Бахшҳо
26 авг 2013 09:34Тоҷикистон / Тема дня

Худдории Эшони Нуриддин аз посухдиҳӣ дар “turajon.org”

Эшони Нуриддинҷон, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик аз оли Тураҷон, аз додани посух ба пурсишҳои корбарони сомонаи “turajon.org” даст кашидааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, яке аз бародарон, Тӯраҷонзодаҳо дар суҳбат ба “Озодагон” ин хабарро таъйид намуда, афзуд, ки ин тасмим аз ҷониби Эшони Нуриддинҷон дар пайи таҳрифи посуху аксҳояш дар бархе аз нашрияҳои даврӣ гирифта шудааст.

Эшони Нуриддинҷон тасмим гирифтааст, минбаъд ба суоли мухлисонаш танҳо мустақиман ҷавоб диҳад.
Эшони Нуриддинҷон, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик аст, ки то ҳол дар сомонаи хонаводагияшон “turajon.org” ҳамроҳ бо ду бародараш, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Эшони Маҳмудҷон ба пурсиши хонандагон посух медоданд. Айни ҳол дар ин торнамо танҳо ба Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Эшони Маҳмудҷон имкони додани суол боқӣ мондааст.
Эшони Нуриддин, 20-уми марти 1953 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи №9-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардааст.

Илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ меомӯзад. Баъд аз он, барои омӯхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мерос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирдӣ кашидааст.

Соли 1976 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (с) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (с) ҷоиз аст?» (соли 2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (соли 2003) таълиф кардааст.
Мӯҳр
Хуршед, Малайзия
Озодагон Худованд нигахбонатон бошад, чун дар вакти навиштани макола эхтироми Устоди азизро риоя кардед. Эшони Нуриддинчон пешвои мусалмонхои Точикистон хастанд ба истиснои як гурухи кучаке. Вакте ба зиёрат меравй валлохй як баракате доранд, ки ба инсон баръало намоён мегардад. Аллох маро бо Эшони азиз харш намояд илохй омин.

али
Сомонаи Озодагон Худованд шуморо нигах дорад чун дар бораи яке аз Олимони барчастаи дини мубини Ислом хабар додед ва месазад Эшони Нуриддинчонро барои пешравии чи чомеаи шахрванди ва чи барои дифоъ аз дини мубини Ислом истифода кард,чунки инхохам инсонанд омадану рафтан доранд лекин вакт мегузарад. Мутаасифона имруз як гурухи кучаке истфода аз ричагхои давлати ва амният истифода карда масчиди ин Олимро бастанд худо хорашон кунад,лекин ин иншоолох мувакати аст. Иншоолох ки агар як инсоне ЗАРРАЕ ЭМОН дошта бошад ин рохбарони золиму бединро алиш кунанд Худо хохад боз мардум аз ин бахр е укенуси илм ташнагии ИМОНИАШОНРО мешикананд. Худое дар мусофиратем ваъда кардаи ки дуои мусофир мустачот, мусалмононро ба ниятхояшон бирасон.

маълум ки бо ин тарик доллар чамъ карда намешавад боз даст ба гайбату лагандбардори мезанад

Аҳмад
Хуршед
Эшони Нуридинҷон устози шумо наинки устози Тоҷикистон мебахшед фикр карда нависед шумо ба эшон шокирди кардестен боқимондаҳо ҳам устоз доранд дигаронро мисли худат ба кашокаши надарор

SALOM BA HAM VATANONI AZIZ, MO BOYAD AZ OLIMHOI BOTAQVOI KISHVARAMON ITOAT KUNEM, AZ JUMLA E SHONI NURIDINJON VA DUBARODRI DIGARASHON. IN HO AZ JUMOLA HOLM HOYE HASTAND KI HAQIQATRO BAROI MO VASHUMO MEGUYAND, VAIFAIMO JIST? VAZIFAIMO IN HAST KI BOYAD AZ HAQ PAIRAVI BIKUNEM NA AZ BOTIL, INRO XUB BIDONEM KI HARKASE KI PAIRAVI BOTI HST , DAR RUZI QIYOMAT JAVOB XOHAD GUF.

риши дарози кариб ба по расида манои мусалмон буданро надорад. Маънии Ислом дигар аст

Star
Умар,
Хайрият ки гуфти вагарна намедонистем. Ташаккур! Бисер доно будаи!

асалому алайкум бобои ешон

Ман як суоли ғамгине дорам агар иҷозат фармоет бобо ешон

Абдуллохи Ансори
Ба хотири АЛЛОХ дустш медорм АЛЛОХ нигаш бдора

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)