Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:38

Боздошти як гуруҳи ниқобпӯшон барои авбошӣ дар Рашт

26 август 2013, 12:09

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳ ҷавонони ниқобпӯш дар ноҳияи Рашт хабар медиҳад, ки меҳмонони як хонуми ҳамдеҳаашонро латту кӯб кардаанд.

Тибқи иттилои ВКД, боздоштшудагон, Деҳқонов Шарифҷон, соли таваллудаш 1993, Деҳқонов Хуршед, соли таваллудаш 1992, Зикиров Ҳабибулло, соли таваллдуаш 1990, Ҷононов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1990 ва Собиров Собирҷон, соли таваллудаш 1994, сокинони деҳаи Қаландаки ноҳияи Рашт, дар ҳамла ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ гумонбар мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, дастгиршудагон ниқоб пӯшида ба меҳмонони деҳаашон ҳамла кардаанд: “Аз ҷумла Ҷононов Рустамҷон, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Рашт ва Қаландаров Фирӯз Обидович, соли таваллудаш 1984, сокини ҳамин ноҳия ба мақомоти пулис муроҷиат намуданд, ки санаи 23 августи соли 2013 онҳо ба деҳаи Қаландаки ноҳияи Рашт барои харидани чорвои майда рафта, бо таклифи шиносашон Нозимова Моҳикалон Маҳмадиевна, соли таваллудаш 1979, ба хонаи ӯ, воқеъ дар деҳаи Қаландак, даромадаанд.”

Ба гуфтаи манбаъ ҳангоми ворид шудан, дар назди ҳавлӣ чанд нафар шахсони ниқобпӯш бо корд ва калтак ба меҳмонон ҳамла намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ онҳоро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рашт

  • 27 август 2013 09:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номи деха Каландак не Калъанак мебошад. Ислох кунед!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чи фарк дорад каландак ё калъанак? аз иваз кардани номхои дехоти рашт табиати мардуми рашт дигар намешавад. босмачи буданд босмачи хоханд монд. дар ягон давру замон мардуми ин махал барои ободонии Точикистон ходмат намекунанд. аз арабистон ки замоне рачим шуда буданд ва то хол худро сайид мегуянд. дарунсиёх ки буданд дарунсиёх хоханд монд.
Посух додан
  • в

  • 8 июл 2014 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сайчалоли мун,

Ту худат аз кадом нохия хасти? Нохияатро бигуй, ман хам дар бораи ки буданатон як-ду сатр ба маълумотат нависам. Аз афташ шаттаи гармихоро дурустакак хурдаи обиженный.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сайчалоли мун,
сайчалоли муни-.. аку мана гушкн!! Якумин котиби ЦКА дар Точикистон Гарми буд Нусратуллох Махсум ки айни хол дар 200сомона расми ин марди фарзона нашр шудааст... Як хидмате ки рахмати Нусратуллох Махсум барои милати точик кардааст на ту на 7 авлоди падарит кати 7 авлоди модарит накардаед ва наметавонед кард.. Анами Нусратуллохи Махсум буд бо хамрохии Шириншох Шотемуру дигар фарзандони фарзонаи ин имлат ки милати точика аз республикаи автономи Узбакистони халос кардану як чумхури нав сохтан ба номи Точикистон ки айни хол ману ту ва дигарон дар чунин мамлакт зиндаги дорем ва ахли башар моро хамчу точик мешиносад....Ин Нусратуллохи Махсум факат аз хазорон як Фарзанди водии раштаст ки барои ин халку ватан хидмат кардааст чун фарзандони ба ору номус дар водии Рашт бисеранд алхамдулиллах.... ба кавли руссо каждому дураку ясно барои чи ино шербачахо и ду нафара лату куб кардан.. Ин зан бе шахвар мардони бегонара ба хонааш овардаст ба фикрам як бор огх кардан нафахмид ана бад мурдани шатакаш карданшон хубшон кардан ба фикри ман ... САИДЧАЛОЛИ МУН учара Гарм меган дар у ватано шариат каму беш чори аст бо амри Аллох Зино карди шата мехури бо дар кор бошад мардуми хаму кишлоки Калъанак хаму занакара ё мачбур шахварш метан ё ай кишлок пеш мекнанша... Ма лично як сол шунидабдм ки дар яке аз нохяхо Рашт яъне Точикобод барои ки занхои бе шахвара ба зани бигиран барои Занхи бе шахвар замини назди хавлиги додабудан... Халки гарм мардуми мехмон навозай ва мардуми хушмуомилахай... Хамои чой хубу ганда дорад аз руи як нафар як кавма ташбех додан даркор нест Ман Гарми нестм барои мардумеки бо наган милатчиги дори ман тарафдори ягонагии милати Точик хастм

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!