Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

Ҳушдори мушовири СММ аз пайомади маҳдудсозиҳои интернетӣ дар Тоҷикистон

26 август 2013, 15:58

Эммануел Лаллана, мушовири СММ оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз Филипин, ки барои чанд рӯз дар Тоҷикистон қарор дошт, барои ҳукуматдорони тоҷик зарур гуфт, ки аз масдудсозии шабакаҳои интернетӣ даст кашанду ба корбарии ин шабакаҳо оғоз намоянд.

Лаллана, ки дар ҳошияи як семинар дар дараи Ромит, дар мавзӯи «Медияи иҷтимоӣ барои рушд» суҳбат мекард, аз пайомадҳои манфӣ барои ҳуди масдудсозандаҳои интернетӣ ҳушдор дод. Ин коршиноси байналмилалӣ изҳор дошт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад, дар ҷараёни маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихобот дар Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд.

Эммануел Лаллана илова намуд, ки барои кишваре чун Тоҷикистон, ки нав рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, лозим аст, ки технологияи медияи иҷтимоиро бештар биомӯзад ва ҳукумат бояд тариқи шабакаҳо бо мардум табодули назар роҳандозӣ намояд: «Агар ҳукумат барои ҷалби мардум ба шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамият надиҳад, имконияти худро барои рушди иқтисодиёт кам кунад ва як рӯз не як рӯз мардум ҳаққашонро талаб мекунад, хостори тағйироту дастрасӣ ба чунин шабакаҳо мешаванд. Дар амалисозии барномаҳо ҳукумат метавонад одамҳои фарҳангиро тавассути медияи иҷтимоӣ ҷалб созад. Хусусан мавқеи медияи иҷтимоӣ дар дар тағйир додани раванди интихобот дар ҷои аввал қарор дорад ва инро таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон додааст. Агар хоҳем, ки медияҳои иҷтимоӣ ба интихот таъсир расонанд бояд ду чиз ба назар гирифта шавад, якум сатҳи дастрасии мардум бояд бештар карда шавад ва дувум тарзи дуруст истифода бурдани он ба роҳ монда шавад».

Эммануел Лаллана ҳамчунин қайд кард, ки зуд-зуд бастани сомонаҳои иҷтимоӣ дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ роҳи ҳалли масъала буда наметавонад ва ин кишвар набояд бо чунин кор одат кунад. Ба қавли ӯ, ҳар қадаре, ки ҳукумат ба бастани шабакаҳои иҷтимоӣ даст занад, ҳамон қадар мардум талош хоҳанд кард, бо ҳар роҳу восита вориди чунин шабакаҳо шаванду андешаи худро баён мекунанд.

Номбурда иброз дошт, ки бо истифода аз таҷрибаи баъзе кишварҳои пешрафта Тоҷикистон метавонад аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук бо коррупсия мубориза барад ва ҳамчунин дар дастрасии як қатор хизматрасониҳо ба мардум мусодат намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!