Бахшҳо
23 авг 2013 12:03Тоҷикистон / Сиёсат

Конфронсҳои бузурги об чӣ медиҳанд?

Дар пасманзари гуфтугузорҳо оиди камтаъсирии конфронсҳои бузурги обу энержӣ, “Озодагон” аз коршиносон, суол кард, ки баргузории форуми байналмиллалии об, мушкили минтақаиро бартараф мекунад?

Вафо Ниятбеков, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ

Баргузории чунин як конфронс дар Тоҷикистон муҳим аст. Баъзе аз кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Узбакистон масъалаи обро зиёд сиёсӣ мекунанд. Тоҷикистон дар умум масъалаи обро сиёсӣ намекунад. Узбакистон дар минбарҳои байналмиллалӣ бештар масъаларо аз зовияе матраҳ мекунад, ки манфиати бештар бибинад. Ин форуме, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва намояндагони зиёд аз СММ меоянд, ин ҳам як намуди муаррифии кишвар аст. Бо ин роҳ дипломатҳо ба Тоҷикистон ва мушкилоти об мутаваҷҷеҳ мешаванд. Онҳо огоҳӣ пайдо хоҳанд кард, ки Тоҷикистон бештар тарафдорӣ баратараф кардани ин мушкилот аст.

Георгий Кошлаков, коршиноси бахши энержӣ

Баргузории ин форум барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Дар ин гуна чорабинӣ ҷонибҳо сари миз менишинанд, ба ҳарфи якдигар гўш медиҳанд. Ин беҳтар аз он аст, ки умуман ҳамкорӣ набошад миёни ҷонибҳо.

Парвиз Мулоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Баргузории формуи байналмиллалӣ ва умуман мусоидати он барои бартарафи кардани мушкилоти об дар минтақа бештар аз барнома ва нақшаи таҳияи он вобаста аст. То чӣ ҳад дурнамои ин форумро масъулин тарҳрезӣ кардаанд, ҳоло дақиқ нест. Агар баъди анҷоми форум коре пешбинӣ шавад, ки ҷонибҳо барои оянда боз сари миз оянд, ялбатта натиҷаи мусбат медиҳад. Вале агар ин нишасти якдафъаина ҳасту, танҳо ваъдаҳо болои варақ, пас аз ин чандон хушбин буда наметавонем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)