Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:15

ҲНИТ аз мақомоти давлатӣ хотимаи фишорҳо ба ҳизбро талаб кард

24 август 2013, 12:10

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз “дахолати ошкори мақомоти давлатӣ” ба фаъолияти ҳизб, ки ба гуфтаи онҳо “ахиран дар маҳалҳо хеле афзоиш ёфта, тавассути шабакаҳои телевизионӣ мустақим намоиш дода мешаванд” нигаронӣ карда, онро мухолиф ба моддаҳои 14, 27, 28 ва 29-и Сарқонун ва моддаҳои 10 ва 15-уми қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” унвон кард.

Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини аввали раиси ҲНИТ, ки имрӯз 24-уми август зимни нишасти матбуотие дар қароргоҳои марказии ин ҳизб дар Душанбе дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, аз тарафи раҳбарияти ҳизб барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо миёни ҲНИТ ва қукумат талошҳо шудааст, вале мутаассифона бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ин ҳизб аз он варианти иштирокаш дар корзори интихобот, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтаи созишномаҳои соли 1997 пойбанд боқӣ монад, аз номзадии ӯ пуштибонӣ хоҳад кард, даст кашидааст. Зеро ба гуфтаи Ҳаит, бо вуҷуди ин тасмими ҲНИТ вазъ ҳамоно печида боқист: “Аз ин рӯ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ эълон кард, ки варианти аввал лағв шуд ва мо аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибоӣ нахоҳем кард.”

Масъулони ҲНИТ бо нашри баёнияе дар ин нишасти хабарӣ гуфтанд, “пӯшида нест, ки ташкили ин гуна барномаҳо дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз тарафи мақомоти марказӣ ва бар асоси “Протоколи 32-20” роҳандозӣ мегарданд ва ҳадаф бадномсозиву аз байн бурдани обрӯву ҳайсияти ин ҳизби сиёсӣ дар ҷомеа мебошад”.

Дар баёнияи ҲНИТ аз ҷумла гуфта мешавад, ки “барои афроди огоҳ маълум аст, ки даст задани мақомот ва ҳизби ҳоким ба ин гуна қонуншиканиҳо ба хотири тарсашон аз ҷонибдории мардум аз номзади ҲНИТ ва Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи қарибулвуқӯъи Президентӣ мебошад. Бинобар ин бо роҳи ворид намудани фишор, зӯроварӣ таъқибу таҳқир ва ҳатто ҳавасмандгардонӣ, ба фалаҷсозии ниҳодҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо рӯ овардаанд. Бояд ёдовар шуд, ки қабул ва хориҷ кардан аз узвияти ҳизб танҳо салоҳият ва вазифаи оинномавии ҳизб мебошад, вале мақомоти давлатӣ бо роҳҳои ғайриқонунии гуногун аризаҳои хориҷ шудан аз ҲНИТ-ро аз аъзои ҳизб мегиранд”.

Ҳамчунин дар идомаи баёния омадааст: “Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои ахир аз сафи ҲХДТ беш аз 20 ҳазор аъзои ин ҳизб бо ҷурму ҷиноятҳои мухталиф, аз қабили ришватситонӣ, дуздии моликияти давлатӣ ва сӯистифода аз мансаб барканор карда шуданд, ки дар ин бора шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои давлатӣ чизе намегӯянд”.

-Дар зимн бояд хотирасон кард, ки баъди рӯи даст гирифтани баъзе барномаҳо, роҳбарияти ҲНИТ ба хотири гуногунандешӣ ва бо дастрасӣ ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ВАО” ба роҳбарияти Кумитаи давлатии радио ва телевизион барои баёни воқеъият муроҷиат намуд. Вале мутаассифона ин дархост мавриди пазириш қарор нагирифта, ҳамарӯза нашри ин гуна барномаҳои “сиёҳкунии ҲНИТ” ва барангезандаи нофаҳмиву ихтилоф байни қишрҳои ҷомеа идома дорад. Роҳбарияти ҲНИТ ин иқдом ва амалҳои ғайриқонуниро шадидан маҳкум намуда, аз мақомоти давлатӣ хотима додани онро талаб менамояд, -гуфта мешавад дар баёнияи ҲНИТ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фозил

  • 24 август 2013 13:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Говзури ва буққагӣ болои мардуми худ яке аз методҳои аслии ба ном ҳукуматдорони ноӯҳдабаро аст. Солисан ин чи тари ҳукумати масхарабоз аст, ки протоколи махфии 32- 20 расонаи ва вирди забони кулли шаҳрвандон мебошад ва худ ин бемасъулияти , нишонаи заъифии давлатро таҷассум мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ма як чиза нафахидм чи гапай хдш МУХИДДИН КАБИРИ ай чи метарсида бошад то кай б гуфти худаш сабр мекунад ё ин кадар одамеки аъзои хизб ё тарафдори хизб меошанд хамаро фиреб доданд то ба кай хап меистанд аз барномахои додочонда тамошобини АХБОР бсёр шудааст чунки хатман ягон тахкири наве намоиш медиханд ё ин ки хамаи инхо хакикат доранд ки хама хомушанд.
Посух додан
  • Аббос

  • 24 август 2013 15:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости бисёр дардовараст, ки хукуматдорони мо худашон зиди сарконуни Точикистон ошкоро кор бурда истодаанд!!! ва дар намоишхои телеаизиони низ ин конуншиканихо нисбати як хизби сиёси дмда мешавд бисёр дарднокаст!!! Лекин афсус ки мардуми бечораи бесавод инро надониста ба конуншиканихои ин хукумати ноухдабаро бовар мекунанд!!! Бародарон ман худ шохидам ва медонам ки ин аз чониби худи хукумат аст ва он аризахое ки гуё ХНИТ мардумро мачбур ё ноогох ба хизб аъзо кардаанд комлан дуруг ва сохтакори аст!!! Агар хизби хоким онкадар хакикатчуй аст пас камбудихои худашонро ки аз дунё гузаштаат аз кабили порахури дузди беинсофи нисбати як нафари бегунох делаи чинои кушодан ва гайрахо магар инро мардум гуйё намедонанд номухтарам хукуматдорон!!! то ба кай ин сиёхкунии хамдигар давом меёбанд? Ё ин ки аз курсиятон тарсидестен, ки ХНИТ голиб меояду аз дасти шумо ришвахурхо ноком хама чизро мегиранд?!!! ба Худо касам аъзои ягон хизби сиёси нестам лекин боз мегуям ки ХХДТ ягон майда да унвонии худаш рафтор намекунад ва нахохад кард!!! Озодагон илтисо чопш кунед.
Посух додан
  • hisor

  • 24 август 2013 17:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in hizbi kabirivu zoirufa bo komandahoshon teztar nest kardan darkor..inho boz nooromi kardan mexohan.mo tarafdori tinjii vatan hastem boki hamaash meshavad.

govzurivu bukagarii hukumat naboshad dar yak ruz inho vatana dar shurish medozan.chi ija shahri bedarvozai ki dar xonaho jam shuda plan kashida xalka bar zidi hukumat mekunand?
Посух додан
  • дашти

  • 24 август 2013 17:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародаро ман шахсан на тарафдори ХНИТ ва на тарафдори хар гуна идеологияи хукмрон аз чумла идеологияи дини. Лекин хами корхое ки аз тарафи ВАО хукумати бар зидт нахзатихошуда истай дигар ба як масхарабози табдил шдай. Ман ба чо онхо ва ба чои ТВ шарманда мешавам ба Худо охи маълумай, ки як сохтаклори ва гайрпрофсонали
Посух додан
  • saida

  • 24 август 2013 18:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hukumatdoron namoned fitnavu janjol shavad kaped inho devona shudagi dollaro dida ba mo vatan lozim nainki kase puldor shavad
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саломат боши бародар Аббос ба суханхоят хамфикрам хоцат ба баён нест.
Посух додан
  • Ман.

  • 25 август 2013 20:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ХХДТ чуз порахури зиногориву шароб нуши. Золимиву бедоди ва беадолати дар ин давраи будубошаш чизи дигар накардааст ва нахохад кард. Чунки об аз боло лой мебиед. ХНИТ хизби адолатхох, мардумсолор, боадл, одил ва шахсони Худотарсу бовичдонанд.

Инро давлати демократи хукубунёд ва дуняви мегуянд Фишор овардан аз болои дигар хизбхои сиёси лату куб кардани намояндагони хизб ба прократура даъват кардани раиси хизб Инхо хамаш омилхои ношафоф гузаштани интихоботи дар пешистода мебошад

Эй х,укуматдорон фардо аз х,укумати кардаатон пурсида хох,ед шуд! Аз Худо тарсед!

Эй х,укуматдорон фардо аз х,укумати кардаатон пурсида хох,ед шуд! Аз Худо тарсед!
Посух додан
  • sardor

  • 26 август 2013 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мардумозорон дер ё зуд сарашона мехуранд, чуноне ки сохибдиле фармудааст:
Май бинуш мазхаб фурушу оташ андар Каъба зан!
Сокини бутхона бошу мардумозори макун!

Инхоро Худо мезанад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!