Бахшҳо
26 авг 2013 13:42Қазоқистон / Иқтисодӣ

Ашқобод изҳороти Оқил Оқиловро дурӯғ хонд

Вазорати умури хориҷии Туркманистон бо пахши як изҳорот гуфтаҳои Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистонро, ки барои ҳифзи ҳосили кишоварзони туркман аз обанбори Норак имсол оби бештар раҳо шудааст, беасос хонд.

Вазорати умури хориҷии Туркманистон мегӯяд, ягон дархостеро барои раҳоии бештари об аз Норак ба Тоҷикистон ироа накардаанд. Мақомоти туркман таъкид мекунанд, ки ҳеч дастгирии обиро аз Тоҷикистон нагирифтаанд ва ҳосилоташонро ба шарофати сиёсати дурусти обёрикунӣ ҳифз кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, дар нишасти хотимавии конфронси об дар Душанбе, дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи об, Туркманистонро барои кишварҳои поёноби Осиёи Миёна ибратомез хонд, ки роҳи гуфтушунидро пеша кардааст. Ӯ мисол овард, ки ахиран мақомоти туркман дар муроҷиат ба Тоҷикистон фаҳмонданд, ки барои ниёзи хоҷагидорияшон ба оби бештар ниёз доранд ва ҷониби Тоҷикистон, оби бештарро аз “Норак” раҳо кард ва ниёзи ҳамсояашро баровард.

Оқилов дар пасманзари мавқеъгириҳои зӯргӯёнаи Узбакистон таъкид намуд, ки “Тоҷикистон сиёсаташро дар умури об на дар асоси мухолифатҳо, балки дар асоси якдигарфаҳмию муколама ба роҳ мондааст.” Сарвазири Тоҷикистон бо зикри он, ки дар кишвар нерӯи барқ намерасад ва хоҷагидорӣ дар сатҳи лозима фаъолият карда наметавонад, азхудкунии муштараки захираҳои бузурги обро зарур хонд ва такрор намуд, ки сиёсати Тоҷикистон ба зарари кишварҳои поёноб нигаронида нашудааст.
Мӯҳр
Мо дуруггуии на танхо Окилов, балки хама мансабдорони худро медонистем. Вале ба фикрам бори аввал аст, ки хоричиён Сарвазири моро ба дуруггуи муттахам мекунанд. Хайфи чунин вазир

исмоил
кати хами рохбаритону давлатдоритон шармандахои беномус дар дохил гапи ростда кор надоре о заруре дар адреси як давлати дигар дуруг меге. Агар номус доштабоше баъди хамин изхороти Туркман хам призиденту хам сарвазир ИСТЕФО тиен! Ин Зайд Саидовай ки тухматуш мекуне, як фоишара овардиян гуе соли 2008 тачовузуш кардай 2010 хомила шидай 2012 таввалуд кардай.

Ин чандумин иштибохи сиёсии командаи пришудаи президент дар ду хафтаи ахир аст. ватоев, Хликов ва холо Окилов. Ин маънои онро дорад, ки инхо хатто гапзада хам наметавонанд, чи расад ба ин ки давлатро идора кунанд. далелаш ин аст ки хамаашон пир шудаанд бояд раведу ба наберахоятон гуед, ки ба шумо суруди "додом шинад чой хурад, ман чойрезаки додомро" хонанд! Вагарна окибати ин иштибохоятон хам сари мардумро мехурад ва хам хукуматро!

али
Озодагон чи кадар мухаббате нисбати шумо пайдо кардаем шумохам охиста-охиста мисли Озоди шуда истодаед. ба нафси касе нарасидаем чаро матлабамонро чоп намекунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)