеч вакт чангро намехоханд ва бояд нагузоранд,ки боз ходисахои солхои навадум руй диханд. Барои ин бояд хатман интихоботи Раиси Чумхур демократи ,шаффоф гузарад ва ба хамаи хизбхо ва харакатхои мардуми як хела шароит фарохам оварда шавад. Хизбхо бояд якдигарро дар пеши мардум паст назананду , барномахое пешниход кунанд,ки мардумро аз ин холати факру камбизоати берун кунанд.

АВВАЛАН ИНШОАЛЛОХ КИ ЯГОН ГАП НАМЕШАВАД ВА БАЪД АЗ ОН ХАМОН ПРЕЗИДЕНТ БО ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОН КАМТАР ФИКР КУНАНД, КИ СОЛХОИ ОХИР БА ХАЛК МАЪКУЛ НЕСТАНД БАРОИ ОНЕ, КИ ЯГОН НАВИГАРИ НАКАРДААНД БАРОИ ОНЕ, КИ ЯГОН ГАП НАШАВАД БОЯД САРИ ВАКТ ХОХ БА ИСТЕЪФО РАВАНД Ё КОРЕ КУНАНД, КИ ХАЛК КАМЕ ХАМ НАБОШАД БОВАРАШОН КУНАНД.
МО БОЯД МОНАНДИ ХАЛКУ ДАВЛАТХОИ АРАБ ГУМРОХ НАШАВЕМ ВА НОМУСРО АЗ ЯПОНИХО ЁД ГИРЕМ АЗ УХДА НАМЕБАРОИ Ё НАБАРОМАДИ ДАР ХАМИН СОАТ ИСТЕЪФО ДЕХ БАЪД ТОЧИКИСТОН ОБОД МЕШАВАД...

Усмон Усмонов,
Саломат боши....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)