Бахшҳо

(ВИДЕО) Абдулқодирзода дар бораи роҳбандиҳо дар Душанбе

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мардуми кишварро дар баробари роҳбандиҳо ба таҳаммулпазирӣ даъват кард.

Абдулқодирзода рӯзи 23-уми август ҳангоми адои намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар ин бора суҳбат кард. Ӯ мегӯяд, аз сӯи бархеҳо ба хотири он ки барои меҳмонон роҳҳо дар шаҳри Душанбе баста мешаванд, хеле гапҳои носазову ноҷое шунида мешавад.

Абдулқодирзода мегӯяд, ин бастани роҳҳо ба хотири меҳмоннавозӣ мебошад, дар баробари он бояд таҳаммулпазир буд: “Набояд чунин бошем, ин яке аз воҷиботи эҳтироми меҳмон аст, бояд меҳмоннавоз буд. Албатта ба хотири ин ки меҳмонон роҳат бошанду эҳтироми онҳо ба ҷо ояд, роҳҳо муддате бояд банд шаванд. Аз ин рӯ, тавсия ба сабр мекунем.”

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, омадани меҳмон ба Тоҷикистон сабаби осоиштагии мардуми тоҷик хоҳад гашт: “Омадани ин меҳмонҳо боиси афзудани баракат дар кишвар ва осоиштагии мову шумо мешавад. Меҳмон осудагии мову шуморо меорад.”

Раиси Шӯрои уламои кишвар ба намозгузорон гуфт, ба талошҳои ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи инсоф баҳо диҳанд: “Ин ҳама талошҳое, ки ҳукумат карда истодааст, бояд аз рӯи инсоф баҳо доду воқеъбинона ба он назар кард, ки бо ин конфронсу меҳмондаъваткунӣ чӣ мехоҳанд?!”

Ин даъвати раиси Шӯрои уламои кишвар дар ҳолест, ки дар пайи омадани меҳмонон ба Тоҷикистон барои иштикрок дар Конфронси байналмилалии об роҳбандиҳо дар Душанбе шиддат ёфта, нигаронии сокинони пойтахтро ба бор оварда буд. Инчунин таъхири бунёди роҳҳо дар Душанбе мушкили танбашавии мошинҳоро ба бор овардааст.


Видеои зерин аз ҷониби хабарнигори "Озодагон" 19-уми август дар маркази Душанбе ба навор гирифта шудааст:

Мӯҳр
saidjon
akoi mukaram shumo misleki haqiqat gap nameaned chun ki az chehraton malum ki xelo gapoi durog megi alloh shumora hidoyad kuna

мЕХМОН
оМАДАНИ МЕХМОН САБАБИ ПАДХАЛИМИИ МУФТИ ВА КОСАЛЕССИ У МЕШАВАД. КИ ДИГАР БА ХАМА КОР КОР ДОРАД ОХИР МУФТИРО ЧИЮ БА РАХБАНДИЮ БА СИЁСАТУ СИЁСАТБОЗИ ЧИ? МАГАР ХУДАШ НАМЕГУЯД КИ ДИН АЗ СИЁСАТ ЧУДО АСТ Ё ХУДАТ ЯГОН ХИЗБИ НАВ КУШОДАНИ?

Saif
-бастани роххо;
-бастани масчидхо;
-бастани рох ба Масчид барои чавонони то 18-сола;
-манъи сатр, ин хама аз вочиботи мехмоннавозист....

1223
Ин мукарам савсатахон шудаст

(...меҳмонон роҳат бошанду эҳтироми онҳо ба ҷо ояд, роҳҳо муддате бояд банд шаванд.) Аз ин маълум мешавад, ки мардуми шарифи Точикистон кадр надорад барои як мехмон " хуб оликадрам бошад" садхо хазорхо зан, мард пиру кампир ва кудакон, ки баъзе ба духтурхона, донишгох ва мактаб мераванд ба мушкили дучор шаванд?

Антимукаррам
дар ягончо гуфтаги нестай, ки омадани мехмон боиси хичолаткашии мизбон шавад. Паёмба (САС) ба хамика бузургиш вакте, ки мехмона кабул карда наметонист мегардонд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)