Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

Муҳаммад бин Ҳаммом дигар ба мавзӯи футбол дахолат карда наметавонад

25 июл 2011, 09:03

Кумитаи ахлоқи  федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Муҳаммад бин Ҳаммомро аз тамоми фаъолиятҳои марбут ба футбол то охири умраш маҳрум сохт.


Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки собиқ раҳбари конфедератсияи футболи Осиё бо иттиҳоми талоши харидории курсии раҳбари ФИФА зимни маъракаи интихоботӣ муҷрим шинохта шуд. Сомонаи «Р-Спорт» навиштааст, баррасии қазияи миллиардери 62-солаи Қатар ду ҳафта ҷараён гирифтааст.
Бин Ҳаммом аз рақиби ягонаи Зепп Блаттер дар интихоботи раҳбари ФИФА буд, ки авохири моҳи май баъди сару садоҳо атрофи ба ришвату фасод даст доштанаш номзадияшро бозпас гирифт. Ҳамааш баъди он сар шуд, ки матбуот перомуни мулоқоти Ҳаммом ва ноибрайиси собиқи  ФИФА Ҷек Уорнер бо 25 намояндаи Иттифоқи футболи Қариб  навишт. Тибқи маълумотҳо дар ин вохурӣ бин Ҳаммом бар ивази баргузидани номзадияш ба симмати райиси ФИФА ба онҳо 40 ҳазор доллар ваъда кардааст.

Дар изҳороти расмии сомонаи ФИФА  гуфта мешавад, ки бин Ҳаммом то охири ҳаёташ иҷозаи ширкат дар фаъолиятҳои ба футбол вобастаро чӣ дар кишвараш ва чӣ дар сатҳи байналмилал надорад.

Ёдовар мешавем, дар интихоботи берақиб Зепп Блаттери 75-сола бори чорум раҳбари федератсияи байналмилалии футбол шуд. Ӯ аз соли 1998 ба ин сӯ курсии раҳбари ФИФА-ро ҳифз кардааст. Қабл аз Блаттер ФИФА-ро Жоао Ҳавеланж 24 сол раҳбарӣ карда буд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!