Бахшҳо
23 авг 2013 13:38Тоҷикистон / Тема дня

Маъмури амният узви ҲНИТ-ро барои "меҳмондорӣ" кӯфтааст?

Сомонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Илҳом Нусратшоев, сардори шуъбаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, як узви ҲНИТ дар ин ноҳия Нурмуҳаммад Ғайбуллоевро мавриди латукӯб қарор додааст.

ҲНИТ аз қавли Холов Мирзоолим, раиси бахши ҲНИТ дар Куҳистони Мастчоҳ хабар медиҳад, ки “рӯзи 22-юми август, Илҳом Нусратшоев, сардори шуъбаи амнияти миллӣ дар Мастчоҳ дар ҳолати мастӣ оқои Ғайбуллоев, соҳиби хонаеро, ки раёсати ноҳиявии ҲНИТ дар он хона меҳмон шуда буд, соати 10-и шаб ба дафтари амният дар маркази ноҳия даъват карда, бо суханҳои таҳқиромез ва маҳалгароӣ ӯро дашном ва латукуб мекунад ва соати 1-и шаб ҷавобаш медиҳад.”

Ба навиштаи ҲНИТ далели ин ҳама таҳқиру латукуб дар нисфи шаб он будааст, ки Нурмуҳаммад Ғайбуллоев иҷозат додааст, ки дар хонааш раёсати ноҳиявии ҲНИТ ҷой гиранд.

Раиси ҲНИТ дар Мастчоҳ мегӯяд, “мо 15-рӯз пештар бо ҳамон масъули амниятӣ вохурда, чанд маротиба талаб кардем, ки барои гузаронидани ҷаласаи раёсати ноҳия ягон маконро бидиҳанд: “Мақомот ҳамеша баҳона мекунанд, ки макон нест. Мо ба онҳо ошкоро гуфтем, ки мо қарор қабул кардаем, ки раёсатро дар хонаи яке аз аъзо ё тарафдоронамон мегузаронем.”

Дар ҳамин ҳол Аббос Раҷабзода, муовини раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, ки ҳайати вилоятии ҳизбро дар навоҳии вилоят роҳбарӣ мекардааст, мавриди таъқиби мақомот қарор гирифтанашонро таъйид намуда, изҳор доштааст, ки “баъди вохуриҳо дар Панҷакент, мушкилот ва таъқиб шуруъ шуд.

Раҷабзода афзудааст, ки дар Мастчоҳ “ вохурии хело хубе бо тамоми масъулини ташкилотҳои ибтидоии ноҳия анҷом додем. Аммо баъди мулоқот, ҳамон бегоҳ соҳиби хонаро бурданд ва то соати 1-и шаб бо таҳқир ӯро нигоҳ доштанд. Ӯро таҳқирҳо ва ҳатто чанд мушт ҳам заданд.”

Сомонаи ҲНИТ менависад, бозпурсиҳоҳои ин соҳибхона барои қабули меҳмонҳо давом дорад ва мақомот боз даъваташ кардаанд.
Мӯҳр
Точик
Охир ин чи гап аст. наход то ин кадар паст бошед ки як масъули амният як ъазои хизби расмиро латукуб кунад ошкоро. оё касе хаст ки пеши рохи ин фитнаро бигирад. чаро хизб барои ин кор чора намебинад? Кучоанд масъулини амнияти ки ин чинояткор амниятро чазо диханд. магар куштахои исфара ками мекунад ки бо шумо амниятихо мардуми бечораро саркуб мекунед? агар занозанию ноамни сар шавад оё шумо ба гардан мегиред ки омили саршавии ин чиноятхо шумо амниятихо будед. Наход ин кишвар ин кадар бесохиб бошад ки як одам бо истифода аз мансаби давлати хар коре хохад анчом медихад охир ин мардум магар сохиб надоранд. кучо аст давлати сохибистиклол. шумо аз милисахову авбошхои русия хам гузарондед. чаро ин кадар зулм мекунед. шумо магар зану фарзанд ва фарзанд надоред наметарсед аз он руз ки ин амалхояьон вокуниш дошта бошад. шумо корманди амниятед ё чосуси узбакистон ки хадафатон андохтьани чанг аст.

Беном
Охир чи гап шуд мизбон мехмононро хуш нагусолондааст- ми ё фармон аз боло шудаги

---
Аз раис кумитаи амнияти миллии Точикистон мехохем фармон диханд ки ин масъаларо тафтиш намоянд ки то чи хад рост аст.

Мастчох
Чанд руз огох, ки кардед чои Шуморо барои гузаронидани конфросия толор чудо мекунан дия ТОЛОРИ АМНИЯТ

---,
Точик,
Пеши рохи инхоро хеч кас намегирад барои оне, ки сарварони давлатамон хам хамин хеланд ва чунин фитнагари барои онхо лозимаст....

Худойназар
Нахзатихои азиз, биёед монед акнун. Шумо дигар хизб намешавед. Аз дастатон коре намеояд. Толор надореду мачлисбози мекунед. Амният дуруст кардаст, ки дар хона мачлисро намондаст. Охир хона чои зиндаги, чои занону духтарон ва амалхои махрамонаи як хонавода мебошад. Дигар ин ки хамон мачлисбози ба шумо чи медихад? Аъзои ХХДТ шавед, ки дар бехтарин толорхо чорабини мегузаронанд. Шумо аз онхо бехтар чиз ба мардум пешниход карда наметавонед.

ин Худо бехабархо фаромуш кардаанд ки хаминхел гайбуллоевхо буданд дар муковимат ва сулх намуданд ва дар сулхи худ устуворанд

Чаноби худойназар и ХХДТ И хаму камунистхои гузашта аст дар номи навз и хизби ОИЛА ВА ДАР ХИЗМАТИ ОИЛААСТ. Тамоми иктисоду тичорату гардиши пулу мол дар Дасти ОИЛА. Худо накарда яке халк косаи сабраш лабре3 шаварду охиста хезад мебини ЧАНОБ ДАР АМРИКО РУСТАМЧОН ДАР АВРУПО ДУХТАРО САРСОНУ ХАЙРОН ДАР АФРИКО ХХДТ РАСПАД худойназархо хайрон мешан. Ман инро бе далел намегуям мархамат ходисахои Миср, Тунис,ЛИБИЁ ва гайрахо. Монед бигзор ракобати солим бошад ба ин зури намешад ва окибати хуб надорад шогирд.

tez sari rohi in guruhi bo nom nahzatro gired.inho boz misle soli 90-92 dar xonaho majlisu plan kashidesan.chi inja shahri be darvozai ki rafta dar xonaho miting tashkil mekuned..mo bezorem az in guruhoi jangdoz..amniyat kori xudro kardaast ofarin.

Эй Хисор о чашмонат намебинад толор надодияншон тахкири хамдигаро бас кунед. Аз Худо битарс хами цангро бона кардида о бедоршав таърихро хубтар хону дигар исматро бо номи Хосор нанавис!

salmon
iltimos hukumat sari rohi nahzatro gired naboshad boz janjol meshavad inho fakat miting meguyand fakhr mekunan ba korhoyashon ba islom hej nazar namekunan hamaro kofir mebinan kushtani musulmonon dar nazdashon savob ast misli solhoi 90 va 91 chande teztar rohashonro gired savob ziyotar megired inho rohzanho davri johiliyat astan hej nokhonda nafahmida kor mamali mekunan hamaashon dasti khorij astan shiaho peshvoyashon.

Абдулло Усмонзода
Ман аз нохияи Мастчохи кухи хастам ва дар нохияи Мастчохи кухи чунин овоза нест. Аввалин ин ки сардори амният девона нест, ки аъзои ХНИТ-ро лату куб кунад. Чунки у медонад, ки агар лату куб кунад хамон замон аз вазифааш даф мешавад. Дуюмин ин ки агар акаи Нурмухаммадро мезаданд, у то ин вакт хулосаи эксперти тибби-судиро мегирифту нахзатиён онро дар сомонаи интернети пахш мекарданд. Як чизро бояд фаромуш накард, ки факт ва далел нест, ин овозахо хама барои нафрикаандози аст. Ин боз як найрангбозии ХНИТ аст! Вакт хамаро нишон медихад!

Худойназар
Озода,
Ходисахои Мисрро намедонистй. Дар ончо муллохо як сол хам хукуматро идора карда натавонистанд. Муборакро чавоб доданд. Агар у пир набошад, боз сари хукумат меояд. Барои хамин он кадар хунрезй барои чи даркор буд?

Донишцу
Эй Худоиназар боз ба самтат мерасонам хооон! Он мулохое,ки номбар карди ягон бор зиди мухолифонашон силох накашидан,аммо Сисии цосус силох кашид боз хам мулохо гунахгор??? Бародар Мурси ицозат дод тазохурот кунан,зеро хаки гуфтан доран чунки тарбияи Исломи гирифта буд. Хушо ба холаш.

Довар
О шумо магар чон надоред занед ин бадбахтхоро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)