Бахшҳо
26 авг 2013 08:41Тоҷикистон / Сиёсат

(САДО) Қувватов ҳукми истирдодаш ба Душанберо рад кард

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” бо пахши як садо дар интернет аз охирин ахбори марбут ба қазияи боздошту истирдодаш иттилоъ дод.

Қувватов дар ин навор, ки шоми 25-уми август пахш шуд, изҳор медорад, ки айни ҳол дар Дубай қарор дорад ва аз он, ки гӯиё додгоҳи таҷдиди назар ҳукми истирдодашро баровардааст, расман ба ӯ касе хабар надодааст. Қувватов мегӯяд, давоми 4-5 рӯз бо касе иртибот надоштааст ва акнун бо фароҳам шудани аввалин имконият ин наворро пахш намудааст, то оммаро аз вазъи нигоҳдошт ва дидгоҳаш дар мавриди ҳаводиси ахири Тоҷикистон огоҳ кунад. Ӯ бар он таъкид дорад, ки мардуми Тоҷикистон бояд барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ талоши қотеъона кунанд.

САДОИ ПАХШКАРДАИ ҚУВВАТОВ ДАР ИНТЕРНЕТ

Николай Николайев, вакили мудофеи Қувватов, ки ин сабти аудиоиро пахш намуд, имрӯз, 26-уми август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то ҳол дар мавриди истирдоди Қувватов ба Душанбе ҳукми расмие мавҷуд нест.

Ин дар ҳолест, ки Анвар Қувватов, бародари Умаралӣ, қаблан иттилоъ дод, ки додгоҳи таҷдиди назари Дубай, ҳанӯз моҳи июл, бе ҳузури худи Умаралӣ қарори истирдодашро ба Душанбе бароварда буд.

Дар зимн як гуруҳ рӯшанфикрони тоҷик, 22-юми август, бо пахши як муроҷиатнома аз мухолифин ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон хостанд, ки алайҳи истирдоди Қувватов ба Душанбе садо баланд кунанд, чун муътақиданд, ки ӯро дар Ватан шиканҷа ва дигар бадрафторӣ интизор аст.

Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24” ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот афтод. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зиддунақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.
Мӯҳр
Шахриёр
Бародар ин записи аудиоат кати мардуми точика фиреб карда наметони мардум орому осуда зиндаги доранд намехоханд шумо баринхоро гуш кунанд. Дар хаки шумо хам хеч нафаре дуои хайр намекунад, баръакс Худовандро зора мекунем, ки аз ин бадхохон давлати моро нигох дорад. Шумо ва мисли шумо баринхо мехоханд бо он хочагонашон давлати орому осудаамонро нест кунанд, низоъ андозанд локин Худованд шуморо ба максадатон намерасонад иншоллох мардуми азияткашидаи точик намехоханд дигар садои тиру туфангро. Бас кунед кинаву адоватро, бубин ба кучохо гирифтор шудаи...

Хуршед
Шахриёр (шахтиёр!)
Ту аз номи халки точик гап назан!! Агар чашми дили ту нобино бошад, хама монанди ту нест!! Охир шароити Точикистонро мебинй!? Бубин зиндагй чихел душвор аст. Бубин кариб ду миллион мардуми бошарафи точик гуломи дари бегонагон шудаанд аз дасти ин касифхо!! Ё ту хам яке аз хапомхурхо хастй ва дар тагат мошинхои кимат дорй ва на парвои миллату ин дунё ва на парвои охират!! АЛЛОХ хидоятат еунад бародар шахрибеёр.Шахриёр,

Содик
Чаноби Умарали! Мо хама медонем, ки муассиси хакикии ширкатхои Точирон ва Фароз шумоед, локин фаромуш накунед, ки мо дар Точикистон зиндаги дорем. Дар кишваре, ки агар президенташ ба шаффофияти интихобот кафолат дихад хам Сарконунаш кафолат намедихад. Аз ин ру дар баррасии казияи Шумо низ адолат риоя нахохад шуд. Агар вокеан пул пешниход карда бошанд ба такдир тан дихеду пулро гиред ва тичорати навро кушоед, албатта на дар Точикистон, ки боз агар муваффак шавед аз дастатон мегиранд.

Карим
Шахриер ба фикрам худат бо хочагонат мардуми точика баин хол овардаед. Тичораташро аз худ карде бо хачаи калонат гурезонаш кардед боз вай гунахгор?

zik nashen barodaro hamin hafta ba dushanbejona miyoranush..yak kurtai chakan tayor kuned.raksi arabira yod giriftai.

Шахриёр
Карим,
Хуршед,
Риск аз чониби Худованд аст бародари азиз медонам, ки курсаводи, шароити Точикистон бехтарин шароит аст барои инсони солимакл, дар рохи рост мехнати халол куни иншоллох Худованд риската медихад. Бо Шумо бахс кардан хайф аст, барои мафкураи шумо пуч аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)