Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Се тоҷир барои таҷдиди Масҷиди марказӣ 1 миллион додаанд

23 август 2013, 17:02

Се тоҷири маҳаллӣ барои таҷдиди Масҷиди марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион сомонӣ хайр кардаанд.

Атовулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тули чанд муддат аст, корҳои сохтмонӣ дар таҳхонаҳои Масҷиди марказии шаҳри Душанбе идома дошта, имрӯз 23-уми август, бо дастури Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии кишвар сохтмони бомпӯши масҷид низ шуруъ шуд.

Ба гуфтаи Қосимов тамоми хароҷоти таъмири таҳхонаҳо ва сохтмони болопӯши масҷид зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил дода, онро тоҷирони маҳаллӣ ба зимма гирифтаанд: “Таъмири таҳхонаҳоро ду нафар ва сохтмони бомпӯшро як нафари дигар аз тоҷирони маҳаллӣ ба уҳда гирифтаанд.”

Вале оқои Қосимов аз бурдани номи тоҷирони саховатманд худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ин бо хоҳиши худи онҳост, зеро чӣ тавре мегӯянд: “беҳтарин хайр ҳамонест, ки чун бо дасти рост диҳӣ дасти чап нашунавад ё набинад.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан муфтии Тоҷикистон аз намозгузорон даъват карда буд, барои болопӯши саҳни масҷид кумак кунанд: “Аз сабаби он ки саҳни масҷиди марказӣ болопӯш надорад, шумораи зиёди намозгузорон дар зимистон зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби гарм намоз мегузоранд. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, саҳни масҷидро, ки бисёр васеъ аст, болопӯш кунем. Агар нафароне, ки имкони кумак карданро доранд ва маслиҳатҳои муфид дода метавонанд, хоҳиш мекунем, дар ин кори хайр бетараф набошанд.”

Ҳар ҳафта ҳазорон сокини Душанбе барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказии пойтахт меоянд. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо ҳимояти қозиёти вақт бунёд ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 23 август 2013 17:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xudovand jazoi xairashon tiyad.xush ba holashon zaxirai oxirat mekunand.koshki man ham puldor mebudam.to kiyomat dar haki in barodaronu avlodu guzashtahoshon du rakat namozi tahiyai maschidu duoho ba xazinai oxiratashon meravad.aku hukumat ba in barodaroni tojir dar tijorat sabukiho tiyad hukumat ham dar savob kush meshavad inshoalloh.
Посух додан
  • Ватандор

  • 23 август 2013 20:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин чи гап аст ду руз шуд ки дар ТВ Сафина факат мардумро капида гумрох када ба зидди ХНИТ суханхои аламовар мезанан ки мо намехостем ва намехохем ки аъзои ХНИТ бошем ва хабар надорем . хукуматдорони мо фикр мекунанд ки бо ин корашон халкро бовар мекунанд . не ки халкам гумрох нест хамаро медонан ки дар Точикистон чи гапу хабар аст
Посух додан
  • МУСЛИМ

  • 28 декабр 2014 09:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Масчиди маркази бо талошхои зиеди шахсми мухтарам Турачонзода сохта Имруз бошад Саидмукаррам чавлон мезанад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!