Бахшҳо
26 авг 2013 11:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Судяи нав ба мурофиаи ду маҳбуси муттаҳам ба дуруғгӯӣ дер кардааст

Ҷониби мудофеи ду маҳбуси муттаҳам ба дуруғгӯӣ Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, бо нишони эътироз аз дермонии раисикунандаи нави парванда, Улуғбек Мустафоқулов аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ даст кашидаанд.

Ба гуфтаи ҳимоятгарон, баррасии парванда имрӯз, 26-уми август дар назар буд, аммо раисикунанда Мустафоқулов, саривақт ба ҷойи мурофиа, СИЗО-и Хуҷанд ҳозир нашудааст ва ин дермониро ҳомиёни маҳбусон нақзи ҳуқуқҳои худ ва зерҳимояҳояшон хонда аз иштирок дар мурофиа даст кашидаанд.

Инчунин Маҳмурод Ризоев, падари Сунатулло, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мо талаб дорем, мурофиаи додгоҳӣ дар толори суди Хуҷанд баргузор гардад, на дар СИЗО. Раискунандаи нави парванда Улуғбек Мустафоқулов ба мо гуфт, инро баррасӣ мекунад.”

“Агар дар толори судӣ мурофиаро баргузор накунанд ман боз ба зинаҳои боло муроҷиат мекунам. Мо намегузорем, ки мурофиаи судӣ дар боздоштгоҳ сурат гирад”-афзуд Маҳмурод Ризоев.

Маврид ба зикр аст, ки баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷо ба ҷокунии додрасҳо, судяи баррасикунандаи парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев низ иваз шуда, ба ҷои Мусалмон Шарипов, додраси дигари Хуҷанд, Улуғбек Мустафоқулов раисикунандаи парванда таъин шудааст.

Аммо дар аҳди раисикунандаи нав низ бори чандум аст, ки баррасии парванда ба таъхир гузошта мешавад. Ин ду маҳбус барои паҳни иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд.

Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори дурӯғин оиди шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.
Мӯҳр
дер мондани судя маънои онро дорад, ки мавсуф хануз дар баровардани хукм бо макомоти болои маслихат накардааст. Барои хамин хам адвокатхои мухтарам ин бехурмати нисбат ба шумо нест. ин "эхтиром" нисбат ба конун аст. Ин гувохи он аст, ки вокеан судяхои мо агарчи дар баровардани хукм мустакил набошанд хам, вале дар омаду рафт мустакиланд

Судя
Хукми ин дуро барои баъди интихобот мондаанд, то ба номзади ХХДТ таъсир нарасонад.

yak odama 5sol dodan avlodosh davo kardan ki mo rozi nestem ba in hukm..sud az sari nav shud in bor 8 sol dodan..xai guftan 5 sol makul naboshad mana 8 sol..bachashon gunahkoru boz davo mekunand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)