Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Ташна об хоб мебинад

24 август 2013, 10:56

Ҳумайрои Бахтиёр

Душанбе боз мизбони яке аз ҳамоиши байналмиллалӣ шуд. Наздики ҳазор коршиносу дипломат аз 90 кишвари ҷаҳон масъалаи обро мавриди баррасӣ қарор доданд. Масъалае, ки давоми даҳ соли охир яке аз мавзуҳои баҳсбарангез барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Душанбеву Тошканд мебошад.


Даҳсолаи об ба Тоҷикистон чӣ дод?

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 ба СММ пешниҳод дошт, то даҳсолаи “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” эълон гардад. Ин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд. Ҳамакнун наздики ҳашт сол мешавад, ки намояндагони кишварҳои дунё масъалаи обро матраҳ мекунанд. Вале ин ҳаштсола ба Тоҷикистон чӣ дод? Оё мо метавонем бигӯем, ки баъди эълони даҳсолаи “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” мушкили обу обёрӣ дар Тоҷикистон бартараф гардид ё то андозае коҳиш ёфт?

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ гуфт, ки феълан танҳо 58,5 дарсади аҳолии кишвар дастрасӣ ба сарчашмаҳои оби нушокӣ дошта, наздики 30 фоизи он дар шароити хуби санитарӣ қарор дорад. Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба самаранокии барномаи мазкур ба ширкатдорони форум пешниҳод дошт, то даҳсолаи дигари байналмиллалии “Об барои рушди ҳамкориҳо” эълон гардад.

Ҳарчанд Тоҷикистон аз ташаббускорони эълони даҳсолаи об мебошад, вале мушкилаш дар ин бахш кам нест. Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ барои истифодаи ин захираи табиӣ то ба имрӯз бо ҳамсояҳои худ ба мувофиқа нарасидааст. Ба таври ихтиёрӣ истифода накардани захоири табиӣ барои раҳоии кишвар аз бунбасти энержӣ яке аз мушкилоти рақами як барои Тоҷикистон мебошад.

Коршиносон бо ишора ба баҳсҳои Тоҷикистону Узбакистон атрофи истифодаи захоири обӣ мегӯянд, ки беҳтар мебуд, то Душанбе қабл аз матраҳ кардани ин масъала дар сатҳи байналмиллалӣ, бо Тошканд забон биёбад. Зеро баҳси ду ҳамсоякишвар то ҳадде авҷ гирифт, ки он дар минбарҳои байналмиллалӣ матраҳ гардид.

Баҳси Тошканду Душанбе дар мавриди истифодаи захоири табиӣ

Баҳси Тошканду Душанбе баъди эълони Тоҷикистон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи Роғун шуруъ шуд. Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун соли 2003 бо Русия қарордод баста, дар соли 2004 ин санадро ба хотири амалӣ нагардидани бандҳои асосиаш аз тарафи Маскав якҷониба лағв кард. Баъдан ҳукумати Тоҷикистон эълон дошт, ки нерӯгоҳи мазкурро бо сармояи дохилӣ ба истифода хоҳад дод. Ҳамин тавр соли 2010 маъракаи густардаи фурӯши саҳмияҳои Роғун оғоз гардид. Телевизионҳои Тоҷикистон ҳамарӯза аз фурӯши ин саҳмияҳо таблиғ мекарданд. Бо ин таблиғот мухолифатҳои Душанбеву Тошканд низ шурӯъ гардиданд.

Мақомоти Узбакистон аз “худсарона” тасмим гирифтани Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун шикоят карданд. Тошканд ба далели хатари ин пружа ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо намуд, то ин тарҳи энержӣ аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ мавриди санҷиш қарор бигирад. Нахуст Душанбе ба ин даъватҳои Тошканд чандон аҳамият надод ва фурӯши саҳмияҳои Роғун низ идома ёфт. Дар робита масъулини Узбакистон бо аризаи шикоятӣ ба созмонҳои байналмиллалӣ муроҷиат намуданд ва фурӯши саҳмияҳо низ дар Душанбе қатъ гардид. Билохира Узбакистон ба мутақоид сохтани ҷомеаи ҷаҳони аз хатари тарҳи Роғун муваффақ гардид. Инак се сол мешавад, ки дар нерӯгоҳи Роғун корҳои барқарорсозӣ идома дошта, Душанбе мунтазири посухи Бонки Ҷаҳонӣ аз натиҷаи ташхиси фаннии Роғун мебошад.

Тоҷикистон кишвари серобу беоб

Таҳлилгарон бо ишора ба ҳадаф расидани Тошканд мегӯянд, ки Душанбе дар масъалаи истифодаи захираи дохилии об қотеъона мубориза бурда натавонист. Ба гуфтаи онҳо чӣ гуна Душанбе имрӯз мизбони ҳамоиши байналмиллалии об аст, вақте мушкили дастрасии аҳолӣ дар бархе аз хонаҳои бисёр қабата ҳамоно ҳалли худро наёфтаанд. Масъалаи обёрӣ нагардидани заминҳои кишт дар Тоҷикистони кишоварзӣ ва умуман дастрасӣ надоштани аҳолӣ дар баъзе аз рустоҳои минтақа ба об яке аз мавзуҳои дигари баҳсбарангез миёни коршиносон мебошад. Таҳлилгарон бо ишора бо даъвоҳои бузургманишинии Душанбе мегӯянд, ки беҳтар мебуд агар масъулин қабл аз баргузории ҳамоиш дар чунин сатҳ мушкилоти дохилии худро бартараф намояд. Ба гуфтаи онҳо Тоҷикистонро лозим буд ҳадди ақал давоми ин солҳо низоми истифодаи обро ба танзим медаровард. Зеро овозаҳое ҳастанд, ки гуиё оби Тоҷикистон дар фасли гармо ба таври пинҳонӣ ва фасод ба баъзе аз кишварҳои ҳамсоя фурухта мешавад. Ҳарчанд ин фарзия расман аз ҷониби мақомот рад карда мешавад. Инҷо мо ҳоло ҳатто аз 50 дарсади мушкили таъмини аҳолӣ бо обро руйи қоғаз наовардем. Ғайришаффоф будани низоми идораи об, маҳдудияти дастрасӣ ба асноди зарурӣ дар ин робита, комилан бо об таъмин набудани аҳолӣ дар баъзе деҳаҳои Тоҷикистон, бо реҷа додани об барои сокинони пойтахт ва бо оби тоза таъмин набудани аҳолии кишвар аз ҷумлаи мушкилоти марбут ба дар Тоҷикистон мебошад. Бовуҷуди ин мушкилот ва даъвоҳои баргузории конфронсҳои байналмиллалӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон кишвари серобу беоб аст.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ТОЧИКИСТОНИ МО БОЯД ХАТМАН НБО-И РОГУНРО БА АНЧОМ РАСОНАД..!!! УЗБАКИСТОН БЕ ОБ МЕМОНАД ХЕЧ ГАП НЕ МЕТАВОНАД БА МОНАНДИ АРАБИСТОНИ САЪУДИ АЗ ФРАЦИЯ ОБ ХАРАД

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!