Бахшҳо

Бардошти Юлия Костенко аз ҳузури чандрӯза дар Душанбе

Юлия Костенко як хабарнигори қирғиз, ки тӯли чанд муддат барои иштирок дар конфронси об дар Душанбе қарор дошт, дар матлабе бо номи “Душанбе-шаҳре, ки мехоҳӣ, дубора ба он баргардӣ” таассуроти худро навиштааст.

Юлия менависад Тоҷикистон, ҳарчанд ҷанги шаҳрвандии 5 соларо аз сар гузарондааст, солҳои охир барои рушд муваффақ шудааст ва имрӯзҳо ягон нафар намехоҳад он замонро ба ёд орад.

Ӯ менависад барои ошноӣ бо Душанбе ним рӯз вақт доштам: Вақти зиёди худро ҳайати Қирғизистон дар бинои ҳукуматии “Кохи Сомон”, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, гузаронд. Ягон деворҳои баланди бетонӣ ва посбонҳои сахтгир дар онҷо набуд.

Дар сабзаҳои назди бино метавон шаҳрвандонеро дид, ки оромона истироҳат мекарданд. Онҳоро пеш намекунанд, манъ намекунанд, ки акс гиранд ва сокинон аз салқинии фавораҳои зиёд ҳаловат мебурданд.

Ҳайати мо, ки барои иштирок дар конфронси байналмиллалии об ба Душанбе рафта буд, дар даромадгоҳи қароргоҳи хукумат танҳо тавассути дастгоҳи ҷӯяндаи фулузот тафтиш мекарданд. Аҷобат ҳам дар ин буд, ки мисли сафарҳои гузашта ҷузвдони моро ҷӯяндаҳои тоҷик бетартибона намекофтанд. Дар муқоиса бо муҳофизони давлатии мансабдорон, эҳтиёткорӣ ва маърифати онҳо моро ба ҳайрат гузошт.

Дар гулгаштҳои соягии “Кохи Сомон” ғайриинтизор бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рӯ шудем. Вай фараҳмандона журналистони Қирғизистонро пешвоз гирифт.

Шояд ба назар намояд, ки чунин як бархурди хуб танҳо барои чорабинии сатҳи баланд бошад. Вале чунин нафарони меҳрубон дар меҳмонхона, ошхонаҳо, кӯчаҳо ва нуқтаҳои асъор моро қабул менамуданд.
Душанбе ба таври комил аз Бишкек фарқ мекунад. Он тавонистааст намуди такрорнашавандаи пойтахти як кишвари шарқиро нигоҳ дорад.

Дар меъмории биноҳои баланди нав, намои қасрҳои афсонавиро дидан мумкин аст. Аммо онҳо бузургманишона наменамоянд. Бинои парлумонро бидуни кӯмаки сокинони маҳаллӣ мо пайдо карда наметавонистем. Бинои дуошёнаи замони шуравӣ, ки миёни дарахтон гум шудааст. Дар фаввораи назди даромадгоҳи он кӯдакон оббозӣ карда, худро аз гармии тобистон наҷот медиҳанд. Девори баланд, ки мардуми Қирғизистонро аз намояндагони он ҷудо мекунад, ин ҷо дида намешавад ва бовар дорам ҳаргиз пайдо нахоҳад шуд.
Душанбегиҳо боадолатона ҷавоб медиҳанд, ки “дар мо ду инқилоб мисли Қирғизистон нагузаштааст”.
Ин ҳам дуруст аст. Дар майдони сиёсии Тоҷикистон ҳама чиз ором аст. Натиҷаи интихоботи президентии пешистода, ки ноябри соли 2013 бояд баргузор гардад аллакай муайян аст. Кори чандон зиёд нест-райъдиҳандагони Раҳмонро ҳисоб кардан лозим аст.

Мутлақо, оромии кишварро дар хизматҳои президент медонанд. Кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст, якмаром ва қотеъона рушд карда истодааст. Тартибот дар кӯчаҳо на камтар аз Аврупо, роҳҳо дар шароити идеалӣ, дар ҳамаи ҷо сохтмони бино ва маҷмааҳои нав рафта истодааст. Дар роҳҳои зеризаминӣ аквариумҳо бо моҳиёни зинда гузошта шудааст.

Дар наздикии майдони Дустӣ чанд майдони дигар низ вокеъ аст. Сокинон мегӯянд, ин ҷо пештар боғи чархофалакҳо ҷойгир буд. Ҳоло ба ҷои он маҷмааи ёдгорӣ барпо шудааст. Ин ҷо ҳамчунин парчами баландтарин, нишон, Қасри миллат ва осорхонаи миллӣ чойгир аст.

Душанбеи аҷиб ва меҳмоннавоз....Барои ошноии наздиктар ба онҷо бар гаштан меарзад.
Мӯҳр
ВОКЕЪБИН
Боиси ифтихор аст. Камбудихо ва ислохи онхо дар дасти мост вале пешрафту шукуфои дастархони бо нон ва хотири чамъро нодидан курдилист. Шукри Худованди бузург ва миллати сарбаланди Точик.

dar hakikat obodivu zebogi shudaast va shuda istodaast.charo baze tojikon menoland?yo az baxeli yo hasudxuri boshad?oxir kur mebinad ki obodi shudaistodaast.xudovand prezidentu hukumatdoronro mushkilashonro oson kun nisbati milatu vatan.

Солех
Журналистони вокеъбин ва хакикатнигорро дуст медорам. Бинед, рузноманигорони худамон наход хамин чизхои навиштаи бонуро намедида бошанд. Факат камбудихои ночиз кофта, чумхуриро дар назари хоричиён сиёх мекунанд. Офарин ба Юлия ва тахиякардаи ин мавод! Озодагон ба пеш!!!

ТАРЧУМА ХАТОИХОИ ЗИЁД ДОРАД. МУКОИСА КУНЕД:
Аҷобат ҳам дар ин буд, ки мисли сафарҳои гузашта ҷузвдони моро ҷӯяндаҳои тоҷик бетартибона намекофтанд. Дар муқоиса бо муҳофизони давлатии мансабдорон, эҳтиёткорӣ ва маърифати онҳо моро ба ҳайрат гузошт.
Делегации, прибывшие для участия в международной конференции, на входе в резиденцию проверили только металлоискателем. Никто не стал выворачивать наизнанку сумки, небрежно копаясь в их содержимом. В сравнении с государственной охраной отечественных чиновников деликатность и воспитанность поразили больше всего.
РУСИАШРО ХОНЕД, БЕХТАР МЕШАВАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)