Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:07

Ҷилавгирӣ аз ҷалби духтари тоҷик ба фоҳишагӣ дар Истанбул

23 август 2013, 12:26

Мақомоти пулис ҳангоми бақайдгирии мусофирони самти Душанбе-Истанбул як духтари 27-солаи тоҷикро аз сафар боздоштаанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи як амалиёти махсус муайян шудааст, духтаре, ки бозпас гардонда шуд, имкон дошт дар Истанбул мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирад.

Ба иттилои ин ниҳод муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдухалилова Оиша соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки дар шаҳри Истанбули Туркия кору зиндагӣ мекунад, бо мақсади истисмори шаҳвонӣ шаҳрванд И. М соли таваллудаш 1986-ро ҷалб намуда, сипас аввали моҳи равон ба тариқи электронӣ ба хатсайри Душанбе-Истанбул чиптаи ҳавопаймо дастрас кардааст.

Аммо ҳангоми бақайдгирӣ ин духтар бозпас гардонда шудааст. ВКД мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!