Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

ИМА пойгоҳаш аз “Манас”-ро ба Кӯлоб мекучонад?

23 август 2013, 18:37

Мақомоти Қирғизистон тақдири пойгоҳи ҳарбии Амрико дар “Манас”-ро ҳал карданд. Он баста мешавад. Дар ҳамин ҳол, фармондеҳии низомии Амрико иттилоъ додааст, ки тасмим дорад, барои пойгоҳаш макони нав биҷӯяд. Миёни вариантҳо Актау ва Шимкенти Қазоқистон низ ҳаст, навиштааст "Курсив".

Ҷон Миллард, қумондони пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Қирғизистон дар мусоҳибае ба шабакаи телевизионии Pentagon Channel-и Амрико гуфтааст, онҳо хатми фаъолият дар минтақаро дар нақша надоранд, балки масъалаи “кӯчидан ба ҷои дигар”-ро баррасӣ мекунанд.

Ба навиштаи торнамои stanradar.com то 11-уми январи соли 2014 бояд тамоми музокироти лозима дар заминаи хатми фаъолияти пойгоҳи Амрико дар “Манас” ба анҷом расида, фасли тобистон амрикоиҳо Бишкекро тарк намоянд.

Пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Бишкек, ки баъдан расман Маркази ҳамлу нақл ном гирифт, моҳи декабри соли 2007 дар фурудгоҳи байналмилалии “Манас” таъсис ёфт ва то имрӯз барои интиқоли борҳо ба Афғонистон хидмат мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ дар ин марказ 1,5 ҳазор шаҳрванди низомӣ ва мулкии Амрико ҳузур доранд.

Ба қавли сиёсатшинос Қурбон Ювшанов Осиёи Марказӣ барои амрикоиҳо муҳим аст ва онҳо ҳатман барои дарёфти пойгоҳе, ки “Манас”-ро иваз кунад талош мекунанд, -хабар додааст манбаъ.

Шояд ИМА барои дар Қазоқистон мустақкар намудани пойгоҳи ҳарбияш талош намояд. Аммо низомиёни амрикоӣ ҳоло намехоҳанд, нақшаҳояшон дар мавриди эҳтимоли интиқоли пойгоҳро ошкор созанд. Шояд онҳо ҳанӯз умед доранд, ки мақомоти Қирғизистонро барои бозбинии созишномаи “Манас” розӣ мекунанд. Зеро ба иттилои манбаъ, изҳороти Ҷон Миллард баъдан аз торнамои расмии шабакаи Пентагон ҳазф шуд.

“Коршиносон таъкид мекунанд, ки амрикоиҳо якбора чанд вариантро дар Осиёи Марказӣ, ки метавонад пойгоҳи ҳарбӣ кӯч дода шавад, баррасӣ хоҳанд кард, аз ҷумла онҳо Актау ва Шимкенти Қазоқистон, Кӯлоби Тоҷикистон ва Тирмизи Узбакистонро дар назар хоҳанд дошт”,-навиштааст сарчашма.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
биеянд мархамат нури дида точи сар аз русо дида уно хубтаранд русо раванд мешавад сархалро ба амрико дихем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар амрикоиҳо ба Кӯлоб меомаданд, бисёр кори хуб мешуд. Он кишварҳое ки бо Амрико ва шариконаш ҳамкории наздик доранд, бисёр зуд рушд мекунанд. Ба шарте ирода, масъулият ва кӯшишу ғайрат зоҳир намоянд! Агар нуфуси пойгоҳ 1500 нафар бошад, 3000 мардуми Кӯлоб метавонанд дар он пойгоҳ бо ҷойи кор таъмин шаванд. Ғайр аз ин Тоҷикистон музди хубе низ ба даст меорад. Онҳо русҳо барин хиёнаткор нестанд, барои тину танга ҳафту ҳашт намекунанд. То ҳол ягон маротиба тоҷикон ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёҳ накардаанд. Бараъкс, пас аз Ирон дуввумин кишварест, ки ба мо ҳар сол бо ҳаҷми ҳангуфт кӯмаки башардӯстона мекунад. Ҳукумат ва масъулини низомии Тоҷикистон набояд ин имкониятро аз даст диҳанд. Дар муқоиса бо русҳо амрикоиҳо сад маротиба пешрафтаанд, аз ҳама ҷиҳат! Мо шоҳиди онем, ки ҳукумати Русия бо сад баҳона Тоҷикистонро ҳамеша мавриди фишор ва шантаж қарор медиҳад. Бо як кӯшиши ҷасурона бояд домани русҳоро сар дод. Пас, мебинем, ки дунё то чӣ андоза кушоду фароҳ аст. Фавран бояд бо амрикоиҳо музокираро оғоз кард. Ҳар сол 150-200 миллион доллар маблағи иҷораи пойгоҳ киро мекушад? Он гоҳ дар арсаи байналмилалӣ низ ҳомии қавӣ пайдо мекардем. Мо мехоҳем, намехоҳем, Амрико арбитри (довари) рақами 1 дунё аст! Ҳар чизеки онҳо хоҳанд, ҳамун мешавад. Агар мо аз ин имконият базудӣ истифода накунем, мебинедки, ҳамсоягон соҳиби ин луқмаи калон мешаванд. Вақте меоядки ҳукумати Қирғизистон аз ин тасмимаш, ки зери фишорҳои сиёсии Русия гирифта шудааст, сад пушаймон мешавад. Вақте пас аз ҳамроҳ шудани ду Олмон ва аз байн рафтани хавфи ҷанг дар Аврупо, Амрико ва Британияи Кабир пойгоҳи низомии хешро дар Олмон (ш. Франкфурти лаби Майн) бастанд, медонед, чӣ шуд? Чанд ҳазор олмоние ки онҷо кор мекарданд, бе кор монданд! Мо ба дӯст ва ҳамкори низомии қавӣ ниёз дорем, вале он дӯст бояд на фақат қавӣ, балки самимӣ ва содиқ низ бошад.
Посух додан
  • Хуршед

  • 24 август 2013 16:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гапи Чамшед чон дорад. Домони русиро бояд сар дод, зеро ки доим кидат мекунанд. Лекин Рус ба осонй моро сар намедихад. Барои хамин шарт гузоштан лозим, ки акалан 500 хазор мухочири кории точикро макоми шахрвандй дихад. Агар не, мо думи Амрикоро мегирем. Чумхуризои кучак хатман як хомии кудратманд бояд дошта бошанд. Давлатдорй сиёсатбозй аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кори хайр мешавад вахте, ки Америкоихо ба Кулоб биёянду боз Кулоба Штати 52 юми Амерко елон кунан Баъд мепурсан ай чои ма Кулобиканецум...
Посух додан
  • Сафар

  • 23 июн 2014 15:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Биёянд бисёр хуб аст,аз русхо барои мо ба чуз чанги андохтаи соли 1992 ва мардикории муфти точик дар ончо ва зуран гирифтани аксияхои НОБ-и Сангтуда дигар ягон фоидае нест
Посух додан
  • Мухаммад

  • 23 июн 2014 18:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан Бародарон ба фикри хаматон розиям Амрико бехтар аз Русиёх

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!