СММ: Теъдоди кӯдакони гурезаи Сурия ба миллион нафар мерасад
Бино ба охирин омори СММ дар пайи ҷанги дохилии Сурия як миллион кӯдак марзи ин кишварро тарк намудааст, ки бештари онҳо зери сини 11-анд.
Маълумоти мазкур дар гузориши муштараки ЮНИСЕФ, Хазинаи кӯдакони СММ ва Раёсати комисариати олии ин ниҳод дар умури фирориён зикр шудааст.
Энтони Лейк, сарвари иҷроияи ЮНИСЕФ гуфтааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои иҷро накардани уҳдадориҳо нисбат ба кӯдакон шарм дорад. Антониу Гутерреш, комисари олии СММ дар умури паноҳандаҳо дар навбати худ афзуда, ки ҳоло муҳимтарин масъала “зинда мондани як насли бегуноҳ” мебошад.
СММ мегӯяд, кӯдакони гуреза ними аҳолии фирории Сурияро, ки 2 миллион нафаранд, ташкил медиҳанд. Дар баробари ин наздики ду миллион кӯдаки дигар дар маҳаллаҳое ба сар мебаранд, ки ҷанг идома дорад.
Бар асари ҷанги дохилии Сурия, ки беш аз ду сол боз идома дорад, то имрӯз 7 ҳазор кӯдак ба ҳалокат расидааст.
Акс аз islamnews.ru
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |