Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:45

Нигаронии Убайдуллоев аз партовҳо дар Душанбе

26 август 2013, 12:52

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 26-уми август, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, таваҷҷуҳи зертобеинашро ба шикояти сокинон дар мавриди партовҳо ҷалб кардааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба тобеонаш дастур додааст, ки партовҳои сахти маиширо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо саривақт берун оранд. Убайдуллоев бо зикри шикоятҳои шаҳрвандон, аз фаъолияти корхонаҳои умури партовбарорӣ аз Душанбе интиқод карда, ба комиссияи махсуси шаҳрӣ супориш додааст, то масъалаи мазкурро зери назорат гирад.

Ба иттилои манбаъ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, инчунин масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, омодагии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба соли нави хониш ва тибқи анъаноти шаҳрдорӣ, ҳолати ба истифодадиҳии иншоотҳои мухталиф, ки аз рӯи нақшаҳои сохтмонӣ дар остонаи Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорияшон муқаррар гардидааст, баррасӣ гардиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!