Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:32

Бордюжа бо Раҳмон масоили амниятиро баҳс мекунанд

26 август 2013, 10:20

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), барои баҳси авзоъ дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, ба Душанбе омада, дар назар аст, ки масоили амниятиро бо мақомоти тоҷик баррасӣ кунад.

Тибқи иттилои манобеъ аз мақомоти қудратӣ интизор меравад, ки Бордюжаро дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур пазирад.

Қаблан Бордюжа оиди вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ изҳор дошта буд, ки бархе аз кишварҳои хориҷӣ талош мекунанд, дар Осиёи Миёна тавозуни ҳарбиро шикананд ва дар сиёсатҳои дохилию хориҷии минтақа шартҳои худро бор кунанд.

Дабири СПАД кишвареро ном набурда, таъкид намуда буд, ки то ҳол талошҳои зиёди бархе аз давлатҳоро сабт кардаанд, ки ба фаъол гардидани ҳаракатҳои эътирозӣ дар Осиёи Миёна равона шудаанд. Ӯ гуфт, кишварҳои хориҷӣ бо пуштибонии молӣ, иттилоотӣ ва ташкилӣ кӯшиш мекунанд ҳаракатҳои эътирозиро дар Осиёи Миёна фаъол намоянд.

СПАД як иттиҳодияи сиёсӣ-ҳарбист, ки баробари Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Белорусия ва Русия аъзои онанд ва ин Созмон кишварҳои узвро дар баробари таҳдидҳои хориҷӣ ҳимоят мекунад. Узбакистон узвияташро дар ин Созмон моҳи декабри соли 2012 қатъ кара буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!