Бахшҳо

Назари профессор ба низоми шаҳру шаҳрдории Душанбе

Холназар Муҳаббатов, профессор

Вобаста ба нақшаи генералӣ Душанбе дар оянда ба яке аз шаҳрҳои бузург ва ҳозиразамон дар Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт. Вале имрӯз, ки суръати сохтмони биноҳои маъмурию истиқоматӣ дар Душанбе афзудааст, хело хуб мебуд, ки дар бисёр ҳолат фикру андешаҳои шаҳрвандон низ ба инобат гирифта шавад. Ҳангоми таътил дар Маскав (замони Шӯравӣ) шоҳиди он будам, ки дар рӯзномаи «Вечерняя Москва» ҳамвора оид ба сохтмони ин ва ё он бинои истиқоматию маъмурӣ баҳси домандор миёни сохтмончиён ва мутахассисону шаҳрвандон баргузор мегардид. Ҳар шаҳрванд фикру андешаи худро бо факту далел ва пешниҳод дар саҳифаи рӯзнома иброз медошт.

Ҳангоми ҷамъбасти мубоҳиса, мутахассисон ва намояндагони шаҳрдорӣ ҳамеша андешаҳои ҷолибро ба инобат мегирифтанд. Аммо дар мо бошад, чунин одат шудааст, ки бояд оддитарин кор ҳам бо амри масъулон ва мақомоти марбута сурат гирад. Масалан, дар замони Шӯравӣ, вақте ки ба сохтмони кохи Борбад дар Душанбе шурӯъ намуданд бо олимону мутахассисон маслиҳат накарданд. Ҳол он ки дар он давра мутахассисону олимон ва шаҳрвандони бомаърифат кам набуданд ва метавонистанд таклифу дархостҳои судманд пешниҳод кунанд. Кохи мазкур юртаи муғулҳоро мемонаду ба услуби меъмории мардуми мо бегона аст, гузашта аз ин дар ҳамон солҳо ва минбаъд ҳам дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чунин лоиҳаро қабул надоштанд. Яъне дар дигар пойтахтҳои минтақа лоиҳаҳои замонавиро интихоб менамуданд.

Дар хотир дорам, ки моҳи октябри соли 1987 дар Душанбе семинари илмӣ оид ба ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолӣ баргузор гардид. Баъди ба итмом расидани семинар мо меҳмононро ба тамошои шаҳр бурдем. Меҳмонон аз бинои «Кохи Борбад» ҳам дидан карданд. Рӯзи дигар ҳангоми вохӯрӣ бо ноиб-президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳабибулло Саидмуродов яке аз меҳмонон профессор Ю.П. Баденков суол карданд, ки тарҳи чунин шакли меъморӣ, ки дар «Кохи Борбад» корбаст кардаед ба меъмории тоҷикон чӣ муносибат дорад? Баъд табассум намуду афзуд: охир тоҷикон мардуми таҳҷоӣ ва қадимии Осиёи Марказӣ ҳастанд-ку? Шодравон Ҳ.Саидмуродов, ки табиатан марди ҳозирҷавоб ва шӯхтабиат буданд, чунин ҷавоб доданд: - мо ин корро ба хотири дар оянда мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо анҷом додем. Ҳама хандиданд.

Имрӯз ҳам баъзе ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки он на ба дарди шаҳрвандон мехӯранд на ба услубу тарҳи меъмории шаҳр ҷавобгӯй мебошанд. Дар шароити ниҳоят суръат гирифтани шумораи автомобилҳо таъмиру бозсозии роҳҳо кори хубест, вале ин маънои онро надорад, ки дар шароити иқлими тафсон ва роҳҳои бетон ба ҷои дарахтҳои сояафкан буттаю арча ва қарағай шинонем. Айнан чунин ҳолатро дар кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ, Бохтар, Садриддин Айнӣ ва дигар хиёбонҳои шаҳр мебинем. Махсусан, «ҳуҷум» ба дарахтони чинор чанде пеш боиси баҳсу мунозира байни депутат М. Кабирӣ, журналисти рӯзномаи «Азия плюс» О. Тутубулина аз як тараф ва кормандони шаҳрдории Душанбе аз дигар тараф тезу тунд гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе М.Убайдуллоев ҳамеша таъкид мекунанд, ки нисбати камбудию норасоиҳо бояд шаҳрвандон бетараф набошанд. Вале мо, ки дар сарзамини Машриқзамин зиндагӣ дорем, на ҳама вақт риояи қонуну корбасти ин гуфтаҳоро ба ҷо меорем. Масалан, як гурӯҳ шаҳрвандон барои «содиқ»-ии худро нисбати шаҳрдори Душанбе нишон додан ба Олга Тутубулина чунон дарафтоданд, ки тамоми этикаю меъёрҳои барои баҳс муайяншударо поймол намуданд, ҳатто журналистро таҳқир намуданд. Депутат М. Кабирӣ бошад, дар мурофиаи судӣ «бой» дод. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд ягон кас шаҳрдоронро набояд танқид кунад. Ин таври рафтору гуфтор солҳои охир дар байни қисми зиёди мансабдорон дида мешавад ва аксари онҳо тоқати шунидани танқидро надоранд ва дар акси ин ҳамоно ба додгоҳ рӯ меоранд ва хуб ҳам медонанд, ки судяҳо албатта ба манфиати онҳо ҳукм мебароранд. Ин яке аз роҳҳои минбаъд тарсонидани журналистҳо мебошад. Ҳол он ки дар давлатҳои мутамаддин ҳар як шаҳрванд метавонад, ҳатто сарварони давлатро зери танқид гирад ва барои ҳақиқат талош варзад.

Дар бораи дарахти чанор ва таъсири он фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Масалан, яке аз олимони варзидаи соҳаи ботаника, профессор В.И. Запрягаева аввали солҳои 80-ум дар яке аз маҳфилҳои бошукӯҳ гуфта буд, ки ҳар инсон аз ин ё он намуди растанӣ аллергия дорад ва дарахти чанор ҳазорҳо сол дар мулки Осиёи Миёна сабзиш меёбад ва одамон дар сояи он фаслҳои гармо паноҳ меёбанд. Вай дар мисоли шаҳри Маскав нишон дода буд, ки ҳангоми тобистон дарахтони хаданг (береза) он чунон аз худ пух паҳн мекунанд, ки тамоми шаҳрвандон чашму бинии худро баста, ҳамеша аз аллергия шикоят мекунанд. Вале барои буридани дарахтони хаданг касе лаб ҳам намекушояд. Шодравон профессор М.И.Исмоилов низ муқобили аз шаҳрҳо решакан кардани чанор буд. Вай оиди ин масъала мақолае ҳам ба табъ расонида навишта буд, ки бисёр вақт шаҳрдорон ҳангоми интихоби дарахтон бо мутахассисони соҳа (дендорологҳо) маслиҳат намекунанд. Вай мисол оварда буд, ки дарахти чанор намудҳои хело зиёд дорад ва бояд хелҳои қадпаст ва ба шароити иқлими мо мувофиқро интихоб намуд. Имрӯз баъзеҳо собиқ шаҳрдори Душанбе Мамадназаровро муттаҳам менамоянд, ки гунаҳкори хело афзудани чанор дар пойтахт шуд. Ҳол он ки вай мутахассис набуд ва шояд ӯро мутахассисе ба ин амал ҳидоят карда бошад. Банда соли 2004 дар Амстердам дар яке аз конференсияҳои илмӣ оид ба дигаргуншавии иқлим иштирок доштам ва дар яке аз кӯчаҳои он як намуди дарахти чанорро дидам, ки баланд набуда, вале зебо қад кашида буданд. Айнан дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Теҳрон низ чунин чанорҳои начандон баланд ва зеборо дидан мумкин аст.

Ташаббуси президенти кишвар ҷиҳати ниҳолшинонӣ ва сарсабз намудани кӯчаю хиёбонҳо ҳамовозӣ ва дастгирии зиёдро дар тамоми кишвар пайдо намуд. Дар ин давра дар шаҳри Душанбе низ нисбати зиёд намудани раддаҳои кабудизор саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Инро дар мисоли бозсозии боғи устод Рудакӣ ва боғҳои дигар дидан мумкин аст. Аз рӯи меъёрҳои санитарию гигиенӣ майдони дарахту кабудизори ҳар як маҳалла (микрорайон) дар шароити иқлими гарм бояд то 60-65 дарсад масоҳати умумии онро фарогир бошад. Дар ин барнома тавсия дода мешавад, ки ҳар як микрорайон на кам аз 3 гектар боғи истироҳатӣ дошта бошаду ба ҳар як сокини шаҳр на кам аз 20-25 метри мураббаъ кабудизор рост ояд. Савол ба миён меояд, ки дар шаҳри Душанбе ба ин меъёрҳо риоя карда мешавад? Ҳаргиз! Солҳои охир як гурӯҳ сармоядорони «чобукдаст» ҳатто бе ягон салоҳияту маслиҳат бо шаҳрвандон дар атрофи хонаҳои истиқоматӣ майдончаҳои бозии кӯдаконро ишғол карда, биноҳои бисёрошёна месозанд. Масалан, дар микрорайони 82, 112, 102, 101 ва ғайра чунин биноҳоро сохта барои бозии кӯдакон як ваҷаб ҳам ҷой намондаанд. Охир дар тобистони гарм одамон аз ошёнаҳои баланд ба поён мефароянд, то каме бо кӯдакони худ дар ҳавои тоза истироҳат кунанд. Итминони комил дорам, ки агар дар ин биноҳо мардуми рус ва ё русзабонҳо мебуданд ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин худсарию беинсофӣ роҳ намедоданд. Шояд ҳамон руҳияи шарқӣ ва ғуломӣ бошад, ки касе ҳам ба тариқи кушод эътироз намекунад. Вақте кас ба шаҳрҳои Бишкек ва Алмаато сафар мекунад дар ҳайрат мемонад, ки чӣ гуна дар ҳар маҳаллаю микрорайон барои шаҳрвандон боғу гулгаштаҳои зебо бунёд намудаанд.

Иқлими гарм ва дар байни кӯҳҳо ҷойгиршавии шаҳр тақозои онро дорад, ки барои аз олудагӣ тоза нигоҳ доштани ҳаво, ҳарчӣ бештар кабудизоркунии маҳаллаю атрофи шаҳрро ба роҳ монем, зеро ки як гектар дарахтзор дар як сол то 4 тонна оксиген хориҷ карда, аз 4, 6 то 6,5 тонна гази карбонро фурӯ мебарад. Як гектар кабудизор бошад дар як соат ҳамон қадар оксиген хориҷ мекунад, ки он метавонад то 200 касро пура бо оксиген таъмин намояд.

Аз рӯи мушоҳида бисёре аз мардумони мо дараҷаи пасти маърифати экологӣ дошта, тафаккури шикампарастии онҳо ҳамеша аз ин боло меистад. Як сол қабл мо шоҳиди он будем, ки дар микрорайони 101 аввал трактор пайдо шуду аз қафои он ба мисли сарбозони қаторӣ як гурӯҳ табарбадастон якбора ба ҳуҷум гузашта дар як лаҳзаи кӯтоҳ бо суръати ғайричашмдошт қариб 50-60 дарахтро решакан карданд. Агар мардум бохабар шуда ҳай-ҳай намекарданд, онҳо ҳамаи дарахтонро бурида, атрофро ба харобазор табдил медоданд. Агар ин амал дар Русия ва ё дигар давлате такрор меёфт, ҳамаи ин табарбадастон ва омирони онон ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд. Охир, барои сабзонидани як дарахт 20-30 сол камӣ мекунад, ва дар баъзе давлатҳо барои буридани як дарахт ҷазои сахтарин муайян шудааст, вале беинсофҳои мо ба хотири нафси бади худ аз ҳеч чиз рӯй намегардонанд. Ҳол он ки дар шариати ислом низ буридани дарахти сарсабз гуноҳи азим маҳсуб мешавад.

Яке аз мушкилоти асосии Душанбе ин вазъи демографӣ мебошад, ки он ҳам аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва ҳам механикӣ дучанд афзудааст. Итминони комил дорем, ки новобаста аз ахбори оморӣ аҳолии шаҳр солҳои охир дучанд зиёд шудааст. Аксари аҳолии Душанбе иборат аз мардуми деҳот аст, ки баъди ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пойтахтро тарк намудани русзабонҳо ба шаҳр кӯч бастаанд. Серфарзандии ин оилаҳо (ҳар оила ба ҳисоби миёна аз 6 то 8 фарзанд доранд) боиси мушкилиҳои зиёди экологию иҷтимоӣ гардидааст. Махсусан, барои занҳои тоҷике, ки шавҳарашон дар мардикорӣ буда, тарбияи фарзандҳоро ба дӯш гирифтаанд, ниҳоят вазнин аст. Онон дар деҳа гову мол доштанд ва кӯдакон барои нигоҳубини онҳо ба оила кӯмак мерасониданд. Алъон ин оилаҳо дар муддати якчанд моҳ хӯроки гӯштиро истеъмол намекунанд, ки ин боиси лоғар ва минбаъд носолим афзоиш ёфтани фарзандон мегардад. Аз тарафи дигар дур будани падар яке аз омилҳои тарбияи дуруст нагирифтани кӯдак низ мегардад. Қисми зиёди ин зумра бачагон вақти худро дар кӯчаю бозор гузаронида бо ҳамсолони бадахлоқ ҳамроҳ мешаванд. Мо аксар шоҳиди онем, ки чунин бачаҳо бегоҳиҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар кӯчаҳо «сайр» мекунанд ва аз даҳони онҳо қабеҳтарин сухану дашном мебарояд. Аз рӯи мушоҳидаҳо дар 10-15 соли охир ин дашному суханҳои қабеҳ ба шакли эпидемия дар байни ҷавонон паҳн шудааст. Азбаски калонсолон ба ин рафтору гуфтор аҳамият намедиҳанд ва дар бисёр маврид гӯё намешунаванд, аз ин бачаҳо ҳаво гирифта касеро писанд накарда (ҳатто занону пирамардонро) дар кадом ҳолате, ки бошад ҳамоно ба дашном ҳарф мезананд. Дар мактабҳо ҳам ин рафторҳои ношоям роиҷ гаштааст ва муаллимон низ худро тавре вонамуд мекунанд, ки чизеро намешунаванд!

Албатта масъулияти падару модар ва омӯзгорон дар тарбияи фарзанд дар мадди аввал меистад. Вале кор тавре сурат гирифт, ки беҳтарин муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар солҳои бесарусомонӣ ва маоши ночиз мактабро тарк намуда ба мардикорӣ рафтанд. Ба ҷои онҳо аксар ашхоси бетаҷрибаю камдониш ворид шуда, ба хотири музди кам ба ришвахӯрӣ роҳ доданд, дониши хонандагон коҳиш ёфт. Дар натиҷа эътибори омӯзгор хело паст рафт. Донишҷӯёнеро дар мактабҳои олӣ вомехӯрем, ки ҳатто матни оддиро хонда наметавонанд! Пас бояд мо хулоса кунем, ки агар хонандаҳои мактаби миёна таҳкурсии дониш надошта бошанд, пас ҷомеаи мо ба куҷо меравад? Бисёр масъулони Вазорати маориф аз минбарҳои баланд оид ба пешрафту муваффақияти хонандагон сухан мегӯянду гапашон ба амалашон мувофиқат намекунад. Дар бисёр маврид дар мактабҳо ба ном аттестатсияи муаллимонро мегузаронанд, ки он ҳам рӯякию қалбакӣ анҷом меёбад.

Ба фикри мо барои аз ин вартаи номатлуб баромадан пеш аз ҳама обрӯю эътибори муаллимро чун дар замони советӣ барқарор намудан зарур аст. Барои омӯзгорон тамоми имтиёзҳоро муҳайё намуда, маоши онҳо то 5-6 баробар бояд зиёд карда шавад. Хуб мешуд, ки муаллимон аз дигар ноҳияҳо таъин шаванд, то хешу таборию хотирбинӣ камтар гардад. Дар мактабҳо бояд интизоми қатъӣ ҷорӣ шавад ва ба вайронкунандагони он чораҳои фаврӣ дида шавад.

Барои ба ин кори ниҳоят ҷиддӣ сафарбар намудани омӯзгорону волидайн лозим меояд, ки Ҳукумати шаҳр ва ноҳияҳо дар канор намонанд. Барои ба низом овардани интизом ва одоби ҳамида бояд ба таври ҳатмӣ тамоми филмҳои куштору зӯроварӣ аз Интернет-кафеҳо ва дӯконҳои мавҷуда несту нобуд карда шавад. Бисёр ҷиноятҳое, ки хонандагон ва ноболиғон содир мекунанд (чӣ тавре, ки дар мисоли давлати Амрико мебинем), маҳз аз ҳамин филмҳо сарчашма мегиранд.
Ба касоне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном медиҳанд, ҷарима дар ҳаҷми 500 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёд муқаррар карда шавад! Хуб мешуд, ки аз тариқи телевизион ба ҷои бисёр ҳофизони беҳунару консертҳои дилгир оид ба вазифаҳои шаҳрванд ва одоби инсонӣ намоишҳои пурмазмуну таъсирбахш бо иштироки олимону адибони шинохта ташкил карда мешуд. Азбаски имрӯз дар Душанбе ғайр аз хонаҳои баланди серошёна ва мошинҳои зиёд дигар ягон нишонаи шаҳр мушоҳида намешавад, аз ин рӯ беҳтар мебуд, ки агар аз тариқи телевизиони «Пойтахт» ҳамвора дар бораи чӣ будани шаҳр, одоби шаҳрвандӣ, нишонаҳои фарқкунандаи он аз деҳот ва дигар қоидаю расмияти шаҳрвандӣ намоишҳо муштарак мегардиданд.

Бисёр мушкилоти мавҷуда чӣ дар Душанбе ва чӣ дар тамоми кишвар аксар ба суръати баланди афзоиши аҳолӣ батагӣ дорад. Нисбат ба солҳои аввали таъсисёбии Тоҷикистон (солҳои 20-уми асри гузашта аҳолии он қариб 800 ҳазорро ташкил медод) аҳолии мамлакат 7 баробар зиёд шудааст. Ҳар фарде, ки соҳиби фарзанд мешавад, бояд дар назди Худованд ва ҷомеа масъулияти худро ба ҷо биёрад. Яъне бояд фарзанд солиму бардам ва соҳиби маълумот гардад. Таваллуди бенизом яке аз омилҳои асосии носолимии модар, фарзанд ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мегардад. Баъзе оилаҳоеро мебинед, ки бо вуҷуди камбизоатӣ дар сини 23-25 солагӣ аллакай соҳиби 6-7 кӯдак шудаасту модари фарзандон ҳамеша бо ранги зарду бемадор мегардад.

Дар замони советӣ сиёсати демографӣ ба зиёд намудани фарзанд модаронро ҳавасманд мекард ва ба модарони серфарзанд номи ифтихории «қаҳрамонмодар» дода, соҳиби имтиёзҳои давлатӣ ва кӯмакпулӣ барои ҳар фарзанд муайян карда мешуд. Аз рӯи нақли кӯҳансолон то замони советӣ барои оилаҳои ҷавон тарғиби тарбияи болои шир гузаронида мешуд ва фосилаи таваллуд аз 2,5 то 3 сол риоя мешуд. Яъне ин маънои онро дошт, ки дар ин муддат фарзанд аз шири модар баҳравар шуда, бардаму солим инкишоф меёфт ва модар низ дар ин фосила саломатии худро пурра барқарор мекард. Дар давлатҳои пешқадами исломӣ ба мисли Эрон, Арабистони Саудӣ ва ғайра оилаҳо 2-3 фарзандӣ доранд, ки ин барои тарбияи солим ва соҳиби маълумоти баланд шудан имконият медиҳад. Имрӯз мо шоҳиди он шудаем, ки чӣ дар Душанбе ва чӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бозори занҷалобону фосиқон хело васеъ шудааст, ки ҳар кадоми онҳо 4-5 зан дар ҳар кӯчаю барзан ва ё шаҳрҳои дигар доранд. Баъзеи онҳо аз ҳар кадом зан 3-4 фарзандӣ доранд ва инро нишонаи «мардигарию» сарватмандии худ меҳисобанд. Аввало ин ки ин қадар фарзандон ҳар яке ба меҳрубонии падар ниёз доранд ва оё ӯ ба тарбияи онҳо қодир аст? Ҳаргиз! Вай андеша намекунад, ки баъди чанд муддат ин фарзандҳо ба воя мерасанду ба чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Як марди соҳиби ду занро медонам, ки ҳар сари чанд вақт зани аввалааш аз деҳа бо 5 фарзанд омада (аксари онҳо дар тан либосҳои кӯҳнаю нимдошт доранд) ҷангу кашмокашӣ, «консерт»-у намоиши навбатӣ дар маҳалла барпо мекунад. Ин ба кӣ даркор! Дар байни мардикорон низ ҳодисаҳои номатлуб ба назар мерасад. Ҳатто баъзеи онҳо соҳиби 3-4 фарзанд ҳам бошанд, оилаю фарзандҳои худро ба ҳоли худ гузошта, ҳатто кӯмакпулӣ ҳам намефиристанд ба Руссия рафта аз нав зан мегиранду пас ҳоли зани бечораю бесавод ва ин фарзандҳо чӣ мешавад? Баъзе падарони ҷоҳил духтарҳоро хондан намонда, дар сини 15-16 солагӣ ба шавҳар медиҳанд.

Вақте нисбати зан ва модар баъзеҳо чунин рафторҳои ношоистаро раво мебинанд, мо ҳама бетараф меистем? Дар замони Шӯравӣ оё ягон миллати бегона ҷуръат мекард, ки ба зан ва ё духтари тоҷик ба чашми бад нигоҳ кунад? Бубинед чӣ қадар даллаҳою беномусон пайдо шуданд, ки духтарони тоҷикро ба миллатҳои ғайр мефурӯшанд! Ман мехостам аз баъзе нимчамуллоҳои бесаводу худнамо, ки гулӯ даронда ҳар замон Ҳукумати Шӯравиро барои либосҳои занона ва соҳиби маълумот шудани занҳо дашном медиҳанд, пурсам, ки чаро дар ин масъалаи доғу нанговар хомӯшанду лом-алиф намегӯянд?! Кани он ору номус, ки баъзеҳо аз минбарҳо кафк дар даҳон ҳарф мезананд? Яке аз мушкилиҳои дигари иҷтимоии ҷомеа ва пойтахти мамлакат ин сатҳи бекорӣ дар байни занон мардҳо мебошад. Ҳанӯз файласуфони замони қадим бекориро манбаи ҷиноят ва қашшоқӣ дар ҷамъият меҳисобиданд. Бартарии системаи сотсиалистӣ ва давлати Шӯравӣ аз айёми ташаккулёбии худ низ дар ҳамин буд, ки дар мадди аввал шиори асосии худро аз маҳви бесаводӣ ва барҳам додани бекорӣ оғоз намуд.

Сафи бекорон аз рӯи маълумотҳои мавҷуда ҳоло бештар аз 30% дар бар мегирад, ки ин яке аз сабабҳои деиндустрилизатсияю деурбанизатсия гардидани мамлакат ва дар оянда авҷ гирифтани ҷинояткорӣ мешавад. Ҳоло, ки қувваи асосии захираҳои меҳнатии ҷумҳурӣ берун аз марзи он ба нафъи дигар давлатҳо кор мекунанд, пас ба пешрафти иқтисодиёт умед бастан хело мушкил аст. Барои занҳои тоҷик дар ин ҳолат боз душвориҳои хело зиёд ба бор омадааст. Махсусан дар оилаҳои камбизоат занҳо ба кор ниёз доранд. Агар занҳо соҳиби маълумот ва ба ҷои кор таъмин мебуданд, шояд онҳо ҳеҷ гоҳ чӣ тавре дар боло гуфтем ба корҳои ношоям даст намезаданд ва шояд барои таваллуди бенизом низ роҳ намедоданд. Дар замони Шӯравӣ дар комбинати бофандагии Душанбе қариб 15 ҳазор занҳо кор мекарданд. Хуб мешуд, ки боз чандин корхонаҳои дигаре ки дар ҷумҳурӣ хусусӣ шудаанду ба мамлакат манфиат намеоранд, аз сари нав давлатӣ намуда, занҳоро ба ҷои кор таъмин карда мешуданд. Масалан, Ҳукумати Венесуэла бо сарварии президенти он Чавес барои он чунин маҳбубият дар мамлакат пайдо намуд, ки дар мадди аввал корхонаҳои асосиро миллӣ кунонида, мардумро ба ҷои кор таъмин кард ва аз ин ҳисоб маоши кормандони соҳаи тиб ва маорифро чандин маротиба зиёд намуд. Аз ин хотир оё хуб намешуд, ки дар Душанбе ба ҷои сохтмони хонаҳои бисёрошёнаи маъмурию истиқоматӣ (бо нархҳои хело гарону барои мардуми оддӣ дастнорас) сохтмони корхонаҳои меҳнатталабро ба роҳ монем то бекорон ҷои кор ёбанд?

Баъзе аз мансабдорони мо муҳоҷирати меҳнатиро барои Тоҷикистон ҳодисаи қонунӣ гуфта, бо дигар давлатҳои рӯ ба инкишоф дар як поя мемонанд. Вале онҳо як чизро намехоҳанд фаҳманд, ки дар он давлатҳо корхонаҳои саноатӣ қариб вуҷуд надорад ва аксар онҳоро давлатҳои аграрӣ меноманд. Дигаргуншавии иқлим ба соҳаи кишоварзии ин давлатҳо таъсири манфӣ расонид (махсусан, дар қитъаи Африка) ва он дар бисёр маврид боиси бекории одамон гардид. Ҷумҳурии мо бошад дар замони Шӯравӣ давлати индустриалӣ – аграрӣ ҳисоб меёфт ва саноати инкишофёфта дошт. Вале мо аз ӯҳдаи идоракунӣ ва таҷҳизонидану бо техникаю технологияи нав таъминкунии корхонаҳои муҳим набаромада, онҳоро «фурӯхтем» ва ба чунин аҳвол расидем.

Дар баробари проблемаҳои номбурда имрӯз дар пойтахти мамлакат ва ҷумҳурӣ боз дигар масъалаҳо низ ҳастанд, ки ҳал ва бартараф намудани онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа мебошад. Хело хуб шуд, ки сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ гардид. Вале боз хубтар мешуд, ки носкашӣ низ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тамоман манъ карда шавад. Охир вақте кас дар кӯчаҳои зебои маркази пойтахт қадам мезанаду ҳар ҷо туфи носро мебинад чӣ тавр табъаш хира нашавад! Ё ҳагоми кас дар ҳавопаймо мешинад, аз бую тафти носи ҷавонони тоҷик намедонад, ки худро ба куҷо занад.

Боре ба Алма-Ато сафар доштам, ки дохили онро беш аз 80 дарсад мардикорони тоҷик ташкил медоданд. Вақте ҳавопаймо ба осмон париду роҳи худро рост намуд аз пешхизмат пурсон шудам, ки ҳавопаймо дар кадом баландӣ парвоз дорад (ҳавопаймо аз ширкати давлати Қазоқистон буд). Вай ҷавоб дод, ки дар баландии 10 км ва ба ман суол кард, ки ман аз куҷо ва чӣ миллат ҳастам. Вақте гуфтам, ки тоҷик ҳастам вай каме табассум намуду гуфт: ширкати ҳавопаймои мо ба дигар давлатҳо ҳамеша парвоз дорад, вале вақте мо ба Душанбе ва ё аз он ҷо бармегардем то чанд мӯҳлат ким чи хел бӯй дар ҳавопаймо боқӣ мемонад. Рости гап суп-сурх шуда, чӣ гуфтанамро надонистам, ки дар ҳамин лаҳза, шахсе аз туалет баромаду бо ин баҳона сӯҳбати мо қатъ гардид. Ба фикрам вақти он расидааст, ки чун дар дигар шаҳру мамлакатҳо шиор партофта шавад: «Носкашӣ манъ аст», «Дар Душанбеи мо нос намекашанд». Агар имкон бошад ба вайронкунандагони тартибот ҷарима баста шавад. Он чӣ нанговар аст, ки ҳатто баъзе занону духтарон низ ба носкашӣ одат кардаанд.

Он чӣ нанговар аст, ки солҳои охир чизи ба халқи мо тамоман бегона – нашъамандӣ дар шаҳру деҳот бо суръат паҳн шуда истодааст.

Пӯшида нест, ки тамоми душманони Тоҷикистон дар як фронт муттаҳид шуда, мардуми моро ба нашъаҷалобӣ айбдор мекунанд. Хуб мебуд, ки агар ба ин мардони бешараф, ки номи неки тоҷикон ва таърихи ҳазорсолаи онро зери шубҳа мегузоранд, ҷазои сахтарин раво дониста шавад. Охир дар бисёр давлатҳои мутараққӣ (ИМА, Хитой, Таиланд ва Эрон) ба нашъаҷалобон ҳукми қатл бо намудҳои гуногун ба ҷо оварда мешавад. Масалан, дар Таиланд соли равон 325 кас ҳукми қатл гирифт. Дар ИМА ҳукми қатли нашъамандон ба шакли парондан, курсии электрикӣ ва солҳои охир бо тарзи инъексия (укол) ба ҷо оварда мешавад. Дар Хитой 1 марти соли равон аз тариқи телевизион қатли 4 нафар нашъаҷалобонро, ки боиси марги 13 маллоҳ гардиданд, намоиш дода шуд.

Дар Тоҷикистон нашъамандию нашъаҷалобӣ хело авҷ гирифтааст. Инҳо хуб медонанд, ки дар кишвари мо қонуншиканӣ хело зиёд аст ва бо ёрии хешу таборӣ ва ё пул дар каме мӯҳлат озод мешаванд. Махсусан, дар Душанбе сол аз сол зиёд гардидани сафи нашъамандон дар байни ҷавонони ноболиғ хатари ҷиддиро ба миён овардааст.

Аз он ки баъзеҳо шаҳри Душанберо деҳа мегӯянд хато намекунанд, зеро инро дар мисоли истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ – автобусу троллейбусҳо баръало дидан мумкин аст. Аввало ин ки ба ҷои кондуктор пулчинакҳои махсус аз ҷавононе ҳастанд, ки дар истгоҳхо ҳанӯз мусофирон ба нақлиёт ворид нагардида, аз гулӯ медоранду бо оҳанги қатъӣ «пула те», «ҳой хола», «ҳой таға» пула те! Аз тарафи дигар нақлиёти ҷамъиятӣ ба ягон қонуну қоидаи ҳаракати роҳ риоя накарда, ҳатто кадом кӯдак ҳам даст бардорад, албатта автобус ё троллейбусро нигоҳ медоранд. Ин корро онҳо ҳатто дар хиёбони ба номи Рудакӣ ҳамеша такрор мекунанд! Ҳоло мардум одат кардаанд, ба истгоҳ нарафта дар куҷо, ки хоҳанд троллейбус ва автобусро нигоҳ дошта савор шаванд. Пас ин истгоҳҳо бо хароҷоти калон барои чӣ ва барои кӣ сохта шудаанд? Бисёр вақт дар истгоҳҳо ронанда бо табъи дилаш чӣ қадар ки хоҳад троллейбус ё автобусро нигоҳ дошта, пулчинак бошад ба ҳар роҳгузар «эй хола, эй таға мерай биё!» Ҳатто дар сурати эътирози мусофироне, ки ба кор ё дарс дер мемонанд, ягон зарра ҳам эътибор намедиҳанд! Он чиз аламовар аст, ки касе ҳам ба ин ҳолату нороҳатиҳо эътибор намедиҳад ва шояд ин бепарвоӣ аз он бошад, ки мардум ба ин ҳолу аҳвол одат кардаанд.

Ҳангоми аз дигар шаҳрҳо баргаштан кас гумон мекунад, ки Душанбе ба занбӯрхонаи мусофиркашҳои таксӣ ва микроавтобусҳо табдил ёфтааст. Дар назди бинои «Садбарг», факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ, кӯчаи ба номи Ғафуров назди бозорҳо ва ғайра микроавтобусҳою таксиҳо далолбозорро ташкил додаанд. Ба сари ҳеҷ кас фикре намеояд, ки дар ин биноҳо мактаббачаҳо ва донишҷӯён дарс мехонанд ва мардум аз ин ҳаёҳуй ба дод омадаанд! Бачаҳое, кӣ ёвар, ёрдамчӣ ва ё пулчинаки ронанда мебошанд, аз чор тараф ба доду фарёд сар мекунанд: - Ҳой, ака! Ҳой, апа! Ҳой, хола! Кӣ ба Файзобод, кӣ ба Ваҳдат савор мешавад?! Кӣ ба бозори Саховат, ба бозори Корвон меравад? Марҳамат! Марҳамат! Ҳар яки он бо лаҳну овози ба худ хос кӯшиш мекунад, ки баландтар наъра занаду бо ҳар роҳ овози рақиби худро пахш кунад. Айнан ҳамин тавр доду фарёду ҳайёҳӯ дар дигар масирҳо низ дида мешавад.

Ҳарчанд ки дар бисёр қисматҳои асосии роҳҳои шаҳр гузаргоҳ ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта шудаанд, вале аксари мардум қоидаи роҳро риоя накарда, боиси садама мегарданд. Боре нашудааст, ки нозирони роҳ касеро дошта танбеҳ диҳанд. Аз ин хотир мардум бе ягон мамониат гурӯҳ-гурӯҳ оддитарин қоидаи роҳро риоя накарда аз ҷойҳои хавфнок мегузаранд. Ба гумонам агар мисли шодравон капитан Нуров 2 ё 3 нозири роҳ мебуд, дар шаҳр тамоми қоидаи роҳгардӣ ба дараҷаи олӣ риоя карда мешуд. Дар шаҳрҳои Алма-Ато, Маскав, Санкт-Петербург ва ғайра барои вайрон намудани қоидаи роҳ ҷаримаҳои баланд муқаррар карда шудааст ва қариб касе қоидаи роҳгардиро вайрон намекунад.

Дар бораи нозирони роҳ ва милиса ҳаминро бояд гуфт, ки дар шаҳр миқдори онҳо бениҳоят зиёд аст ва чӣ тавре мушоҳида мешавад аз ин шумораи зиёд ҳеч беҳбудие нест. Бинобар ин барои ҳавасманд кунонидан ва зиёд намудани ҳисси масъулияти кормандони ин соҳа лозим меояд, ки нисф ва ё чоряки шумораи онҳо ихтисор шавад. Аз тарафи дигар, ба зоҳир ва рафтору муомилаи ҳар нозир ва корманди милиса диққат додан лозим аст. Онҳо бояд ба ҳама ҳаракату рафтори худ намунаи ибрати аҳли ҷамъият бошанд. Дар бисёр давлатҳо кормандони ин соҳа аз аттестатсияи хеле ҷиддӣ мегузаранд ва ҳар яки онҳо бо назардошти қаду қомат, чолокӣ ва нерумандии ҷисмонӣ интихоб мешавад. Дар ҳақиқат агар корманди милиса неруманду тануманд набошад, на ҳар авбош ӯро писанд мекунад.

Масъалаи дигари ташвишовар ин ҳолати экологии пойтахт мебошад. Ҳавои гарми Душанбе онро тақозо мекунад, ки ҳамеша ба тозагӣ риоя намоем, зеро бо ин васила мо пеши роҳи бисёр бемориҳои сирояткунандаро гирифта метавонем. Махсусан, дар баъзе кӯчаҳо муддатҳои зиёд ғарам шудани ахлоту хокрӯбаҳо ва тафту бӯйи бад боиси ҷамъ шудани пашшаю калламушҳо мегардад. Мо шоҳиди он мегардем, ки бисёр шаҳрвандон сатили ахлотро ба кӯдакон бовар мекунанд ва онҳо дар ҳар ҷое, ки муносиб донанд, холӣ мекунанд. Ин боз як далели паст будани маърифати экологии мо мебошад.

Вақтҳои охир шиору рекламаҳо ниҳоят дар пойтахт зиёд шудаанд ва бо вуҷуди тағиби забони давлатӣ ва риояи тозагии он ҳар ширкату фирма чӣ ки хоҳад ҳамонро менависанд. Масалан, шиору рекламаҳои «Мо кушода шудем», «Аз паси тобон бош» ва ғайра. Номҳои мағозаву дӯконҳо низ хело масхараанд, ба мисол: «олами парда ва шелюзаҳо», «олами тиреза ва дарҳои пластикӣ».

Сари ин масъалаҳои номбурдашуда мехостам баъзе андешаҳоро иброз намоям.

1. Дар масъалаи танзими оила. Албатта ин маънои онро надорад, ки мо муқобили серфарзандӣ бошем. Оилаҳои зиёди бомаърифате дар мамлакат ҳастанд, ки онҳо соҳиби 7-8 фарзанд буда, аз ӯҳдаи тарбияю таълими онҳо ба хубӣ мебароянд. Вале дар маҷмӯъ бо сабаби камбизоатӣ, махсусан дар шаҳр бисёр оилаҳое ҳастанд, ки аз ӯҳдаи тарбияи фарзанд намебароянд ва бачаҳоро ба ҳоли худ вогузошта ба дуздию авбошӣ ва нашъамандӣ даст мезананд. Барои пешгирии ин аҳвол бо ширкати аҳли уламои дин, донишмандон, устодони донишгоҳ ва депутатҳои шаҳру ҷумҳурӣ бояд ба ҳукумат лоиҳаи қонунро оид ба танзими оила пешниҳод карда шавад.

1. Дар назди Вазорати меҳнат ва Вазорати корҳои дохилӣ гуруҳи махсусе таъсис дода шавад, ки онҳо шахсонеро, ки оилаю фарзандони худро партофта ба мардикорӣ мераванд зери назорат гирифта, дар сурати нарасонидани кӯмакпулӣ ба аҳли оила дар ҳамкорӣ бо органҳои дахлдори Руссия нисбати онҳо чораҳои фаврӣ андешида шавад (аз ҷаримаи калон то ҷавобгарии судӣ).

2. Ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ додан лозим нест, ки духтару занҳои ҷавон ба хориҷи кишвар барои мардикорӣ раванд. Зеро аксар онҳоро фиребгарону қаллобон ба доми худ гирифта ба савдо мемонанд. Бо дасти ин ҳаромкорон ҳоло дар давлатҳои Араб ва ҳатто Малайзия занҳои ӯзбаку тоҷик ба танфурӯшӣ машғуланд.

3. Барои боло бардоштани мақоми зани тоҷик бояд ҳукумати шаҳри Душанбе ва парлумони ҷумҳурӣ қароре бароранд, ки мувофиқи он хориҷиёне, ки аз Тоҷикистон мехоҳанд, зан бигиранд, ҳатман ба суратҳисоби ин зан на кам аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ (чӣ тавре ки дар Туркманистон чунин қонун қабул шудааст) ирсол намоянд. Зеро бисёре аз хориҷиён занҳои тоҷикро ба занӣ гирифта, баъди чанд мӯҳлат онҳоро аз хона пеш мекунанд ва дар танҳоию ғарибӣ маҷбур мешаванд, ки ба гадоӣ ва ҳар гуна корҳои номатлуб даст зананд.

Барои низоми ҷомеа ва пешрафти одобу ахлоқи мардум ва пеш аз ҳама ҷавонон саҳми телевизион хело бузург аст. Аз ин хотир бояд намоиши филмҳои хориҷии куштору зӯроварӣ, фаҳш ва дуздӣ, ки хоси ахлоқ ва анъанаву суннатҳои мардуми мо нест, тамоман манъ карда шуда, бештар филмҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватанпарастӣ тарғиб шаванд.
Мӯҳр
Салим
Эй садсола шавед устод! Дарди мардуми шахрро гуфтеду мондед. Ин Душанбе дар хакикат як кишлоки тайер шуда мондаги .. ду бино дар марказ сохта шудааст бо хамин ба фикрашон шахр обод кардаанд. .. Бекори дар шахр .. ду корхонаи хусуси месозанд танхо хешу таборшонро ба кор мегирнад.Хамон хам ду мох пас аз кор мемонад и все.. дар хусуси занхогири рост гуфтед устод. Гуе танхо Зайд се зан дошта бошад.. кадом хофиза е ракосаро пурсед зани дуюм е сеюми валон чиновник аст мегуянд.. умаман аламдорон зиед ..ташаккур устод.

устод Мухабатов дар хакикат мухабат доранд ба милату давлат хамин хел пешниход аст ки ягон касро норохат намекунад бехтарин

behtarin suxanhovu peshnihodho.ubaidulloev sar kun kori nakardagiatro barodar.in problemahovu peshnihodho ba hamai raisoni nohiyahovu shahrhoi tojikiston daxl dorad na fakat ba ubaiduloevu dushanbe.

Профессори боэхтиром!Ин суханони шумо ва соатхое,ки шумо барои иншои ин гуфтахо сарф кардед.афсус.ки барои чомеаи имрузаи мо намеарзанд.Ба хар хол хело дуруст мегуед шумо,ахсант ва ташаккур ба шумо,ки вокеан хам ба ин гуфтани ин масъалахо руирост омодаги кардед.Ман хам дар шахрхои Россия бисёр мегардам.Дар хакикат гоххо ба таачуб меоям,ки Россия бузургтарин мамлакати дунё аст.Аз чихати масохату иктдораш аввалин кишвари дунё мебошад.Чангалистону мавзеъхои анбухи растанихояш,набототу маргзорхояшро алохида бояд кайд кард.Гоххо ба худ савол медихам,ки дар чангалхояш хазорхо намуди дарахтонро вохурдан мумкин аст.пас оё имкониятхо магар набуду нест,ки дар кучахову шахрхо нихолхои сузанбаргу санавбар ё дуб(дарахти пахнбарги тутмонанд) ва мувофикро шинонанд.Рельеф(заминхои дохилишахри)ро асосан дарахтони хаданг(тополь) фаро гирифтааст.Хангоми фарорасии тобистон,дар хакикат дарахтхои хаданг,гозахо(пух)хои худро ба сару руи мардум мерезонанд.Мардум аз азоби аллергияи гози(пуховая аллергия),то хатто бистари хам мешаванд.Аз дигар тараф кабудизору корхои дарахтшинониву ва сабзонидани гулу алафзорхо дар Россия маблагхои нихоят калонро талаб мекунад.Аввалхои бахор муассисахои махсуси кабудизоркунандаву хизматрасонии ин сохахо гулгашту хиёбонхо ва кучахову майдончахои гашту гузор ва чойхои алохидаи рустаниву алафхои махсусро,таъмиру омода месозанд,гулхову нихолхои наву тозаро мешинонанд,обёриву нигоху бин карда,дар охири тирамох боз онхоро аз нав чамъ намуда,ба амборхои махсус мебаранд.Чи кадар кувваи кориву воситахои наклиёт ва ташвишхову тараддухоро дидан мумкин аст.Аз шахрхои бузург,мисли Москва ва Санкт-Петербург сар карда,то маркази шахрхои хурд ва хатто маркази нохияхои дехоти,чунин манзарахоро дидан мумкин аст.Холо дар солхои охир.мутахассисони дендорологии Россия,чунин маслихатхо медиханд,ки шохаву навдахои дарахтони хадангро тирамохон бурида партоянд,то,ки онхо дар аввалхои тобистон гозхои худро напазонанду мардумро норохат накунанд.Холо боз ба назар мерасад,ки охиста-охиста чои ин дарахтонро,нихолхои дигар гирифта истодаанд.Табиати Точикистон тамоман дигар аст.Хуб мешуд,ки нихолхои туту чормагз ва сузанбаргу санавбарро мешинониданд.Боки, профессори изатманд,табиати мардуми точик тамоман дигар шудааст.Суханхои шумо дар хакикат дурустанд...Имрузхо акнун аз точик буданам,фахри ман намондааст...Боз инак баъд аз мутолиаи навиштахои шумо.Душанберо нихоят дуст медорам.Лекин ман мухочири он шахр шуда наметавонам.Барои дар Душанбе зиндаги кардан,тарбияву маърифату хулку атвори душанбегиро доштан лозим аст.

Рахмат ба падарат Мухтарам Профессор. Дар мо корхона кушодем, 500 чои кори ташкил кардем гуфта, Чаноби Олира мебаран лентара мебура, дар телевизор нишон метан коргаро либосхои махсуси кори пушидаги кора огоз кардаян. Баъд ЧО супориш мета, ки боз дар давоми як соли дигар 200 чойи кории дигар ташкил мекунед. Рохбари корхона хуб шудааст мухатарам ЧО мегуяд. Бовар кунед аксарияташ дуруг аст, баъди 3-4 мох мерави дар хамон корхона нисфаша барои авлодош хонаи истикомати кардай, нисфи дигарашда ба гайри 2 саги посбон дигар паша пар намезанад. О то кай хаму ЧО-ра фиреб метан. Вай бечора кадоми шумора назорат кунад, корхои мухими давлатира назорат кунад ё хаму корхонаи дуруги кушодагии Шумора. Хулоса рохбарои мо чунон пурруст шуданд, кореро, ки дар назорати ЧО набошад, ку умуман на даст мезанад, на ичро мекунанд. Хай бародаро гуфтани бисёр асту метарсам, ки бефоида аст. Барои хамин дуо мекунем, ки Худованд риску рузии халки точика зиёда кунад. Боки дар амони Худованд бошед!!!

Ардашер
аз тариқи сайти " ОЗОДАГОН" ду маводи роҳҳои пешрави ва наҷоти миллатро хондам, яке мақолаи устод Умаров Ҳ. ва инак мақолаи беҳтарин аз профессор Муҳаббатов Холназар. Худо кунад, ки бидуни бахили пешниҳодҳои ҳакимонаи фарзандони фарзонаи миллат ба назар гирифта шавад вагарна дар ҷаҳолат солҳи дароз банд мемонем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)