Бахшҳо

Имзои консепсияи ИНИТ ва баҳси бунёди НБО "Роғун"

Лоиҳаи консепсияи пешазинтихоботии Итиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба имзо расид.

Ин консепсия, ки баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо чанд рӯз қабл бо аксари оро қабул гардид, дар нишасти имрӯзаи ИНИТ 24-уми август бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт. То замони навиштани ин матлаб, зери он беш аз 35 нафар имзо гузоштанд.

Бархе аз иштирокдорони ҷаласа ба ин нукта ишора кардаанд, ки банди марбут ба НБО “Роғун” набояд аз консепсия ҳазф мешуд. Дар лоиҳаи аввалияи консепсия ба кор андохтани ду агрегати неругоҳи мазкур яке аз ваъдаҳои ИНИТ буд, аммо дар пайи тағиру иловаҳо ин нукта ҳазф шуд.

Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, ҳазфи банди марбут ба НБО “Роғун” кори нодуруст мебошад: “Дар консепсия ваъдаи таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ пайдо шуд, гӯиё ин нукта ҷои банди “дар зарфи чаҳор сол ба истифода додани ду агрегати “Роғун”-ро мегирифта бошад. Аз нигоҳи ман ин тағйирот ҷои аввалиро гирифта наметавонад. Ҳадаф аз бунёди “Роғун” танҳо таъмини аҳолӣ бо барқ нест. Зеро он дурнамои аз ин зиёдтаро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, баровардани банди дуюмӣ аз ин консепсия нодуруст мебошад".

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ низ дар таъйиди суханони Усмонов гуфт, азбаски масъалаи “Роғун” дар афкори ҷомеа ба як масъалаи калидӣ табдил ёфтааст, наметавон дар бораи он ҳарф назад: “Роғун, ин як масъалаи баҳси калидии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ин гуруҳе, ки ба интихобот меравад, наметавонад дар бораи қазияи “Роғун” ҳарф назанад. Ҳатман бояд бошад. Дар консепсия бояд шафоф гуфта шавад, ки “Роғун” яъне, чӣ?

Вале ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ҳазфи ин банд дар асоси пешниҳодҳои ироашуда сурат гирифтааст: “Дар аксари пешниҳодҳо ин масъала зикр мешуд ва дарк гардид, ки ҳамин банди таъмини аҳолӣ бо барқ ҷои банди “Роғун”-ро мегирад. Мо ин чизро бо хоҳиши худ накардаем. Дар ҷаласаи гуруҳи корӣ низ инро баррасӣ намуда, ба хулосае омадем, ки варианти дуюм беҳтар аст".

Аз сӯи дигар, Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик ва яке аз ҷонибдорони бардоштани банди “Роғун” мегӯяд, ҳазфи ин банд кори дуруст буд: “Дар давоми ду сол ба истифода додани ду агрегади Роғун имконнопазир мебошад. Дар дунё ду лоиҳаи бузург аст, ки бо гузашти қариб 40 сол сохта нашудааст. Яке аз онҳо “Роғун” мебошад. Соли 2006 вақте ман дар бораи Русал ва Роғун навиштам, гуфтам агар пои Бонки Ҷаҳонӣ ба Роғун халонда шавад, мутмаин бошед, ки он сохта нахоҳад шуд. Барои бунёди ин нерӯгоҳ дипломатияи пурқувват ё давлати қавӣ лозим аст, то аз мавқеаш дар баробари фишорҳои кишварҳои поёноб бидуни дудилагӣ пуштибонӣ кунад”.

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ин консепсия як ҳуҷҷати мухтасар буда, муфасалтари он дар барномаи номзад ироа хоҳад шуд: “ Дар аввал гумон мекардем, ки имкони ворид кардани тамоми омилони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ин консепсия вуҷуд дорад. Вале мутаассифона доираи хурди ҳуҷҷат имкон надод, ки ҳамаи андешаҳои худро дар он баён кунем ва ман фикр мекунам, ки тамоми андешаҳои мо дар барномаи номзад мавқеи худро пайдо хоҳанд кард.”

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини райиси ҲНИТ изҳор доштааст, ки ҷонибдорони ИНИТ имкон доранд, то замони пешбарии номзади ягона омада зери консепсия имзо гузоранд. Қарор аст, исми номзади ягона баъд аз санаи 17-уми сентябр эълон шавад.

Аввоили моҳи июл намояндагони аҳзоби сиёсӣ, коршиносон, ҳуқуқдонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешниҳоди номзади ягона ва ширкат дар интихоботи президентӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда буданд, ки баъдан Итиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ном гирифт.

Дар консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ аз ҷумла гуфта мешавад:

Санади мазкур дидгоҳҳои умумии ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳои аъзои ИНИТ дар бораи ояндаи Тоҷикистон мебошад, ки бояд меҳвари барномаи интихоботии номзади ягонаи он қарор бигирад.

I. Ислоҳоти конститутсионӣ

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, хусусан:

а) маҳдуд намудани муҳлати президентӣ ба ду чорсола ва тақсими салоҳиятҳои идораи давлат байни Президент, Сарвазир ва парламент;

б) боқӣ мондани Президент ҳамчун сарвари давлат ва гузоштани роҳбарии ҳокимияти иҷроия ба души Сарвазир;

в) гузаштан ба Парлумони якпалатагӣ бо таъмини намояндагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо (90 вакил + 60 вакил аз руйхати аҳзоб, ҷамъ 150 вакил);

г) ҳизби ғолиб номзадии Сарвазирро ба Президент барои пешниҳод ба Парлумон муаррифӣ мекунад. Дар сурати аксарияти овозҳоро нагирифтани ягон ҳизб, эътилофи аҳзоби парлумонӣ номзад ба мақоми Сарвазирро ба Президент муаррифӣ мекунад. Сарвазири интихобшуда аъзои ҳукуматро барои таъйид ба Парлумон пешниҳод менамояд;

д) интихобӣ будани раисони вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо;

е) интихобӣ будани судяҳои ҳама зинаҳои судӣ;

ж) интихоби раиси КМИР дар ҷаласаи Парламенти ҶТ бо пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ.

II. Ҳадаф ва принсипҳои асосӣ

Таъмини воқеии:

а) мардумсолорӣ ва баробарии ҳама дар назди қонун ва суд;

б) адолати иҷтимоӣ;

в) фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва хидматрасонии босифату баробари давлатии иҷтимоӣ барои аҳолии Тоҷикистон;

г) амали ҳокимияти давлатӣ дар асоси тақсими салоҳиятҳо байни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

д) фазои рушди соҳибкории хурду миёна ва муҳити солими сармоягузорӣ;

е) рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, озодии виҷдон, сухан, фаъолият, мусофират ва ВАО;

ж) шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳанда будани ҳама зинаҳои он дар назди ҷомеа;

з) тамомияти арзии кишвар.

III. Барномаи амалӣ

а) соҳаи иқтисод, иҷтимоиёт ва маънавиёт

- таъмини сиёсати солими кадрӣ, муборизаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ бар зидди фасод (коррупсия), маҳалгароӣ ва хешу таборчигӣ дар идораи давлатӣ;

- таъмини сиёсати рушди истеҳсолот, хусусан саноат, аз нав дида баромадани низоми андозбандӣ, боҷситонӣ ва гумрук ба хотири таъмин ва рушди шароити соҳибкорӣ ва истеҳсолот;

- аз нав дида баромадани сиёсати давлатии муҳоҷират ва таъмини сифатии он, бо таъмини авлавияти истеҳсолот ва эҷоди ҷойҳои корӣ бо маоши сазовор дар дохили кишвар;

- ба вуҷуд овардани фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои роҳандозии истеҳсолоти саноатӣ;

- таъмини пурраи аҳолии Тоҷикистон бо барқ;

- таъмини ҳадди ақали музди меҳнати баробар бо мизони сабади истеъмолӣ;

- таъмини хидматрасонии ройгон ва босифати тиббӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани кумакҳои тиббии имтиёзнок барои нафақахӯрон, маъюбон ва қишрҳои осебпазири аҳолӣ;

- таъмини назорати истифодаи грантҳо, кумакҳои башардустона, кредитҳо ва дигар қарзҳо;

- таъмини босифати рушди маориф ва бепул кардани низоми таҳсилоти ҳамагонӣ;

- бартарият додан ба самтҳои улуми дақиқ, таҷрибӣ ва технологӣ (на камтар 65%) дар низоми маориф;

- ворид намудани хидмати алтернативӣ дар артиш ва тадриҷан гузаштан ба артиши касбӣ;

- қотеъона даст кашидан аз пулакӣ кардани роҳҳо бе таъмини роҳҳои алтернативӣ;

б) соҳаи кишоварзӣ

- таъмини одилонаи ислоҳоти замин ва танзими ҳуқуқии заминдорӣ, хусусан дар муносибатҳои қарзӣ ва замонати бонкӣ, бо додани бартарият барои рушди соҳаи агросаноатӣ;

- ислоҳоти воқеии аграрӣ, хусусан дар соҳаҳои истифодаи замин, мелиоратсия, хоҷагии об, бо мақсади баргардонидани замин ва воситаҳои асосии кишоварзӣ ба деҳқонон ва соҳибкорон дар ин соҳа;

- таъмини имтиёзҳои мақсаднок ба кормандони соҳаи кишоварзӣ дар асоси озмун барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла озод кардани соҳа аз андозбандӣ;

в) соҳаи сиёсӣ, муносибатҳои давлат ва дин:

- эълони афви умум барои маҳбусони сиёсӣ ва афроде, ки барои андеша, ақида ва мавқеи сиёсӣ ё динӣ ҳабс шудаанд;

- аз нав дида баромадани қонунгузорие, ки боиси маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон гаштаанд;

- таъмини ҳуқуқи озодона муттаҳид шудан ва ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла динӣ;

- таъмини воқеии принсипи ҷудоӣ байни ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ.

г) соҳаи сиёсати хориҷӣ

- муайян ва мушаххас намудани бартариятҳои манофеъи миллӣ ва принсипҳои сиёсати хориҷии ҶТ бо давлатҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- бознигарии муносибатҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба хотири беҳтар кардани равобити дутарафа ва бисёртарафа, расидан ба низоми бидуни раводид (виза) бо ин кишварҳо, дастёбӣ ба тиҷорат ва ҳамкориҳои имтиёзнок байни Тоҷикистон ва ҳама кишварҳои минтақа;

- аз нав дида баромадан ва такмили қонунгузории ҶТ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ.

IV. Муқаррароти ниҳоӣ

а) Ин Консепсия барои як давраи 4 - солаи гузариш аз низоми авторитарӣ ба низоми воқеан демократӣ пешбинӣ шудааст, ки номзад уҳдадор мешавад, дар сурати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти ҶТ, онро амалӣ намояд;

б) агарчи Сарқонуни кишвар муҳлати президентиро 7 сол муайян кардааст, вале номзад ба президентӣ аз ИНИТ уҳдадор мешавад, ки барномаи давраи гузаришро дар муддати то чор сол анҷом дода, шароитро барои баргузории интихоботҳои озоду шаффофи парламентӣ ва президентӣ омода месозад;

в) Дар сурати Президент интихоб шудани номзади ИНИТ, номбурда ҳаққи пешбарӣ намудани номзадиашро ба мақоми президентӣ дар давраи навбатии пас аз чорсолаи гузариш, надорад;

г) Дар давраи гузариш Ҳукумат бояд аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳо ташкил шавад, ки авлавият ба ҷавонон дода мешавад. Ҳиссаи бонувон дар ҳукумати оянда на камтар аз чоряки аъзои он бошад. Инчунин, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар умум на бештар аз 40 дарсади аъзои ҳукуматро ташкил намоянд.

Мӯҳр
Самандар
Ягона мушкили Точикистон хамин барк аст. Агар онро хал карда натавонед, эътилофатон фоида надорад. Пароканда шавед. Монед хамин Эмомалй корашро кардан гирад. Худо хохад дар 7 соли оянда ду агрегати Рогунро ба кор медарорад.

Кор ин хел Шудагист.
Ислом Каримов ба хамшахриш яъне Зойиров гуфтааст, ки э бача чо кадести ту. Туям хамин масъалаи рогуна чо мекуни бардошта. Итари боша ман дига кати ту кор намекунум бас! Лекин нигохут кун!!!!!
Зоёиров гуфтай не Исломака хатман хал мекум. Ина дидем ки вес эътилоф задний ход. Карочи худаш маълум сарлашкар Зойирови узбектабор- элитахои сиёсию илмии точик аз кафош монанди пешина,,,,,,,,,

Бо арзи салом!
Бисёр хуб мешуд, агар дар интернет хам ба овоз гузошта мешуд!

Ozodagon
Konseptsiyai pesh az intikhoboit boyad bandhoi alohida dar borai wakolati Wiloyati Mukhtori Badakhshoni Kuhi muayan namoyad wa ba muhokima guzorad. Ba peshnihodi man inho bandho boyad muhokima shawand. intikhob namudani deputatho ba parlamenti jumhuri: yak deputat az yak nohiyai ma;murii Wiloyati Badakhshon, na az hisobi shumorai aholi. Baland bardoshtani wakolati namoiandagoni Majlisi wiloiati Mukhtori Badakhshon, be rozigii majlisi namoiandagoni wiloyat dakh nanamudan dar korhoi dokhili iloyat, muayan wa taqsim nanamudani teritoriya wa sarhad be rozigii namoiandagoni majlisi wiloiati wa dar territoriyai wiloyat naguzarondani amaliyoti harbiro.

КИРМОНШОХ
АФСОНАИ СЕСОНА СЕ МУРГИ ДАРИ ХОНА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)