Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:25

Навалний бо изҳори дустию ҳамдардӣ ба тоҷикон “виза” пешниҳод кард

26 август 2013, 15:06

Алексей Навалний, яке аз муддаиёни курсии шаҳрдории Маскав мегӯяд, тоҷикистониён омода аст, ба куллӣ барои муҳоҷирати корӣ ба Русия оянд.

Ин даъвогари курсии шаҳрдории Маскав гуфтааст, омадани тоҷикон на ба хотири фароҳам будани ҷойи кор дар Русия, балки далелаш мушкил будани зиндагӣ дар Тоҷикистон аст."

Ба гуфтаи Навалний, аз Тоҷикистон аслан мардуми деҳот ва қишри ҷавон ба Русия сафар менамудаанд: “Ҳоло 40 дарсади мардони то 40-солаи тоҷик дар Русия ба сар мебаранд. Азбаски системаи маорифи тоҷик рӯ ба таназзул овардааст, онҳо аз забони русӣ бехабар буда, танҳо барои иҷрои корҳои паст қодиранд.”

Навалний бар инаст, ки бояд фавран миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ карда шавад: “Бори дигар такрор мекунам, ки онҳо ба Русия танҳо ба хотири пайдо кардани ҷои кор намеоянд, балки ба хотири гурез аз зиндагии мушкил меоянд. Мушкилоти онҳоро дарк карда, бо изҳори ҳамдардӣ ба эшон, мо бояд бигӯем, ки бародарон мо наметавонем тамоми шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистонро ба Русия роҳ диҳем. Мо онҳоро хеле дӯст ва арҷ мегузорем, вале низоми раводид бояд ҷорӣ карда, як шумораи каме аз онҳоро ба инҷо роҳ диҳем.”



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мавлон

  • 26 август 2013 22:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар тахкири боадабонатар аз ин ёфт мешавад, ки ин мансабдори Рус гуфтааст. Магар кормандони сохаи маориф ва масъулини давлати ин суханонро намехонда бошанд?

Рост мегуяд. Аммо бояд мегуфт, ки ки точикхоро ба ин хол оварда расонд, русхо ё хукумате ки онхо сари кудрат оварданд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
навалний ба фикрам рус нест яхуди табор аст худаш мехмон аст оба лой карда мохи мегирад наход дар русия руси мири шахр мешудаги набошад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!